Милисаҳо аз донишомӯзони Варзоб шикаст хурданд

Шатранҷ ва яхмос: милисаҳо аз донишомӯзони Варзоб шикаст хурданд

116
(Таҷдидшуда 20:49 17.05.2017)
Дар дараи Варзоб ба муносибати "Соли ҷавонон" байни кормандони милитсия ва донишомӯзон сабқати шатранҷ баргузор шуда,милисаҳо аз рақибони ҷавонашон шикаст хурданд

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ВКД ҶТ кормандони милитсия бо донишомӯзон дар сабқати шатранҷбозӣ қувваозмоӣ карда, баъд ба ҷавонон яхмоси ройгон ҳадя карданд.

Мусобиқаи шоҳмот бо пирӯзии хонандагони муассисаи таҳсилоти № 1 деҳоти Варзоб-қалъа анҷомид.

Шаҳноза Солеҳова ва Раҳматҷони Баҳрулло — донишомӯзони мактбаи рақами 1 сазовори ҷойҳои якуму сеюм шуданд. Мақоми дуюмро корманди милитсияи ноҳияи Варзоб Саодат Баҳромова ишғол кард.

Манбаъ меафзояд, ки шуъбаи милитсия ба меҳмонон ба таври ройгон яхмос тақдим кард.

Милисаҳо ба донишомӯзони Варзоб яхмос ҳадя карданд
© Фото: Аз равобити умумии ВКД ҶТ
Милисаҳо ба донишомӯзони Варзоб яхмос ҳадя карданд

 

"Ҷавонон дар ҷомеа нақши махсусро мебозанд ва онҳо нерӯи рушди зеҳнии кишвар буда, қувваи бузург ҳастанд ва ҳар миллат дар ҳар давру замон аз ҷавонони худ умеди ояндаи нек мекунад" — гуфт сардори ШВКД дар ноҳияи Варзоб — Раҳматулло Саидзода зимни суханронӣ.

Ӯ ҷавононро бо ҷашнашон муборакбод намуда, ба онҳо мувафаққият таманно кард.

Дар охир ба ҳозирин барномаи фарҳангӣ пешкаш шуд.

Ҳамасола рӯзи 23 май дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи ҷавонон қайд мешавад. Таҷлили Рӯзи ҷавонон аз соли 1997 инҷониб роиҷ шудааст.

116
Барчаспҳо:
соли 2017-Соли ҷавонон, шатранҷбозӣ, сабқат, ВКД-и Тоҷикистон, Варзоб, Тоҷикистон
Мавзуъ
Шоҳмот ва яхмос: омодагии Кӯлоб ба ҷашни истиқлолияти ҶТ
Шаҳрдории Душанбе ба муносибати Соли ҷавонон то 24-уми июн барномаҳои фарҳангӣ баргузор мекунад
Эмомалӣ Раҳмон намоди “Соли ҷавонон”-ро таъйид кард
2017-Соли ҷавонон: озмун барои ҷавонони фаъоли Тоҷикистон