Ҳанги ҷовидон дар Душанбе

“Полки ҷовидон” дар Душанбе бо иштироки 400 нафар баргузор шуд

70
(Таҷдидшуда 14:00 09.05.2017)
Бештари иштирокдорон ба хотири гиромӣ доштани ёдбуди газуштагонашон, аксҳои онҳоеро, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва баъди Ғалаба ба ҳалокат расидаанд, бо худ оварданд

ДУШАНБЕ, 9 мая — Sputnik. Новобаста аз он, ки ҳукумати кишвар баргузор кардани "Ҳанги ҷовидон"- ро дар шаҳри Душанбе манъ карда буд, зиёда аз 400 нафар имрӯз дар  гузашти "Полки ҷовидон"  дар пойтахт ширкат варзиданд.

Ташкилунандагони ин чорабинӣ қайд мекунанд, ки Иттиҳоди ҷанговарон- интернатсионалистони Тоҷикистон хостанд ба монеаҳо нигоҳ накарда, ин саҳмияро баргузор кунанд.

Иштирокдорон мехостанд хотираи гузаштагони худро пос доранд, барои ҳамин ба "Ҳанги ҷовидон" бо аксҳои пайвандони худ, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва баъди Ғалаба ба ҳалокат расидаанд, ҳозир шуданд.

"Полки ҷовидон" аз майдони Ғалаба сар карда, то "Боғи ғалаба" як соату си дақиқа  роҳпаймоӣ кард. Дар "Боғи ғалаба" иштирокдорон дар назди оташи ҷовидон  ва Ёдгории қурбониёни Ҷанги бузурги Ватанӣ гулдаста гузоштанд.

Пештар Оҷонсии иттилоотии "Ховар" дар бораи баргузор кардани "Ҳанги ҷовидон" вокуниш нишон дода буд, ки ин гуна чорабинҳо  хилофи арзишҳои исломӣ мебошанд.

Инчунин, оҷонсӣ қайд карда буд, ҷанг дар наздики сарҳади Тоҷикистону Афғонистон имконият намедиҳад, ки аксияҳои иловагӣ баргузор карда шаванд.

70
Барчаспҳо:
"Ҳанги ҷовидон", Иттиҳоди ҷанговарон- интернатсионалистони Тоҷикистон, ҷанговарон, Душанбе, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
"Ҳанги ҷовидон" дар Тоҷикистон: ёде аз ҶБВ (21)