Шаҳри Норак. Акс аз бойгонӣ

Сайёҳат дар Норак: сокинони шаҳрро меҳмондорӣ меомӯзанд

82
Бо шурӯъ шудани мавсими нави сайёҳӣ, масъулони кумитаи ҷавонон ва гардишгарӣ шаҳрвандони Тоҷикистонро аз истифодаи имконоти сайёҳии кишвар огоҳ мекунанд

ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik.  Бино ба иттилоъи равобити умумии Кумтаи ҷавонон, варзиш ва гардишгарӣ дар шаҳри Норак ҳамоише бахшида ба имконоти сайёҳии ин мавзеъи зебоманзари диёр баргузор шуд.

Мавзуъи ҳамоиш — "Тоҷикистон ҷавҳари кашфношуда: мушкилот ва дурнамо" буд. Дар конфронси масъулини кумита, коршиносони соҳа, намояндагони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ, соҳибкорони ҷавон ва намояндагони расонаҳо ширкат карданд.

"Ҳадафи асосӣ муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, омӯзиши иқтидори он, беҳтар сохтани фаҳмиши ҷомеа ҷиҳати самаранок истифода бурдани инфрасохтори мавҷуда ва баррасии имкониятҳои қабул ва хизматрасонӣ ба сайёҳон мебошад",-омадааст дар хабарнома.

Бино ба аълумоти Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ, Тоҷикистон аз лиҳози рақобатпазирӣ дар соҳаи сайёҳӣ чанд зина боло рафта, дар рӯйхати кишварҳое, ки дар давоми як сол ҷаҳиши беҳтарини сайёҳӣ нишон доданд, мақоми намоёнро ишғол намудааст.

Дар ин рӯйхат Тоҷикистон дар зинаи сеюм қарор гирифт. Дар ҷойи аввал Ҷопон ва дар ҷойи дуюм Озарбойҷон мебошанд.  

Вале Бритониё чанде қабл Тоҷикистонро чун кишвари хатарнок баҳо дод.  Вазорати умури хориҷаи Бритониё Тоҷикистонро яке аз кишварҳои пурхатар барои сайёҳон унвон кард.

82
Барчаспҳо:
хизматрасонӣ, имконот, сайёҳат, ҳамоиш, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва гардишгарӣ, Норак
Мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: таи ҳашт моҳ ба Мӯъминобод 6 ҳазор сайёҳ сафар кардааст
Сайёҳ: маро дар Тоҷикистон бепул савор карданд ва ройгон сер карданд
Ҳалокати як сайёҳ ва захмӣ шудани 11 нафар дар Доғистон