Сарбозон ҳангоми машқ, акс аз бойгонӣ

Вилояти Суғд нақшаи даъвати ҷавононро ба сафи Нерӯҳои Мусаллаҳ 100 дарсад иҷро кард

58
(Таҷдидшуда 15:59 23.05.2017)
Даъвати баҳории ҷавонон дар кишвар тибқи қарори раисҷумҳур аз 14-уми март шуруъ шуда буд

ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Дар вилояти Суғди нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Нерӯҳои Мусаллаҳ пурра иҷро шудааст.

Дар ин бора равобити умумии ҳукумати вилоят хабар медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, ҷиҳати иҷрои ин фармон дар моҳҳои апрел — май даъвати муташаккилонаи ҷавонони довталаб ба сафи Нерӯҳои Мусаллаҳи кишвар сурат гирифта, нақшаи муайянгардида иҷро шудааст.

Даъваити баҳории ҷавонон дар кишвар тибқи қарори раисҷумҳур аз 14-уми март шуруъ шуд. Дар асоси фармони кишвардори Тоҷикистон моҳҳои апрел-майи соли 2017 дар Тоҷикистон  шаҳрвандоне, ки то рӯзи даъват ба синни 18 мерасанд, инчунин шаҳрвандони синну солашон калон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хидмати низомиро надоранд, барои хизмат ба сафҳои Нерӯҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд.

58
Барчаспҳо:
даъват ба сафи ҳарбӣ, Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ, Тоҷикистон
Горы в  Таджикистане, архивное фото

Қарорҳои Ҳукумат барои тағйири номҳо: аз номи нави фурудгоҳи Хоруғ то қуллаи Боми Ҷаҳон

960
(Таҷдидшуда 22:03 28.02.2021)
Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули як қатор қарорҳо пешниҳоди вакилони маҳаллиро барои тағйири номи муассисаҳо ва мавзеъҳои ҷуғрофӣ дар ВМКБ ҷонибдорӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи номгузориҳои ҷадид зимни Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ қироат карда шуданд.

Тибқи иттилои котиботи ҳукумати ВМКБ, фурудгоҳи шаҳри Хоруғ ба номи собиқ сардори фурудгоҳи мазкур, корманди шоистаи авиатсия ва нақлиёти ҷумҳурӣ, Махсутшоев Дилдорбек гузошта шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон инчунин қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ишкошимро дар бораи тағйир додани номи қуллаи Комсомоли Украина ҷонибдорӣ намудааст. Номи нави ин қулла Боми Ҷаҳон мебошад.

Инчунин Ҳукумат қарори маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дарвоз дар бораи номгузорӣ намудани мактаби №39-и деҳаи Пастироҳи ноҳияи Дарвоз ба номи Сафаров Сафар ва мактаби № 23 –и деҳаи Жаки ноҳияи Дарвоз ба номи Исломов Садриддинро тасдиқ кардааст.

Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ дар бораи номгузориҳои ҷадид қарорҳои дахлдорро қабул намудааст.

960
Барчаспҳо:
Хоруғ, фурудгоҳ, Тоҷикистон

Дар Исфара яхдони "гармӣ" пайдо шуд - навор

445
"Ниёз дошта бошед, бигиред. Тавоно бошед, гузоред!" , навишта шудааст дар шишаи он, ки Яхдони меҳрубонӣ ном дорад

ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Дар Исфара яхдоне пайдо шуд, ки дилҳоро нарму гарм мекунад, хабар медиҳанд шоирона расонаҳои маҳаллӣ.

Бино бар иттилои манобеъ, гап дар бораи "Яхдони меҳрубонӣ" меравад, ки барои ниёзмандон ташкил шудааст.

"Яхдони меҳрубонӣ" дар маркази шаҳри Исфара ҷиҳати дастгирии оилаҳои камбизоат  гузошта шудааст.

Аз он ҳамарӯза нафарони ниёзманд метавонанд ба таври ройгон маводи озуқа дастрас намоянд.

Ин амали нек аз ҷониби кормандони филиали ҶСП Ташкилоти амонатии қарзии хурди "ИМОН Интернешнл" дар шаҳри Исфара роҳандозӣ гардидаву яхдони мазкур маҳз дар пешорӯи ҳамин ташкилот гузошта шудааст.

Дар рӯи яхдони меҳрубонӣ, ки дохилаш пур аз анвои гуногуни маводи озуқа мебошад, навишта шудааст, ки "Ниёз дошта бошед, бигиред. Тавоно бошед, гузоред!"

Сарвари филиали ҶСП Ташкилоти амонатии қарзии хурди "ИМОН Интернешнл" дар шаҳри Исфара Абдуваққос Фаёзов мегӯяд, ки яхдон  аз ҳисоби ташкилот ва кормандони он бо маводи хӯрока пур карда мешавад.

Лекин нафарони дигари хайрхоҳу саховатманд низ метавонанд дар доираи қудрат ва тавон бидуни ҳеҷ як мушкилӣ тавассути ин яхдон ба ашхоси ниёзманд кумаки амалӣ расонанд.

Нони бепул ба ниёзмандон: иқдоми рамазонии "Амид" дар Хуҷанд

Дар "ИМОН Интернешнл", умед бар он доранд, ки "Яхдони меҳрубонӣ" дили афроди дороро нисбат ба мушкилоти ниёзмандон нарму қалби нафарони камбизоатро ба зиндагӣ гарм месозад.

445