Мулоқот бо Директори кишварии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ хонум Лилия Бурунчук 17.05.2017

Дидори Э. Раҳмон бо хонум Бурунчук: роҳҳои Тоҷикистон таъмир мешаванд

136
(Таҷдидшуда 19:07 17.05.2017)
Нимаи дуюми имрӯз,Эмомалӣ Раҳмон бо мудири Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ хонум Лилия Бурунчук дидор кард

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Бино ба маркази иттилоърасони раисҷумҳур таҷдиду тармим ва бунёди роҳҳои оҳану мошингард аз мавзуъҳои асосии мулоқот буд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ намояндаи нави Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян-Петер Олтерс муаррифӣ карда шуд.

Эмомалӣ Раҳмон барои кумак ба таъмири нерӯгоҳи Норак, обтаъминкунии Душанбе ва соҳилмустаҳкамкунии дарёҳои Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ кард.

Ҷонибҳо зимни мулоқот таъсири омилҳои манфии беруна ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон, Барномаи нави шарикӣ бо Тоҷикистон ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 — ро баррасӣ карданд.

"Таҷдиду тармим ва бунёди роҳҳои оҳану мошингард ва тақвияти дигар самтҳои ҳамкории минтақавӣ аз мавзуъҳои асосии мулоқот буд",-омадааст дар хабарнома.

Таъкид шуд, ки афзоиши маблағҳои имтиёзноки грантии Бонки ҷаҳонӣ барои татбиқи ҳадафҳо дар соҳаҳои энергетика, рушди инфрасохтор, истеҳсолоти кишоварзӣ, дастгирии буҷети давлатӣ ва соҳаҳои иҷтимоӣ метавонад омили таъмини рушди устувор бошад.

Ҷонибҳо ҳамкорӣ дар бахши хусусӣ, инфрасохтори саноатӣ ва иҷтимоӣ, дастгирии бахши кишоварзӣ, афзоиши содирот, ташкили ҷойҳои нави корӣ, тақвият бахшидани неруи инсонӣ барои таъмини босифати пешрафти иқтисодӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатиро зарур шумурданд.

136
Барчаспҳо:
дидор, мулоқот, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Бонки ҷаҳонӣ дар тармиму таҷдиди НБО-и Норак саҳм мегузорад
Бонки ҷаҳонӣ: пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон осонтар шудааст
Бонки ҷаҳонӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон кӯмакӣ фаннӣ мекунад
Бонки ҷаҳонӣ барои иҷрои 4 тарҳ ба Тоҷикистон $ 47 млн ихтисос медиҳад