Шабнам Сурайё

Шабнам Сурайё ва Нигина Амонқулова имшаб барои ҷавонон месароянд

700
(Таҷдидшуда 17:41 23.05.2017)
Шоми имрӯз дар Варзишгоҳи марказии Душанбе ба муносибати Рӯзи ҷавонон барномаи фарҳангиву намоишии “Базми ҷавонӣ” баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии вазорати фарҳанги ҶТ, дар ин барномаи фарҳангӣ овозхонони номдори тоҷик ҳунарнамоӣ мекунанд.

Барои ҷавонон Нигина Амонқулова, Дамирбек Олимов, Меҳрнигор Рустам, Муҳаммадрофеъ Кароматулло, Шабнам Сурайё, Мадина Ақназарова, Садриддин Наҷмиддин тарона хоҳанд суруд.

Дар барнома ҳамчунин дастаҳои созиву овозии "Ориё" ва "Дарё" сурудҳои худро пешкаши тамошобинон мегардонанд.

Гурӯҳҳои рақсии "Лола", "Гулрез", "Зебо", "Чаман", "Ситора", "Базморо", "Ҷаҳоноро", дастаи "Наврӯз" аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Гурӯҳи рақсии Филармонияи давлатии Тоҷикистон, гурӯҳи балети Театри операву балет барномаҳои рақсӣ иҷро хоҳанд кард.

Дар ин барнома ҳамчунин гурӯҳҳои "Ритм", "Новая эра", "City Power", "Reflesh Cru" ва "Lords of dance" бо рақсҳои урупоӣ ва муъосир табъи тамошобинонро болида хоҳанд гардонд.

Қарор аст, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар "Базми ҷавонӣ" ширкат кунад.

Ҳамчунин субҳи имрӯз дар майдони Парчами давлатии шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи ҷавонон роҳпаймоии бошукӯҳе барпо гардид, ки дар он камубеш 6 ҳазор ҷавон ҳамроҳ гом заданд.

700
Барчаспҳо:
Рӯзи ҷавонон, Шабнами Сурайё, Нигина Амонқулова, Тоҷикистон
Мавзуъ
Шаҳрдории Душанбе ба муносибати Соли ҷавонон то 24-уми июн барномаҳои фарҳангӣ баргузор мекунад
Эмомалӣ Раҳмон намоди “Соли ҷавонон”-ро таъйид кард
2017-Соли ҷавонон: озмун барои ҷавонони фаъоли Тоҷикистон
Ҷавонон метавонанд: соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон такя мекунад
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Тағйироти кадрӣ бо 7 фармони Раҳмон: аз мақоми нави Давлаталӣ Назрӣ то сардори разведка

368
(Таҷдидшуда 21:03 28.09.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз бо имзои 7 фармону як қарор дар сохтори Вазорати умури хориҷӣ ва Гвардияи миллии ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Бо фармони раисиҷумҳур, полковник Сатторов Ҳасан Мирзоевич сардори Раёсати разведкаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур бо фармони раисиҷумҳур аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон озод гардида, бо қарори Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмиллалии наҷоти Арал таъйин шуд.

Бобокалонзода Луқмон сафири нави Тоҷикистон дар Ҳиндустон таъйин гардид.

Холбобоев Файзулло Самадович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Украина озод гардида, ба ҷои ӯ Назризода Давлаталӣ Ҳайдар, сафири Тоҷикистон дар Украина таъйин шуд.

Имом Шарофиддин Зуҳуриддинзода бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон озод карда шуд. Шарифӣ Саъдӣ сафири нави Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таъйин гардид.

368
Тонущий человек, архивное фото

Корманди БДА дар Суғд донишҷӯдухтарро аз худкушӣ наҷот дод

370
Раҳматзода Даврон, муовини сардори Бозрасии давлатии автомобилии Суғд ҳамин чанд лаҳза пеш бо иҷрои як амали фаврии худ, аз худкушии як донишҷӯдухтар дар Сирдарёи Хуҷанд пешгирӣ кард

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Чанд нафар аз шоҳидони ҳодиса ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳудуди як соат пеш як донишҷӯдухтари тақрибан 18 - сола ба қасди худкушӣ худро аз болои пул ба дарё сарозер намудааст.

Раҳматзода, ки ин ҳангом барои иҷрои вазифаҳои хидматӣ аз болои купрук мегузашт, манзари ғарқшавиро дида, фавран бо қаиқ ба маҳалли ҳодиса шитофта, донишҷӯдухтарро, ки дар ҳоли фурӯрафтан ба коми дарё буд, ҳамроҳ бо кормандони ситоди ҳолатҳои фавқулода аз об зинда берун кашидаанд.

Фахриддини Аваззод, корманди БДА Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ба маҳзи кӯшиши ҳамкораш Раҳматзода ва кормандони КҲФ дар Суғд, он духтарча аз вартаи худкушӣ раҳо шудааст.

"Агар Раҳматзода ва кормандони КҲФ фавран ба қаҳри дарё намерасиданд, шояд ин донишҷӯдухтар ба ҳалокат мерасид. Худоро шукр, ки зинда монд ва аз ғарқшавӣ наҷот дода шуд”, - иброз намуд, Аваззод.

Ба иттилои манбаъ, зимнан донишҷӯдухтарро ба Бемористони шаҳрии № 1 Хуҷанд интиқол додаанд ва баъди пурра ба худ омадан аз вай сабаби даст ба чунин амал заданашро пурсон мекунанд. Дафъаҳои охир хабарҳо дар бораи даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон дар руду обанборҳо зиёд ба нашр мерасад.

"Кӯмак кунед, кӯмак кунед": як ҷавони тоҷик дар Русия ғарқ шудааст

Субҳи имрӯз, дафтари матбуоти КҲФ Тоҷикистон аз дарёфти ду ҷасад аз дарёи Вахш хабар дод. Бар пояи эълони КҲФ зани 31 - солаи сокини ноҳияи Ёвон рӯзи 27 сентябр ҳамроҳ бо духтарчаи 9 - солааш дар дарёи Вахш ғарқ шуд.

370
Барчаспҳо:
донишҷӯдухтар, ғарқ, Суғд