Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲШ дар Остона

Сироҷиддин Аслов бо вазирони умури хориҷаи Қазоқистон ва Чин дидору гуфтугӯ кард

29
(Таҷдидшуда 14:26 21.04.2017)
Имрӯз дар пойтахти Қазоқистон шаҳри Остона нишасти Шурои вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ҳмароҳ бо ҳайъате баландпоя аз ин ниҳод дар нишасти Шурои вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой ширкат кард.
Ба гузориши дафтари матбуотии ВУХ Тоҷикистон, дар ин нишаст масоъили муҳимми минтақаӣ ва байнулмилалӣ, аз ҷумла пайвастани Ҷумҳурии Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Созмон, баррасӣ шуданд.

Вазирон дар боораи дурнамои ҳамкориҳо дар заминаи рӯёрӯӣ ба таҳдидҳову чолишҳое чун теруризм, ифротгароӣ, базаҳкории созмонёфтаи фаромиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, ҳамчунин таҳкими амнияти байналмилалии иттилоот ва вокуниш ба пешомадҳои фавқуллода табодули афкор карданд.

Сарони ҳайъатҳо таҳкими равобит дар заминаҳои тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи муҳити зист, илму фанноварӣ, варзишу гардишгариро аз муҳимтарин омилҳои рушди пойдори ҳамкориҳои кишварҳо донистанд.

Вазирон дар паи баррасии ин масоъил қарордодҳои марбутро низ имзо карданд.

Дар ҳошияи ин нишаст мулоқотҳои дуҷонибаи Сироҷиддин Аслов бо вазирони умури хориҷаи Қазоқистон ва Чин баргузор шуд.

29
Барчаспҳо:
иҷлосияи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲШ, ВКХ, Сироҷиддин Аслов, Осиё
Мужчина совершает молитву на кладбище

Даргузашти Гев Лоҳутӣ - писари Абулқосим Лоҳутӣ дар Маскав

660
(Таҷдидшуда 21:37 27.11.2020)
Гев Лоҳутӣ, фарзанди дуввуми шоири маъруфи тоҷик, хабарнигор, адабиётшинос ва узви Иттиҳодияи адибони Маскав аст

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Гев Лоҳутӣ - писари Абулқосим Лоҳутӣ даргузашт, хабар медиҳад рӯзномаи "Тоҷикистон" дар истинод ба Феликс Лоҳутӣ, писари Гев.

Гев Лоҳутӣ, фарзанди дуввуми шоири маъруфи тоҷик, хабарнигор, адабиётшинос ва узви Иттиҳодияи адибони Маскав буд.

Аз Абулқосим Лоҳутӣ ва Ситсилия –Бону чор фарзанд – Далер, Гев, Ҳотия ва Лайло тавлид шудаанд, ки як умр дар Маскав зистанд.

Гев Лоҳутӣ солҳои охир бемор буд ва дар садади навиштани китоби ёддоштҳо дар бораи падараш ба бемористон интиқол ёфт.

Гев, ки соли равон 83- сола шуд, нигаҳдорандаи бойгонии падар буд. Лайло Лоҳутӣ дар як суҳбат гуфта буд, ки сурудҳои дар асоси эҷодиёти падараш эҷодшуда дар хонаи Гев нигаҳдорӣ мешавад ва онҳо ҳар вақт онро мешунаванд.

Дар меҳмонии Лоҳутӣ ва Н. Махсум: сирҳои нуҳуфтаи тоҷикон аз “Хонаи назди соҳил”-и Маскав

Фелекс қаблан хабар дода буд, ки "Чанде пеш падарам баъзе матлабҳои солҳои пеш дар бораи бобоям дар рӯзномаҳо чоп кардаашро ҷамъ овард ва аз ман хост, ки аз онҳо нусха бигирам. Ӯ мехост, ки онҳоро дар китобе гирдиҳам оварад ва дар саҳифааш дар Фейсбук ҷой диҳад".

660
Медицинские работники в инфекционной больнице

Вазорати тандурустӣ омори нави марг, гирифторӣ ва шифо аз коронавирусро нашр кард

281
Дар як шабонарӯзи охир 41 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 11478 (95,0%) баробар гардид. Бар асари ин беморӣ 86 нафар фавтидаанд

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави марг, гирифторӣ ва шифо аз коронавирусро нашр кард.

Шабонарӯзи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 38 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд, зикр мекунад манбаъ.

Гуфта мешавад, дар маҷмӯъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то 27 ноябр 12082 ҳолатро ташкил медиҳад.

"Дар як шабонарӯзи охир 41 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 11478 (95,0%) баробар гардид. Бар асари ин беморӣ 86 нафар фавтидаанд", — афзудааст манбаъ.

36 кас мариз шуданду 42 тан шифо ёфтанд: омори коронавирус дар Тоҷикистон

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

 

 

 

 

281