Далели сар задани сӯхторро дар бозорҳои ноҳияи Фархор ВКД шарҳ дод

Обуна шудан
Далели сар задани сӯхтор расиши кӯтоҳ дар ноқилҳои хати барқӣ буда, сӯхтор дар натиҷаи вазидани шамоли сахт ба амал омадааст

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Вазорати умури дохилаи ҶТ расман сабаби сар задани сӯхторро дар ду бозори ноҳияи Фархор шарҳ дод.

"30 майи соли 2017, соати 17:10-дақиқа дар натиҷаи вазидани шамоли сахт ноқилҳои симчӯбҳо оташ гирифта, дар қисме аз мағозаҳои бозорҳои ҶДММ "Фархор" ва ҶДММ "Дунё" воқеъ дар ноҳияи Фархор сӯхтор сар задааст",- менависад манбаъ.

Бино бар гузориши равобити умуми ВУД ҶТ, ба  ба ҷои ҳодисаи сӯхтор фавран нақлиётҳои оташнишонӣ бо ҳайати шахсӣ сафарбар гардида, сӯхтор бо пуррагӣ хомӯш карда шудааст.

"Сабаби сар задани сӯхтор расиши кӯтоҳ дар ноқилҳои хати барқӣ мебошад, ки тавассути бозори ҶДММ "Фархор" аз болои дуконҳои савдо мегузашт ва дар натиҷаи вазидани шамоли сахт ба амал омадааст",- қайд мегардад дар гузориш.

Ҳангоми сӯхтор ягон нафар ҷароҳати ҷисмонӣ набардошта, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Барои муайян кардани зарари расонидашуда аз сӯхтор комиссияи махсус аз ҳисоби мақомотҳои дахлдор таъсис гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0