Меҳмонхона дар Дарвоз

Меҳмонкадае дар Дарвоз дарашро ба рӯи ҷаҳонгардон боз кард

581
(Таҷдидшуда 17:07 23.05.2017)
Дар шаҳраки Қалъаи Хумб - маркази ноҳияи Дарвоз бунгоҳи пазироӣ ва иттилоърасонӣ дарашро ба рӯи ҷаҳонгардон боз кард

ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik, Нилуфар Некқадам. Имрӯз дар маркази ноҳияи Дарвоз меҳмонкадае ба баҳрабардорӣ расид, ки аз бунгоҳи пазироӣ ва маркази иттилоърасонии ҷаҳонгардон иборат аст.

Мудири ин бунгоҳ Мастон Мастонов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳадафи аслӣ аз роҳандозии ин меҳмонкада хидматрасонӣ ба ҷаҳонгардон дар сатҳи меъёрҳои байналмилалӣ аст.

"Бунгоҳ аз сохтмоне дуошёна иборат аст. Дар ошёнаи аввал утоқҳои хидматрасонӣ ва иттилоърасонӣ ва дар ошёнаи дувум утоқҳои меҳмонон ҷойгир шудаанд", — гуфт вай.

Меҳмонкада ба сабки меъмории миллӣ сохта шуда ва барои суҳбату истироҳат ҷойҳои муносиб дорад. Берун аз меҳмонкада боз чанд соябону шипанг бунёд шудаанд ва меҳмонон имкон доранд аз ин ҷо шаҳраки Қалъаи Хумбро тамошо кунанд.

Ба қавли Мастонов дар меҳмонкада ҳама шароити замонавӣ барои гардишгарону ҷаҳонгардон фароҳам оварда шудааст.

"Утоқҳо бо оби гарм, ҳаммом, Wi-Fi  ва дигар дастгоҳҳи лозим муҷаҳҳазанд".

  • Дохили маркази пазироӣ ва иттилоотӣ дар Дарвоз
    Дохили маркази пазироӣ ва иттилоотӣ дар Дарвоз
    © Фото : Мастон Мастонов
  • Гостиница в Дарвазе, архивное фото
    Гостиница в Дарвазе, архивное фото
    © Фото : Мастон Мастонов
  • Гостиница в Дарвазе, архивное фото
    Гостиница в Дарвазе, архивное фото
    © Фото : Мастон Мастонов
  • Маркази пазироӣ ва истироҳатӣ дар Дарвоз
    Маркази пазироӣ ва истироҳатӣ дар Дарвоз
    © Фото : Мастон Мастонов
  • Хизматрасониҳои меҳмонкадаи Дарвоз
    Хизматрасониҳои меҳмонкадаи Дарвоз
    © Фото : Мастон Мастонов
1 / 5
© Фото : Мастон Мастонов
Дохили маркази пазироӣ ва иттилоотӣ дар Дарвоз

Ин меҳмонкада ҳамзамон бо хидматрасонӣ ва меҳмондорӣ, ҳамчунни аз диданиҳои торихиву гардишгарии Кӯҳистони Бадахшон ба ҷаҳонгардон иттилоърасонӣ мекунад.

"Мо ҷаҳонгардонеро, ки аз Дарвоз ба вилоятамон мерасанд, пазиро шудаву меҳмондорӣ мекунем ва барояшон дар бораи мавзеъҳои зебо ва дидании вилоят, аз ҷумла шаҳри Хоруғ, водии Бартанг, ноҳияи Ишкошим ва дигар мавзеъҳо иттилоъ расонӣ ва роҳнамоӣ мекунем ", — тавзеҳ дод мудири меҳмонкада.

Нархи як рӯз истироҳат дар ин меҳмонкада барои ҷаҳонгардон ва гардишгарони тоҷикистонӣ яксон нест.

Ҷаҳонгардон барои як рӯз истироҳат бештар аз 160 сомонӣ ва гардишгарони дохилӣ бештар аз 100 сомонӣ пардохт хоҳанд кард. Ин ҳазина хӯроки субҳона, чой ва дигар хадамоти меҳмондориро дар бар мегирад.

"Барои ҷалби бештари ҷаҳонгардон мо ҳама шароитро муҳайё кардаем. Рушди соҳаи гардишгарӣ барои иқтисоди Тоҷикистон бисёр муҳим аст", — гуфт Мастон Мастонов.

Вай таъкид кард, ки ин бунгоҳ афзун бар хидматрасонӣ ҳамчунин корофаринӣ низ карда ва даҳ касро бо кор таъмин кардааст.

"Ҳамчунин ду нигаҳбон, як пешхидмат, ду фаррош дар ин марказ бо кор таъмин шуданд", — афзуд ӯ.

Маркази пазироӣ ва иттилоърасонии ҷаҳонгардӣ ё Меҳмонкада дар ноҳияи Дарвоз дар чорчӯби Барномаи пуштибонии рушди иҷтимоъии манотиқи кӯҳистони Бадахшон вобаста ба Бунёди Оқохон сохтаву роҳандозӣ шудааст.

