Пешвоз

Пешвоз аз шоҳдухт Заҳро Оқохон дар Бадахшон

4660
(Таҷдидшуда 14:36 25.04.2017)
Шоҳдухт Заҳро Оқохонро дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ раиси ВМКБ ва дигар масъулини баландпоя пешвоз гирифтанд

ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Бомдоди 25 апрел ҳайъати баландпояи Котиботи Волоҳазрат Оқохон ба роҳбарии шоҳдухт Заҳро Оқохон ба маркази вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон — шаҳри Хоруғ ташриф овард. Дар ин бора сухангӯи раиси ВМКБ Нилуфар Асламшоева хабар дод.

Дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ меҳмононро роҳбарони вилояту шаҳр ва гурӯҳе аз хоруғиён истиқбол намуданд.

Дар назар аст, ки дар чорчӯби ин сафар шоҳдухт Заҳро Оқохон аз мавзеъи Лангар дар ноҳияи Ишкошим, Хидорҷев дар ноҳияи Роштқалъа ва Ғудара дар ноҳияи Рӯшон дидан намуда, бо барномаҳои Созмони тавсеъаи Оқохон шинос хоҳад шуд.

1 / 3
Пешвози шоҳдухт Заҳро оқохон дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ

Шоҳдухт Заҳро Оқохон дар сафари кории серӯза аз тарҳҳои Созмони тавсеъаи Оқохон (AKDN) дар заминаҳои фақрзудоӣ, тавсеъаи иқтисодӣ, рушди омӯзишу парвариш ва беҳдошту дармон дар Тоҷикистон дидан хоҳад кард.

4660
Мавзуҳо:
Боздиди шоҳдухт Заҳро Оқохон аз Тоҷикистон (5)
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Тағйироти кадрӣ бо 7 фармони Раҳмон: аз мақоми нави Давлаталӣ Назрӣ то сардори разведка

1410
(Таҷдидшуда 21:03 28.09.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз бо имзои 7 фармону як қарор дар сохтори Вазорати умури хориҷӣ ва Гвардияи миллии ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Бо фармони раисиҷумҳур, полковник Сатторов Ҳасан Мирзоевич сардори Раёсати разведкаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур бо фармони раисиҷумҳур аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон озод гардида, бо қарори Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмиллалии наҷоти Арал таъйин шуд.

Бобокалонзода Луқмон сафири нави Тоҷикистон дар Ҳиндустон таъйин гардид.

Холбобоев Файзулло Самадович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Украина озод гардида, ба ҷои ӯ Назризода Давлаталӣ Ҳайдар, сафири Тоҷикистон дар Украина таъйин шуд.

Имом Шарофиддин Зуҳуриддинзода бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон озод карда шуд. Шарифӣ Саъдӣ сафири нави Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таъйин гардид.

1410
Тонущий человек, архивное фото

Корманди БДА дар Суғд донишҷӯдухтарро аз худкушӣ наҷот дод

674
Раҳматзода Даврон, муовини сардори Бозрасии давлатии автомобилии Суғд ҳамин чанд лаҳза пеш бо иҷрои як амали фаврии худ, аз худкушии як донишҷӯдухтар дар Сирдарёи Хуҷанд пешгирӣ кард

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Чанд нафар аз шоҳидони ҳодиса ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳудуди як соат пеш як донишҷӯдухтари тақрибан 18 - сола ба қасди худкушӣ худро аз болои пул ба дарё сарозер намудааст.

Раҳматзода, ки ин ҳангом барои иҷрои вазифаҳои хидматӣ аз болои купрук мегузашт, манзари ғарқшавиро дида, фавран бо қаиқ ба маҳалли ҳодиса шитофта, донишҷӯдухтарро, ки дар ҳоли фурӯрафтан ба коми дарё буд, ҳамроҳ бо кормандони ситоди ҳолатҳои фавқулода аз об зинда берун кашидаанд.

Фахриддини Аваззод, корманди БДА Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ба маҳзи кӯшиши ҳамкораш Раҳматзода ва кормандони КҲФ дар Суғд, он духтарча аз вартаи худкушӣ раҳо шудааст.

"Агар Раҳматзода ва кормандони КҲФ фавран ба қаҳри дарё намерасиданд, шояд ин донишҷӯдухтар ба ҳалокат мерасид. Худоро шукр, ки зинда монд ва аз ғарқшавӣ наҷот дода шуд”, - иброз намуд, Аваззод.

Ба иттилои манбаъ, зимнан донишҷӯдухтарро ба Бемористони шаҳрии № 1 Хуҷанд интиқол додаанд ва баъди пурра ба худ омадан аз вай сабаби даст ба чунин амал заданашро пурсон мекунанд. Дафъаҳои охир хабарҳо дар бораи даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон дар руду обанборҳо зиёд ба нашр мерасад.

"Кӯмак кунед, кӯмак кунед": як ҷавони тоҷик дар Русия ғарқ шудааст

Субҳи имрӯз, дафтари матбуоти КҲФ Тоҷикистон аз дарёфти ду ҷасад аз дарёи Вахш хабар дод. Бар пояи эълони КҲФ зани 31 - солаи сокини ноҳияи Ёвон рӯзи 27 сентябр ҳамроҳ бо духтарчаи 9 - солааш дар дарёи Вахш ғарқ шуд.

674
Барчаспҳо:
донишҷӯдухтар, ғарқ, Суғд