Тангащои бозёфтшуда аз даврони  Иван Грозни

Як қочоқбари ашёи торихиву фарҳангӣ дар фурудгоҳи Душанбе дастгир шуд

79
(Таҷдидшуда 09:24 02.06.2017)
Дар паи баргузории амалиёти ҷустуҷӯии кормандони Идораи Вазорати корҳои дохилӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе дар парвозҳои Душанбе - Маскав як марди 39-солаи сокини шаҳри Норак дастгир карда шуд
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе, хатсайри самти "Душанбе-Москва" аз ҷониби кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёт, марди 39-солаи сокини шаҳри Норак дастгир карда шуд.

Дар вақти санҷиши бағоҷи гумонбаршуда, аз ӯ 14-адад тангаҳои гуногун ва як адад нишони сарисинагӣ дарёфт ва мусодира карда шуд, ки мувофиқи хулосаи мутахассисони соҳаи фарҳанги ҷумҳурӣ тангаҳои мусодирашудаи мазкур дорои қиммати таърихиву фарҳангӣ-нумизматикӣ ва осорхонавӣ буда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқоли ғайрирасмии онҳо аз ҳудуди ҷумҳурӣ берун манъ карда шудааст.

Тибқи иттилои Вазорати умури дохилаи ҶТ, тангаҳои мусодирашуда: як адад тангаи фулузии "5-Марка", соли бароришаш 1925, як адад тангаи фулузии ҷашнии "Марк", соли бароришаш 1910, як адад сиккаи фулузии "Вилгелма ва Августо", соли бароришаш 1961, як адад сиккаи тангаи фулузии "Вилгелм-2", соли бароришаш 1910, як адад тангаи фулузии "Паул ван Хиноенбург", соли бароришаш 1935, як адад тангаи фулузии "Франк АОС Император Австрия", соли бароришаш 1981, як адад сиккаи тангаи фулузии "2-Лево", соли бароришаш 1882, як адад тангаи фулузии "Один рубл", соли бароришаш 1924, як адад тангаи фулузии "Николай-2", соли бароришаш 1897, як адад сиккаи тангаи фулузии "Один полтинник", соли бароришаш 1925, як адад тангаи фулузии "50-Копеек", соли бароришаш 1922 ва ду адад тангаҳои рангашон заррин, ки ба заробхонаи шаҳри Ҳисор, асри 17-18 тааллуқ доранд ва як адад нишони сарисинагии "Материнская Слава" иборат мебошанд.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

79
Барчаспҳо:
сикка, фарҳанг, сокини ноҳияи Норак, Тоҷикистон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Тағйироти кадрӣ бо 7 фармони Раҳмон: аз мақоми нави Давлаталӣ Назрӣ то сардори разведка

1551
(Таҷдидшуда 21:03 28.09.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз бо имзои 7 фармону як қарор дар сохтори Вазорати умури хориҷӣ ва Гвардияи миллии ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Бо фармони раисиҷумҳур, полковник Сатторов Ҳасан Мирзоевич сардори Раёсати разведкаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур бо фармони раисиҷумҳур аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон озод гардида, бо қарори Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмиллалии наҷоти Арал таъйин шуд.

Бобокалонзода Луқмон сафири нави Тоҷикистон дар Ҳиндустон таъйин гардид.

Холбобоев Файзулло Самадович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Украина озод гардида, ба ҷои ӯ Назризода Давлаталӣ Ҳайдар, сафири Тоҷикистон дар Украина таъйин шуд.

Имом Шарофиддин Зуҳуриддинзода бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон озод карда шуд. Шарифӣ Саъдӣ сафири нави Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таъйин гардид.

1551
Тонущий человек, архивное фото

Корманди БДА дар Суғд донишҷӯдухтарро аз худкушӣ наҷот дод

725
Раҳматзода Даврон, муовини сардори Бозрасии давлатии автомобилии Суғд ҳамин чанд лаҳза пеш бо иҷрои як амали фаврии худ, аз худкушии як донишҷӯдухтар дар Сирдарёи Хуҷанд пешгирӣ кард

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Чанд нафар аз шоҳидони ҳодиса ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳудуди як соат пеш як донишҷӯдухтари тақрибан 18 - сола ба қасди худкушӣ худро аз болои пул ба дарё сарозер намудааст.

Раҳматзода, ки ин ҳангом барои иҷрои вазифаҳои хидматӣ аз болои купрук мегузашт, манзари ғарқшавиро дида, фавран бо қаиқ ба маҳалли ҳодиса шитофта, донишҷӯдухтарро, ки дар ҳоли фурӯрафтан ба коми дарё буд, ҳамроҳ бо кормандони ситоди ҳолатҳои фавқулода аз об зинда берун кашидаанд.

Фахриддини Аваззод, корманди БДА Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ба маҳзи кӯшиши ҳамкораш Раҳматзода ва кормандони КҲФ дар Суғд, он духтарча аз вартаи худкушӣ раҳо шудааст.

"Агар Раҳматзода ва кормандони КҲФ фавран ба қаҳри дарё намерасиданд, шояд ин донишҷӯдухтар ба ҳалокат мерасид. Худоро шукр, ки зинда монд ва аз ғарқшавӣ наҷот дода шуд”, - иброз намуд, Аваззод.

Ба иттилои манбаъ, зимнан донишҷӯдухтарро ба Бемористони шаҳрии № 1 Хуҷанд интиқол додаанд ва баъди пурра ба худ омадан аз вай сабаби даст ба чунин амал заданашро пурсон мекунанд. Дафъаҳои охир хабарҳо дар бораи даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон дар руду обанборҳо зиёд ба нашр мерасад.

"Кӯмак кунед, кӯмак кунед": як ҷавони тоҷик дар Русия ғарқ шудааст

Субҳи имрӯз, дафтари матбуоти КҲФ Тоҷикистон аз дарёфти ду ҷасад аз дарёи Вахш хабар дод. Бар пояи эълони КҲФ зани 31 - солаи сокини ноҳияи Ёвон рӯзи 27 сентябр ҳамроҳ бо духтарчаи 9 - солааш дар дарёи Вахш ғарқ шуд.

725
Барчаспҳо:
донишҷӯдухтар, ғарқ, Суғд