Ин дувумин маркази пазироӣ ва иттилоърасонии ҷаҳонгардон дар Кӯҳистони Бадахшон аст. Нахустин марказ дар шаҳри Хоруғ соли 2008 бунёд шуд, ки ҳамакнун яке аз бунгоҳҳои муваффақ дар риштаи гардишгарӣ ба шумор меравад.

Гардишгарӣ дар Помир аз маъруфтарин навъи ҷаҳонгардӣ барои хориҷиён аст, мегӯяд мудири иҷроии Маркази рушди гардишгарӣ Баҳриддин Исомуддинов.

Помир бо гуногунии қавмӣ ва зебоии табиъату кӯҳсорон дар ҷаҳон ном баровардааст. Бисёре аз кӯҳнавардон орзу доранд як бор ҳам ки бошад Боми ҷаҳон бароянд. Бархе ҳам дӯст доранд саросари Бадахшонро бигарданд ва бо мардуму фарҳангашон ошно шаванд.

581
Барчаспҳо:
маркази пазироӣ ва истироҳатӣ, Мастон Мастонов, Дарвоз, Тоҷикистон
Мавзуъ
Дар Тоҷикистон ширкатҳои сайёҳӣ аз супоридани андоз озод мешаванд
Тоҷикистон минтақаи хатарноктарини сайёҳӣ дониста шуд
Сайёҳат дар Норак: сокинони шаҳрро меҳмондорӣ меомӯзанд
Сайёҳ: маро дар Тоҷикистон бепул савор карданд ва ройгон сер карданд
Арест, архивное фото

Боздошти силоҳфурӯш ҳангоми амалиёти корд дар Душанбе

39
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ҷавони 25-сола, ки ба фурӯши силоҳи сард дар Душанбе машғул будааст, хабар дод

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кормандони милитсияи шаҳри Душанбе зимни баргузории амалиёти шартии “Корд” сокини  кӯчаи Наврӯзи пойтахт Слезен Дидор Сорбоновичи 25-соларо, ки  ба хотири ба даст овардани маблағ ба фурӯши силоҳи сард, аз ҷумла корд машғул будааст, дастгир карданд. 

Тибқи иттилои манбаъ, дастгиршуда паҳнкунандаи ашёҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда муайян шуда, онҳоро аз вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе ворид намуда, ба фурӯш мегузоштааст. 

Гуфта шудааст, ки ҳангоми як амалиёт аз ин ҷавони 25 сола миқдори зиёди силоҳи сард истифдашванда, аз ҷумла, 2 адад дастчӯби оҳанин (дубинка), 2 адад электрошокер ва 23 адад кордҳои махсус (финка) дарёфту мусодира карда шуданд.

ВУД Тоҷикистон қайд намудааст, ки мувофиқи моддаи 9-и Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи силоҳ”  дар қаламрави Тоҷикистон фурӯши силоҳи сард манъ мебошад.

Бо дарназардошти ҳалатҳои мазкур нисбат ба  шаҳрванд Слезан Дидор  протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда,  бо қарори  Суд ба номбурда ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз татбиқ карда шуд.

39
Барчаспҳо:
корд, амалиёт, Душанбе, силоҳ, боздошт, Тоҷикистон
Раиси вилояти Хатлон ба аёдати маъб рафт

Раиси вилояти Хатлон аз ҳисоби худ ба маъюби 26-сола панҷ ҳазор сомонӣ кумакпулӣ дод

41
(Таҷдидшуда 02:53 06.07.2020)
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар ноҳияи Ёвон Хуҷамурод Хуҷаевро, ки маъюби гурӯҳи якум аст, аёдат кард

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Ба нақл аз дафтари матбуоти мақомоти вилояти Хатлон, Хуҷамурод, ки сокини деҳаи Боғдараи Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов аст ва ӯ 26 сол дорад.

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон зикр кард, ки айни ҳол сохтмони манзили истиқоматии нав барои оилаи Хуҷамурод бомаром идома дошта, аллакай марҳилаи бомпӯши хона ҷараён дорад.

“Давлат ҳеҷ гоҳ афроди имконияти ҷисмоиашон маҳдуд, ятимону бепарасторонро танҳо намегузорад. Пас аз пурра ба анҷом расидани сохтмони манзили зист, дар фикри барпо намудани тӯй шуда, Шуморо хонадор мекунем”, - қайд намуд зимни суҳбат бо Хуҷамурод Хуҷаев раиси вилояти Хатлон.

Қурбон Ҳакимзода пас аз мулоқот бо Хуҷамурод ба ӯ 5 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ ва барои хонаводааш маҳсулоти ғизоӣ, аз қабили орд, равған, биринҷ, макарон, картошка, пиёз, қанд ва ғайра тақдим намуд.

Вай ҳамчунин ба масъулони ниҳодҳои дахлдор дастур дод, ки сохтмони манзили зисти Хуҷамурод Хуҷаевро бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои кутоҳтарин ба анҷом расонида шавад.

41
Барчаспҳо:
кумакпулӣ, маъюб, Хатлон, Тоҷикистон