Доллар, акс аз бойгонӣ

Сармоягузории 200-милюндулории Арабистони Саудӣ дар сохтмони Маҷлиси Тоҷикистон

81
Сохтмони нави давлатсаро ва маҷлис дар Душанбе дар замине аз майдони “Дӯстӣ” то меҳмонхонаи “Тоҷикистон” сохта хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 2 мая — Sputnik. Арабистони Саудӣ дар сохту сози сохтмони Давлат ва Маҷлиси Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 200 милюн дулор сармоягузорӣ хоҳад кард.

Бино бар иттилои хабаргузории ТаджикТа, ин малбағ воми бебозгаштест, ки давлати Подшоҳии Арабистони Саъдӣ ба давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад дод.

Ёдовар мешавем, ки сохтмони нави маҷлис дар шаҳри Душанбе дар ҷои Вазорати кишоварзӣ, шаҳрдории Душанбе, сафорати Эрон ва якчанд сохтмонҳои маскунӣ сохта мешавад.

Ин сохтмон дар минтақае аз чорроҳи кӯчаҳои Теҳрон ва хиёбони Рӯдакӣ (майдони Дӯстӣ) то чорроҳи хиёбони Рӯдакӣ бо кӯчаи Шоҳтемур (ҳудуди миеҳмонхонаи "Тоҷикистон") сохта хоҳад шуд.

Дар бораи он, ки Арабистони Саудӣ барои Тоҷикистон парлумон месозад моҳи январи соли 2016 ҳангоми сафари кории раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Арабистони Саудӣ  маълум гардид.. Аммо маблағи сармоягузорӣ ба наздикӣ аниқ шуд.

81
Барчаспҳо:
бинои парлумон, сармоягузорӣ, Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон