Намоишгоҳи байналмилаии  Китоби Душанбе, акс аз бойгонӣ

Имрӯз дар шаҳру навоҳиҳои Тоҷикистон барои кӯдакони ятим дастархони идона ороста шуд

29
Имрӯз бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи кӯдакон дар шаҳру навоҳиҳои кишвар барои кӯдакони ятиму имконияташон маҳдуд дастахони идона ороста шуд
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Имрӯ дар шаҳру навоҳиҳои кишвар Рӯзи ҷаҳонии кӯдакон таҷлил гашт. Бастагӣ ба иди кӯдакон маросимҳо баргузор карда шуд.
Тавре равобити умуми Ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад, имаи дуюми рӯзи 1 июн бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар чойхонаи "Роҳат"-и шаҳри Бӯстон барои зиёда аз 60 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд, ятим ва аз оилаҳои ниёзманди шаҳр бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва роҳбарияти чойхонаи "Роҳат" дастурхони идона густурда шуд.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Мамнур Нурзода нахуст кӯдаконро ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон аз номи роҳбарияти шаҳр таҳният гуфт.

Сипас барномаи фарҳангӣ пешниҳод гардида, дар интиҳо ба иштирокдорон туҳфаҳои хотиравии идона тақдим карда шуд. Волидон ин амали хайрро хуш пазируфта, изҳори сипосмандии хешро баён намуданд.

Чунин чорабиниҳо дар ноҳияи Ашт, Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Хуҷанд низ баргузор карда шуданд.

29
Барчаспҳо:
дастархони идона, кӯдакон, Тоҷикистон