Маводи мухаддир, акс аз бойгонӣ

Гумруки Тоҷикистон аз қочоқи беш аз 10 килуграм маводи мухаддир ҷилавгирӣ кард

60
(Таҷдидшуда 11:40 26.05.2017)
Кормандони Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон шаби 20 май се тан аз аҳолии ноҳияи Панҷро ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир боздошт карданд

ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Бино бар гузориши Хадамоти гумруки Тоҷикистон, Абдуқаюм Қурбонов, Аъзамшо Пирумшоев ва Абдуҷаббор Шодмонов — се тан аз аҳолии ноҳияи Панҷ аз Фаррух ном шаҳрванди Афғонистон ҷуволеро дарёфт намуданд, ки дар он беш аз 10 килуграм ҳашиш мавҷуд буд.

Нисбати дастгиршудангон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, бозрасӣ идома дорад.

60
Барчаспҳо:
маводи муаддир, боздошт, хадамоти гумрук, Тоҷикистон
Преступник за решеткой

Боздошти собиқ нозири барқ: аз вазифа рафту, аммо пули сокинонро мегирифт

32
(Таҷдидшуда 13:03 31.05.2020)
Пулиси ноҳияи Ҷаббор Расулов дар пайи коркарди ахбороти оперативӣ корманди собиқи шабакаҳои барқии ҳамин ноҳия барои азхудсозии маблағи истифодабарандагони барқ боздошт кардааст

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Бино ба гузориши Акбар Шариф, сухангӯи Раёсати Вазорати умури дохила дар Суғд дар пайи шикояти шаҳрвандон Улуғбек Бегиҷонови  41 сола барои қаллобӣ ва фиреби сокинон боздоштшудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, Бегиҷонов собиқ назоратчии шабакаҳои барқи ҳамин ноҳия баъди аз вазифа рафтан низ маблағи истифодабарандагони барқро гирифта ба фоидаи худ сарф мекардааст.

Манбаъ мегӯяд собиқ нозири шабакаҳои барқ замони фаъолияташ маблағи сокинонро ба суратҳисоби Барқи тоҷик нагузаронида баъди аз кор рафтан низ худро назоратчии фурӯши барқ муаррифи карда даст ба мардумфиребӣ задааст.

Ӯ ҳамчунин ба боварии муштариён даромада, бо ваъдаи мусоидат кардан дар пардохти кам нисбат ба оне, ки ҳисобкунаки барқӣ ҳисоб кардааст, маблағ ба даст оварда ба фоидаи худаш сарф кардааст.

Дар навори гузориш яке аз зарардидагон гуфт, ҳисобкунаки барқияш 30 ҳазо кор кард, аммо Бегиҷонов бо ваъдаи он ки корро бо 8 ҳазор ҳал мекунад, пулро гирифту корро накард.

Номбурда,  ҳамчунин барои аз саҳни ҳавлиҳо ба берун кучонидани симчубҳо ва гирифтани иҷозатномаи соҳибкорӣ аз сокинон пул мегирифтааст.

 

Гуфта мешавад, қаблан низ дар давоми фаъолияташ ӯ ду маротиба барои азхудсозии маблағҳо суд шуда буд, аммо дубора ба ин вазифа роҳ ёфту боз корашро такрор кард.

ВУД мегӯяд, нисбат ба гумонбар парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида аз рӯйи шикояти сокинон тафтишот идома дорад.

32
Преступник за решеткой

Куштор дар Вахш: писар ба хотири ҳамсари худ падарашро бо қарабоӣ зада кушт

358
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳалокати сокини 58 - солаи Вахш хабар медиҳад, ки аз дасти писари худ кушта шуд

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Кормандони милитсия сокини 35 - солаи ноҳияи Вахшро боздошт намуданд, ки дар қатли падари худ гумонбар дониста мешавад.

Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ҳодисаи мазкур шаби 28-уми майи соли 2020, тахминан соати 23:30-дақиқа рух додааст.

Сохтмоне, ки поёнаш бо куштор анҷомид: коргарро ба қатл расонидаю пеши хона гӯр кардаанд

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки номбурда бо мақсади қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ ба падараш, марди 58-солаи сокини ҳамон ҷо дар манзили истиқоматиашон бо зарфи обгираки оҳанин (қарабои) аз ҷойгаҳи хобаш бедор карда, бо баҳонаи он, ки ӯ қаблан ҳамсараш, зани 30-солаи сокини ҳамонҷоро лату кӯб кардааст, ба сару руяш се маротиба задааст.

Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шуда, ба ҳалокат расидааст.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

358
Барчаспҳо:
писар, падар, Вахш, куштор
Город Медина в Саудовской Аравии, архивное фото

Бомдоди имрӯз дар Арабистон дари 90 ҳазор масҷид ба рӯйи намозгузорон боз шуд

0
Субҳи имрӯз дари беш аз 90 ҳазор масоҷид пас аз танаффуси тӯлонӣ ба рӯйи намозгузорон дар Арабистони Саудӣ боз шуд

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Зиёда аз 90 ҳазо масҷидҳо ва ибодатгоҳҳо дар саросари Арабистони Саудӣ пас аз тавақуфи тӯлонӣ дар пайи паҳншавии коронавирус бомдоди имрӯз боз шуданд.

Дар бораи имрӯз кушодашавии ин рақам масоҷид Вазорати корҳои исломии Саудӣ дар сафҳаи Твиттерияш хабар дода буд.

"Омодагиҳои ниҳоӣ пеш аз оғози боз шудани беш аз 90 ҳазор масҷид ва ибодатхонаҳо  дар тамоми Арабистони Саудӣ барои намози бомдоди якшанбе идома доранд", - омадааст дар иттилоияи вазорат.

Вазорат ҳузури одамони пиронсол ва кӯдаконро ҳангоми намозҳо номатлуб номидааст.

Ҳамзамон гуфта мешавад, аз намозгузорон даъват шудааст ба намоз танҳо бо ниқоб омада, инчунин масофаи ду метрро нигоҳ доранд, ки барои ин дар қолинҳои масҷид аломатҳои махсус гузошта шудаанд.

 Ба иттилои манбаъ,  масҷидҳоро танҳо 20 дақиқа пеш аз оғози намоз боз мекунанд ва пас аз 20 дақиқаи адои намоз баста мешаванд.

Бар пояи оморҳои ахир теъдоди гирифторони коронавирус дар Арабистони  Саудӣ ба 83 384 нафар мерасад. Ҳамзамон аз ин беморӣ 58 883 нафар шифо ёфтаву 4 80 тани дигар фавтидаанд.

0
Барчаспҳо:
намоз, масоҷид, Арабистони Саудӣ