Рустами Эмомалӣ, акс аз бойгонӣ

Шаҳрдори Душанбе ва сафири Узбакистон хостори густариши ҳамкориҳои миёншаҳрӣ шуданд

105
(Таҷдидшуда 14:20 13.04.2017)
Рустам Эмомалӣ ва Шоҳқосим Шоҳисмоилов роҳандозии парвозҳо миёни Душанбе ва Тошканд ва баргузории намоишгоҳи Узбакистон дар пойтахти Тоҷикистонро гомҳое устувор дар роҳи беҳбуди равобит миёни ду кишвар донистанд

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Дурнамои густариши ҳамкориҳои шаҳри Душанбе бо шаҳрҳои Узбакистон дар дидори шаҳрдори пойтахт Рустам Эмомалӣ ва сафири Узбакистон дар Тоҷикистон Шоҳқосим Шоҳисломов баррасӣ шуданд.

Бино ба гузориши дафтари матбуъотии шаҳрдории Душанбе, дар ин мулоқот роҳҳои рушду тавсеъаи равобиту ҳамкориҳои миёншаҳрӣ дар заминаҳои гуногун баррасӣ шуданд.

Рустам Эмомалӣ ва Шоҳқосим Шоҳисмоилов роҳандозии парвозҳо миёни Душанбе ва Тошканд ва баргузории намоишгоҳи Узбакистон дар пойтахти Тоҷикистонро  гомҳое устувор дар роҳи беҳбуди равобит миёни ду кишвар донистанд.

Дар ин дидор ҳамчунин ба ҳамкориҳо дар бунёди корхонаҳои муштарак дар бахшҳои мошинсозӣ, василаҳои техникӣ, афзорҳои хонадорӣ ва дигар риштаҳо таваҷҷуҳ шуд.

 

105
Барчаспҳо:
мулоқот, Шоқосим Шоисламов, Рустами Эмомалӣ, Тоҷикистон