Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Раёсати амнияти миллии Афғонистон мулоқот кард

Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Раёсати амнияти миллии Афғонистон мулоқот кард

47
Дар мулоқот доир ба таҳкими ҳамкории наздисарҳадӣ, тақвияти иқтидори неруҳои марзбонӣ, ҳамоҳангии бештари неруҳои сарҳадӣ ба хотири таъмини амнияти миллии ҳамсоякишварҳо табодули афкор карда шуд

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Имрӯз дар Қасри миллат раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Раёсати амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Масум Станикзайро ба ҳузур пазируфт.

Чуноне ки дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ҷонибҳо таъкид доштанд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Афғонистон чун кишварҳои дуст ва ҳамсоя рушд меёбад. Тоҷикистон мехоҳад дар соҳаҳои гуногун бо кишвари афғон муносибатҳои худро тақвият бахшад.

Дар мулоқот  доир ба  таҳкими ҳамкории наздисарҳадӣ, тақвияти иқтидори неруҳои марзбонӣ, ҳамоҳангии бештари неруҳои сарҳадӣ ба хотири таъмини амнияти миллии ҳамсоякишварҳо ва таҳкими робитаю ҳамкории ниҳодҳои амниятӣ табодули афкор карда шуд.

Ҳамчунин, ҷонибҳо масоили муборизаи муштарак алайҳи терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҳамдастии босамар дар самти таҳкими низоми ҳифзи марзҳои байнидавлатиро мавриди баррасӣқарор доданд.

47
Барчаспҳо:
муносбат, ҳамсоякишвар, амният, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон