Бозори Шоҳмансур дар Душанбе

“Қаланфури булғориро гӯё аз Булғористон овардаанд”: вазъи нархи наво дар бозорҳои пойтахт

499
(Таҷдидшуда 18:13 30.05.2017)
Фурӯшандаҳо ва харидорон мегӯянд, мол то соҳибашро дарёфт кардан, чанд маротиба дар гардиш қарор мегирад, ки далели гарон шудани нархҳо дар бозорҳои шаҳри Душанбе аст

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Бозори "Шоҳмансур" яке аз калонтарин бозорҳои шаҳри Душанбе аст.

Пештар хабар дода шуд, ки дар моҳи Рамазон нархи маҳсулот дар бозорҳои пойтахт гарон шуданд.  Тавре фурӯшандагон ва харидорон қайд мекунанд, дар бозори Шоҳмансури пойтахт нархҳо доим боло мераванд.

Саид ном фурӯшандаи себ мегӯяд, то он даме, ки маҳсулот ба дасти харидор мерсад он чанд маротиба аз "хариду фурӯш" мегузарад ва ҳар нафар нархи иловагии худашро мегузорад.

"Себ ҳангоми тирамоҳ ва баҳор аз 13 сомонӣ болотар меистад. Тобистон нархи он камтар поён мешавад ва сипас боз гарон мегардад.  Ман бештар себи ванҷӣ мефурӯшам.  Себи Ванҷ серхаридор аст.  Даллолҳо ба  ноҳияи мазкур рафта, аз сокинон килуи себро 5-сомнӣ харида мегиранд. Ба мо бошад  10 сомонӣ мефурӯшанд. Мо нархи худамонро мегузорем. Ҳар кас кӯшиш мекунад, ки фоида ба даст орад",- гуфт Саид.

Ба фикри фурӯшанда, хуб мешуд, агар худи деҳқонон маҳсулоташонро дар бозор фурӯшанд. Аммо онҳо маҷбуранд, ки ба ҳаннот маҳсултро қариб муфт диҳанд. Ба гуфтаи фурӯшанда бозор аз ҷониби чанд касе инҳисор шудааст. Агар деҳқон худаш ба бозор омада, савдо кунад, ба даллолон фоидае намерасад. Ҳаннот таҳо як картошкаро аз харидааш се чор маротиба гаронтар мефурӯшад.

"Агар деҳқон себзаминиро бо нархи 1 сомонӣ фурӯхт,  дар бозор он бо арзиши 4-5 сомонӣ фурӯхта мешавад.  Ин ҷо аллакай ҷойи фурӯш барои як сол фурӯхта шудааст. Деҳқон аз даллол дида 5 мротиба камтар фоида мебинад.  Даллолон бошанд, бе ягон мушкилӣ дар як ҳафта аз он ҳам зиёдтар фоида мегиранд",- мегӯяд вай.

Маҳбуба занест, ки доим ба бозор барои харид меояд.

"Ман ба бозор бисёр меоям ва нархҳоро диққат медиҳам.  Нарх дар бозор на танҳо дар моҳи Рамазон боло меравад.  Худатон фикр кунед, нархи картошка моҳи апрели соли 2016 1 сомониву 85 дирамро ташкил мекард, моҳи декабр бошад, 2 сомониву 10 дирам шуд.  Моҳи апрели соли 2017 нархи картошка ба 3 сомониву 90 дирам баробар шуд.  Ҳоло бошад, себзаминӣ дар бозорҳои пойтахт вобаста ба сифаташ аз 4 сомонӣ боло меистад.  Фарзандони ман лимончойро дӯст медоранд.  Ҳоло дар бозор нархи лимон аз 13 сомонӣ болотар меистад. Зардолу аз 7 то 10 сомонӣ, гелос аз 17 то 20 сомонӣ нарх дорад.  Сабзӣ ҳам гарон шудааст. Агар он моҳи апрели соли 2016 1 сомониву 15 дирам буд, ҳоло аз 2.80 болотар аст",- мегӯяд Маҳбуба.

Нархи қаланфури булғорӣ бошад, гӯё аз Булғористон оварда бошанд, дар осомон аст. Як килуи он 14 сомонӣ болотар аст, илова мекунад зан.

Ба гуфтаи Маҳбуба, дугонааш барои харид дигар ба бозорҳои Душанбе намерафтааст. Вай бо шавҳараш ба ноҳияи Турсунзода рафта аз он ҷо меваву сабзавот мехаридаанд.

"Бодрингро метавон аз деҳқон бо нархи 30 дирам харидорӣ кард. Картошкаро 50 дирам. Ман акнун танҳо барои харидани кабудӣ ба бозор меоям",- мегӯяд бо табассум зан.

Як нафар сокини дигари шаҳр Насим дер боз дар қатори  фурӯши гӯшт давр мезанад, аммо наметавонад гӯшт харад. Ин маҳсулот дар бозор ба болои он ки пастсифат аст, камёфт шудааст.

 "Фурушандагон бо гӯшт чӣ кор мекарда бошанд? Ин гуштҳо тамоман мазза надоранд. Ба болои ин маҳсулоти  тозаро на аз бозор на аз мағоза дарёфт кард. Фурӯшандагон интизоранд, ки боз кай метавон нархҳоро боло бардошт. Нархи гӯшт на танҳо дар моҳи Рамазон боло меравад. Моҳи апрели соли газашта нархи он 30 сомониро ташкил медод, апрели ҳамин сол 34 сомонӣ шуд ва ҳоло 36 сомонӣ аст",- шикоят мекунад Насим.

Одамони  тангдаст ба бозор намеоянд, мегӯяд Ҳабиба ном фурӯшандаи кабудӣ. Ба гуфтаи вай онҳо тавони аз бозор харид карданро надоранд- барои ҳамин ҳам соати 5 саҳар  ба Гипразем — бозори "Деҳқон" ва ё ба Автовакзал —бозори "Аҷина" мераванд.

"Намедонам, ки онҳо ба кадом восита соати 5 саҳар дар он ҷо ҳозир мешаванд. Онҳо охир мошин наранд. Медонам, ки бечораҳо аз он ҷо танҳо сабзавот мехаранд. Ба фикри ман барои харидории мева маблағ надоранд. Барои  камбағалон ҳама маҳсулот  қиммат аст, аммо барои дороён бошад аз гарон шудани нарх фарқе нест. Барои онҳо муҳим нест, ки картошка 4 сомонӣ аст ё 5",- мегӯяд вай.

Комиларо боло рафтани нархҳо ба ҳайрат овардааст. Ин зани ҷавон фурӯшандагонро зери танқид қарор медиҳад.

"Ин бетартибиро бинед. Ҳастанд фурӯшандагоне, ки дар як рӯз панҷ маротиба намоз механанд, аммо онҳо виҷдон надоранд. Ба Худо бовар доранду одамонро фиреб медиҳанд. Онҳо чӣ гуна метавонанд, ки дар ин моҳи муборак, ки бояд аз гуноҳҳо пок шуду ба наздикон кӯмак расонанд, ин хел рафтор мекунанд?",- савол мегузорад вай.

499
Барчаспҳо:
моҳи Рамазон, гарон шудани нарх, бозори "Шоҳмансур", фурӯшандагон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Моҳи мубораки Рамазон - 2017 (25)
Интихоботи Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Интихоботи президентӣ: Ҳизби аграрӣ ҳам номзад пешниҳод мекунад

6
(Таҷдидшуда 19:18 13.08.2020)
Ҳизби аграрии Тоҷикистон анҷумани ғайринавбатии худро даъват кардааст, то номзади худро дар интихоботи президентӣ пешниҳод кунад

Душанбе, 13 август - Sputnik. Рустам Латипов, раиси Ҳизби аграрӣ, дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин анҷуман қарор аст соати 09:00 – и рӯзи шанбе, 15 август дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор шавад.

"Мо ҳудуди 130 намояндаи худро аз шуъбаҳои Ҳизби аграрӣ дар саросари кишвар даъват кардаем. Ду масъала дар рӯзномаи маҷлис аст. Яке, ширкати ҳизб дар интихоботи президентӣ ва дигаре, пешниҳоди номзад", - гуфт Рустам Латипов.

Ҳизби аграрии Тоҷикистон 15 ноябри соли 2005 таъсис ёфта, дар интихоботҳои президентии солҳои 2006 ва 2013 низ ширкат кардааст.

Дар интихоботи президентии соли 2006 номзади ҳизб раиси он Амир Қароқулов буд, ки бино ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйгирии Тоҷикистон, 5,2 дарсади раъйи мардумро ба даст оварда буд.

Таъйини интихобот ба рӯзи 13 сентябри соли 2020

Дар интихоботи президентии соли 2013 Ҳизби аграрӣ номзадии Толиббек Бухориев, муовини раиси ҳизбро пешниҳод кард, ки 4,61 дарсад раъй гирифт.

Интихоботи президентии Тоҷикистон 11 октябри соли равон баргузор мешавад. То ба ҳол ҳеҷ як аз номзадҳо маълум нестанд.

6
Барчаспҳо:
ҳизб, чор ҳизб, Тоҷикистон, интихобот
Мужчина в защитной маске

Рӯ ба коҳишёбӣ ниҳодааст: омори нави коронавирус дар Тоҷикистон

112
Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 38 мавориди ҷадиди мубталошавӣ ба маризии сироятии коронавирус ошкор гардидааст

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Бо илова шудани 38 мавориди ҷадид, ки шабонарӯзи гузашта ба қайд гирифта шуд, теъдоди умумии гирифторон ба ин беморӣ 7950 нафарро ташкил медиҳад.

Бар хабари котиботи Вазорати тандурустии кишвар, дар муддати аз 30 апрел то санаи 13 августтеъдоди маризонро 7950 нафар ташкил дода, дар мамлакат 6741  (84,7%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфтанд.

Фавти боз як дардманди коронавирус дар Тоҷикистон: вазорат тасдиқ кард

Вазорат таъйид намудааст, ки шабонарӯзи гузашта аз ин маризи нафаре фавт накардаст ва теъдоди қурбониён 63 нафар аст.

"Дар шабонарӯзи охир таҳти назорати табибон 86 нафар гумонбарон қарор дошта, 45 нафар бемор баъд аз табобат аз муассисаҳо ба хона ҷавоб дода шуданд", омадааст дар хабар.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

112
Барчаспҳо:
маризӣ, омор, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон