Рустами Эмомалӣ зимни ифтитоҳи телевизиони Футбол, акс аз бойгонӣ

Рустам Эмомалӣ шабакаи телевизюни “Пойтахт”-ро “Душанбе” номид

368
(Таҷдидшуда 20:28 28.03.2017)
Имрӯз сарпарасти шаҳрдории Душанбе Рустам Эмомалӣ бо имзои як қарор номи муассисаи давлатии "Телевизиони Пойтахт"-ро ба "Телевизиони Душанбе" тағйир дод
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Сарпарасти шаҳрдории Душанбе Рустам Эмомалӣ бо ворид намудани тағйирот ба қарори раиси шаҳри Душанбе аз 6-уми сентябр соли 2006 номи муассисаи давлатии "Телевизиони Пойтахт"-ро ба "Телевизиони Душанбе" тағйир дод.
Дар ин бора вебгоҳи расмии шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад.
Мӯҳр, сикка ва ҳуҷҷатҳои муассиса муфовиқи ин тағийрот дигаргун карда мешаванд ва байни расонаҳо ин хабар паҳн карда мешавад.
368
Барчаспҳо:
тағийри ном, "Телевизиони Пойтахт", Рустами Эмомалӣ, Тоҷикистон