Тилло

“Як бор ҷасти малахак..”: Дар ноҳияи Масчо дуздони ҷавоҳироти тиллоӣ дастгир шуданд

75
(Таҷдидшуда 10:39 24.05.2017)
Ду марди сокини ноҳияи Масчо даст ба дуздӣ зада, ҷавоҳироти тиллоии сокини ҳамин ноҳияро дар ҳаҷми махсусан калон рабудаанд, ки дар охир кормандони милитсия онҳоро дастгир карданд

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Ба мақомоти милитсия марди 29-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ муроҷиат намудааст, ки шаби 12-ум ба 13-уми майи соли ҷорӣ, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ, ки маблағи умумиашон 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Тавре ВКД ҶТ зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ду нафар марди 22 ва 30-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳро дастгир намуданд.
Нисбати дастгиршудагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

75
Барчаспҳо:
милитсия, дуздӣ, сокини ноҳияи Масчо, Тоҷикистон
Ноги, архивное фото

Макони ишқварзӣ ба ивази 120 сомон: боздошти зани 41-сола барои ташкили фоҳишахона

410
(Таҷдидшуда 11:16 24.11.2020)
Вазорати  умури дохилии Тоҷикистон як зани 41-солаи сокини кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахтро бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт кардааст

ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik.  Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, боздоштшуда хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил додааст.

Манбаъ мегӯяд, номбурда, 23-юми ноябри соли 2020, дар хонаи истиқоматиаш барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба ҷавони 21 сола ва ҷавонзани 22-солаи сокинони шаҳри Душанбе шароит фароҳам оварда, аз онҳо 120 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

“Ҳамчунин, номбурда ҳамон рӯз дар хонаи истиқоматиаш барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба ҷавони 23-сола ва ҷавонзани 20-солаи сокинони пойтахт шароит фароҳам оварда, аз онҳо 120 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст”,-афзудааст, манбаъ.

Боздошти зани 47 сола барои ташкили фоҳишахона: ду нафарро шинос карду 400 сомон гирифт

Гуфта мешавад, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

410
Барчаспҳо:
ташкили фоҳишахона, зан, боздошт, Душанбе, Тоҷикистон
Здание правительства Республики Таджикистан в Душанбе

Раҳмон гуфт, парчам чун нишони сарисинагӣ ва дар хонаҳои истиқоматӣ васеъ истифода гардад

94
(Таҷдидшуда 10:57 24.11.2020)
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро бо фарорасии рӯзи Парчами давлатӣ, ки аз соли 2009 инҷониб ҳар сол 24-уми ноябр таҷлил мегардад, табрик гуфт

ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik.  Бино ба иттилои давтари матбуотии президент,Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ин санаи таърихӣ кулли ҳамватанонро табрик карда гуфтааст, орзумандам, ки парчами давлати соҳибистиқлоламон дар фазои Тоҷикистони маҳбубамон то абад парафшон бошад.

“Мусаллам аст, ки ҳар як давлати соҳибистиқлолу озод ба ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид маҳз бо парчами худ пазируфта мешавад ва эътироф мегардад. Яъне Парчами давлатӣ  муаррифгари тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ва мояи ифтихори мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон мебошад.”,-гуфтааст раисиҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, имрӯз барои миллати соҳибтамаддуни тоҷик парчам сарчашмаи нерӯву тавонмандӣ дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ ва сармояи ғуруру ифтихори миллӣ мебошад. Маҳз бо парафшонии ин рамзи муқаддас мо ҳоло пояҳои давлати соҳибистиқлоламонро таҳким бахшида, барои ба як мулки ободу пешрафта табдил додани Тоҷикистони маҳбубамон саъю талош карда  истодаем.

Ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон парчами давлатӣ, хусусан, барои ҷавонони Тоҷикистони азиз омили сарфарозӣ буда, онҳо дар ҳама ҷабҳаҳо зери ин рамзи давлатӣ муттаҳид мешаванд ва иқдомоти шоистаи ватандӯстонаро, аз ҷумла дар ҳимояи Ватани маҳбуб ва дифои ҳар ваҷаб хоки муқаддаси он бо ҳушёриву зиракӣ амалӣ менамоянд.

Ҷавонону варзишгарони тоҷик, ки насли ояндасоз ва номбардорони  миллат мебошанд, бо дастовардҳои худ парчами Тоҷикистонро дар дуртарин гӯшаҳои дунё парафшон месозанд, афзудааст президент.

Расулзода дар Кӯшониён пояи 46-метрии парчам ва нишони давлатиро ифтитоҳ кард

Раисиҷумҳури кишвар арҷ гузоштан ба Парчами давлатиро қарзи яҳар як шаҳрванд хонда гуфтааст, дар ин самт зарур аст, ки илова ба вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, парчам ҳамчун нишони сарисинагӣ аз ҷониби сокинони мамлакат, инчунин, дар манзилҳои истиқоматӣ ба сифати рамзи ифтихору ватандӯстӣ васеъ истифода гардад.

94
Барчаспҳо:
табрикот, Парчам, президент, Тоҷикистон
Солдаты спецназа США (зеленые береты) в Афганистане. Архивное фото

Худкушии 9 сарбози Австралия пас аз ифшо шудани бедодгарии онҳо дар Афғонистон

0
(Таҷдидшуда 11:59 24.11.2020)
Пас аз ошкор шудани ҷиноятҳои содиркардаи сарбозони австралиягӣ дар хоки Афғонистон, 9 тан аз онҳо даст ба худкушӣ заданд

ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik. Давоми се ҳафтаи охир дар Австралия дасти кам 9 сарбоз даст ба худкушӣ заданд, хабар медиҳад The Daily Mail.

Ба иттилои манбаъ, сарбозон пас аз ошкор шудани ҷиноятҳои слодиркардаи онҳо дар Афғонистон сӯиқасд ба ҷони худ намуданд.

Дар мавриди бедодгариҳои сарбозони австралиягӣ дар Афғонистон,Фармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи ин кишвар Ангус Кэмпбелло гузориши вижа омода намуд ва ҳамаи ҷиноятҳои содиркардаи сарбозонро ифшо кард.

Дар гузориши таҳиянамудаи ӯ, маълумот дар мавриди қатли 39 сарбози афғон ва сокинони осоишта давоми солҳои 2005 - 2016 ҷамъоварӣ гардидааст.

Деги ҷӯшони Афғонистон: аз ихроҷи нирӯҳои Амрико кӣ бурд мекунад

Гуфта мешавад, ҳудуди 400 нафар шоҳидӣ додаанд, ки ин теъдод ҷиноятҳоро маҳз сарбозони Австралия дар Афғонистон содир карданд.

Манбаъ меафзояд, нахустин бор дар таърих давоми ҳамагӣ се ҳафта, шумораи зиёди сӯиқасд ба ҷон сабт гардидааст.

Гуфта мешавад, пас аз гузориши Кэмпбелло 8 мард ва 1 зан даст ба худкушӣ заданд. Ҳарчанд ҳанӯз ҳеҷ далели даст доштани онҳо дар куштори сарбозон ва сокинони осоиштаи Афғонистон вуҷуд надорад, вале тафтишот гунаҳгор будани онҳоро истисно намекунад.

0
Барчаспҳо:
худкушӣ, Австралия, сарбоз, Афғонистон