Бинои 9-ошёна адр шаҳри Хоруғ

Нахустин сохтмони нӯҳошёна дар Хоруғ ба баҳрабардорӣ расид

432
(Таҷдидшуда 14:11 16.05.2017)
Нахустин сохтмони нӯҳошёна дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон имрӯз дар шаҳри Хоруғ ба баҳрабардорӣ расид.

ДУШАНБЕ, 16 мая — Sputnik. Дар ин сохтмон хонаводаҳое манзил гирифтаанд, ки дар ҷойи хонаҳояшон ду сохтмони 12-ошёна ва як сохтмони 16-ошёна, театр ва бонкҳои нав сохта хоҳанд шуд.

Бино ба иттилоъи сухангӯи раиси ВМКБ Нилуфар Асламшоева, ин сохтмонро раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдат ба хоруғиён ҳадя карда аст.

Раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед дар маросими ифтитоҳи ин сохтмон гуфт, ки он туҳфаи саривақтист, чун камбуди манзил дар вилоят ва бахусус дар шаҳри Хоруғ яке аз мушкилоти асосӣ аст.

  • Ба истифода додани бинои 9-ошёна дар Хоруғ
    Ба истифода додани бинои 9-ошёна дар Хоруғ
    © Фото: Из личного архива Нилуфар Асламшоевой

1 / 4
© Фото: Из личного архива Нилуфар Асламшоевой
Ба истифода додани бинои 9-ошёна дар Хоруғ

Корҳои рангуборкунӣ ва васлу насб дар ду сохтмони дигари ҳамшафат идома дошта, дар назар аст, ки дар остонаи таҷлил аз 20-умин солгарди Рӯзи Вахдат ба баҳрабардорӣ хоҳанд расид.

432
Барчаспҳо:
аввалин 9-ошёна, Шодихон Ҷамшед, Хоруғ, Тоҷикистон
Мавзуъ
Дар кӯчаҳои Хоруғ ҷевонҳои китобдор ва барқдиҳанда пайдо мешаванд
Сангрезиш чанд рӯз боз роҳи Хоруғ - Ишкошимро бастааст
Сангрезиш дар Хоруғ мардумро аз хонаҳо гурезонд