Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ

Эмомалӣ Раҳмон болоравии нарху наворо дар моҳи Рамазон пешгирӣ мекунад

473
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, то дар моҳи шарифи Рамазон болоравии нарху навои маҳсулот дар бозорҳои кишвар пешгирӣ шавад

ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik.  Бино ба иттилоъи хадамоти матбуоти раисҷумҳур, ин нуктаро Эмомалӣ Раҳмон зимни маҷлиси ҳукуматӣ,ки рӯзи 26 май дар Қасри миллат баргузор шуд таъкид кард ва илова намуд, ки бозорҳои дохилӣ бояд бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ таъмин карда шаванд.

"Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазорату идораҳо,раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ, пешгирӣ аз болоравии нархи маҳсулот дар рӯзҳои моҳи рамазон, анҷоми амалҳои хайр дар ин рӯзҳо, хусусан дастгирии эҳтиёҷмандону бепарасторон дастуру супоришҳои мушаххас дод", — омадааст дар хабарнома.

Ҳамчунин дар кори маҷлис масъалаи кадрҳо баррасӣ шудааст.

Манбаъ меафзояд, ки сарвари давлат диққати роҳбарони ноҳияҳои Панҷ, Бохтар ва Ҷайҳунро ба масъалаи истифодаи самараноки замин, вусъати корҳои саҳроӣ, захираи маводи ғизоӣ, бунёдкорию созандагӣ, инчунин иҷрои саривақтии дигар дастуру супоришҳои роҳбарияти давлату ҳукумат ҷалб намуд.

Қаблан хабар дода шуд, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷикро бо оғози моҳи шарифи Рамазон муборакбод гуфт.

473
Барчаспҳо:
дар бозорҳо, болоравии нарху наво, моҳи шарифи Рамазон, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Моҳи мубораки Рамазон - 2017 (25)
Мавзуъ
Рустам Эмомалӣ дар моҳи шарифи Рамазон бозорҳои Душанберо ғанӣ мегардонад
"Ид муборак": ҷашнгирии иди Рамазон дар Душанбе
Ба Тоҷикистон иди Рамазон омад
Иди Рамазон — ҷашни некӯӣ ва накӯкорӣ
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Таассуфи Раҳмон аз даргузашти Гулназар Келдӣ ва изҳори ҳамдардии ӯ ба хонаводаи марҳум

17
Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинобар даргузашти шоири маъруфи кишвар Гулназар Келдӣ ба хонаводаи марҳум изҳори ҳамдардӣ намуд

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон аз даргузашти шоири шаҳири тоҷик Гулназар Келдӣ изҳори таассуф намудааст.

Котиботи президенти Тоҷикистон хабар медиҳад. ки Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли хонавода ва наздикони марҳум ҳамдардии амиқ баён мекунад.

"Сад дод аз ту, коронавирус": охирон шеъри, ки Гулназар Келдӣ эҷод кард

Ёдовар мешавем, шоири маҳбуби тоҷик, муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон ва дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Гулназар Келдӣ дар синни 75-солагӣ аз олам даргузашт.

17
Народный поэт Таджикистана Гулназар Келди

Низом Қосим гуфт, ки Гулназар Келдӣ дар куҷо ба хок супурда хоҳад шуд

144
(Таҷдидшуда 18:41 13.08.2020)
 Ҷанозаи Гулназар Келдӣ, Шоири халқӣ ва муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон ба хонааш оварда, сипас ба қабристон интиқол ёфт

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Ба қавли яке аз шоҳидони ин маросим, ҷанозаи Гулназар Келдӣ аз Шифохонаи "Истиқлол" аввал ба манзилаш, воқеъ дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 10 интиқол ёфт.

"Низом Қосим, раиси Иттиҳоди нависандагон, як нутқи кутоҳе ироа намуда, эълон кард, ки гирдиҳамоии хайрбод бо Шоири халқии Тоҷикистон дар қабристони Лучоб баргузор хоҳад шуд”, - гуфт ӯ.

Бино ба ин иттилои манбаъ, дар маросими видоъ бо Гулназар Келдӣ аз ҷониби мақомоти расмӣ Асадулло Раҳмон, мушовири кадрӣ ва Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи президенти Тоҷикистон, Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагон, Шариф Самӣ, раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва теъдоде аз адибону шоирони номдори кишвар, назири Камол Насрулло, Меҳмон Бахтӣ, Ато Ҳамдам, Салими Зарафшонӣ, Урун Кӯҳзод ва дигарон ширкат хоҳанд кард.

144
Барчаспҳо:
Гулназар Келдӣ, Низом Қосим