Дидори донишомӯзони Кӯлоб бо қаҳрамони ҶБВ-Шарипов Ғулом

© Фото : пресс-служба президента РТДонишомӯзони тоҷик
Донишомӯзони тоҷик - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шарипов Ғулом иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошад. Ӯ ба донишомӯзони шаҳри Кӯлоб дар бораи қаҳрамониҳои худ дар ҷабҳа нақл кард

ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Бино ба итилоъи равобити умуми вазорати фарҳанги ҶТ дидори донишомӯзони шаҳри Кӯлоб ба муносибати 72-юмин солгарди "Рӯзи Пирӯзӣ" бо собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар китобхонаи вилоятии ба номи С. Айни баргузор гардид. 

Дар вохӯрӣ Шарипов Ғулом — иштирокчии ҷанги дуюми ҷаҳон ва роҳбари  Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Кӯлоб Қурбонов Асадулло ширкат доштанд.

Меҳмонон аз хотироти давраи ҷанг ва баъди ҷангии хеш ба иштирокчиёни ҷавони чорабинӣ нақл намуданд. Донишомӯзон дар навбати худ шеъои азбаркардаи хужро қироъат намуданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ба хонандагони фаъол ва меҳмонон туҳфаҳои хотиравии Китобхона тақдим карда шуданд.

© Фото : Аз равобити умуми вазорати фарҳанги ҶТВохӯрӣ бо собиқадорони ҶБВ
Вохӯрӣ бо собиқадорони ҶБВ - Sputnik Тоҷикистон
Вохӯрӣ бо собиқадорони ҶБВ

Лентаи хабарҳо
0