Бозор, акс аз бойгонӣ

Соҳибкорони бозорҳои шаҳру навоҳии ВМКБ нархи наворо дар моҳи Рамазон арзон карданд

292
(Таҷдидшуда 13:15 03.06.2017)
Фурӯшандаҳо тасмим гирифтанд, ки дар моҳи мубораки Рамазон арзиши маҳсулоти ниёзи аввалро каме поён кунанд

ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Дар  бозорҳои шаҳру навоҳии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар моҳи Рамазон нархи маҳсулот арзон гардид.

Тавре ба Sputnik Тоҷикистон сардори Шӯъбаи хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҶТ дар вилояти Бадахшон Насриддин Сабзалиев  хабар дод, ҳоло вазъи нархи наво дар бозорҳои шаҳру навоҳии ВМКБ мӯътадил буда,  ҳатто каме поён рафтааст.

Ба гуфтаи вай, арзиши маҳсулоти ниёзи аввал дар ин моҳ дар бозорҳо тағйир наёфтааст ва баръакас каме поён шудааст.

"Соҳибкорон бо иқдоми худ нархи маҳсулотро дар моҳи шариф каме арзонтар карданд",- афзуд манбаъ.

Тавре ӯ қайд кард, пештар нархи картошка каме гарон шудааст, ки он ҳам аз ҷониби раёсати бозорҳо ба танзим дароварда шудаст.

Ба гуфтаи Насриддин Сабзалиев, маҳсулоти кишоварзӣ ба Бадахшон аз вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе ворид мешавад. Барои ҳамин аз шаҳри Душанбе дида, нархи наво каме қимматтар аст.

Аммо арзиши гӯшт назар ба дигар минтақаҳои Тоҷикистон дар Бадахшон арзонтар — килуи он 28-29 сомонӣ будааст.

"Мизоҷон агар гӯштро бисёртар харидорӣ кунанд, метавон килуи онро 25-26 сомонӣ харида гирифт",- илова намуд вай.

Аммо  дар ду наҳияе,  ки дар ВКМБ дурдаст ба ҳисоб меравад —  Ишкошим ва Мурғоб вазъи  нархи наво  гаронтар аст.

Ҳоло килуи  нархи маҳсулот дар ду бозори маркази вилоят шаҳри Хоруғ- Бозори шаҳри Хоруғ ва "20-солагии истиқололият" чунин аст:

Шакар 7.5 сомонӣ

Шир 5 сомонӣ

Биринҷ 9 сомонӣ

Макарон 6 сомонӣ

Макарони воридотӣ 10 сомонӣ

Гӯшт: гӯшти гов 29сомонӣ,  гӯшти гусфанд 30 сомонӣ

Помидор 7 сомонӣ

Бодиринг 4 сомонӣ

Картошка 5 сомонӣ

Пиёз 3 сомонӣ

Карам  2,5 сомонӣ

Сабзӣ 4 сомонӣ

Линчаи орд  навъи якум — 170 сомонӣ, навъи дуввум-155 сомонӣ, як литр  равғани  пахта 11 сомонӣ, равғани растанӣ 12 сомонӣ ва 1 дона тухм 90 дирам аст.

Тавре сардори шуъба гуфт,  нархи маҳсулот дар бозорҳои навоҳиҳои гирду атрофи шаҳри Хоруғ низ якхела буда, агар фарқ кунад ҳам 10 дирам қиматтар будааст.

292
Барчаспҳо:
нархи наво, маҳсулот, моҳи Рамазон, Насриддин Сабзалиев, ВМКБ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Моҳи мубораки Рамазон - 2017 (25)
Глава МИД РТ провел встречу зам главой МИД РФ Андрейем Руденко

Мулоқоти Русия ва Тоҷикистон дар Душанбе: тарафҳо чӣ масоилро баррасӣ карданд

41
(Таҷдидшуда 01:40 15.08.2020)
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо муовини вазири умури хориҷаи Русия дар шаҳри Душанбе дидор ва гуфтугӯ кард

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо Андрей Руденко муовини вазири умури хориҷаи Русия мулоқот анҷом дод, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ин дидор, масоили муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Русия баррасӣ шуд. 

Гуфта шудааст, дар ин вохӯрӣ масъалаҳои мубрами муносибатҳои шарокати Тоҷикистону Русия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин замина рушди пойдори ҳамкории ду кишвар дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, гуманитарӣ, ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва ғайра таъкид гардид.

Мусоҳибон инчунин роҷеъ ба пешбурди муколамаи вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия, ба хусус дар заминаи татбиқи муқаррароти Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар барои соли 2020 изҳори назар намуданд.

Ду тараф перомуни ҳамкории Душанбе ва Маскав дар чорчӯби қавонини Созмонҳои байналамилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, ҷомеаи ҳамсуд, Созмон Ҳамкории Шанхай, Созмон паймони амнияти ҷамъӣ ва созмони амният ва ҳамкории Аврупо баҳс ва табодули назар карданд.

41
Барчаспҳо:
вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, гуфтугӯ, мулоқот, Душанбе, Русия, Тоҷикистон
Здание парламента Республики Таджикистан

Баррасии ҳамкориҳои парлумонӣ: мулоқоти раиси Маҷлиси намояндагон бо сафири Ҳинд

26
(Таҷдидшуда 01:31 15.08.2020)
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо сафири Ҳинд дар Душанбе дидору мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik.  Ба нақл дафтари матбуоти парлумони Тоҷикистон, Муҳаммадтоҳир Зокирзода, бо Вироҷ Синг сафири Ҳиндустон дар Душнбе дидор ва гуфтугӯ кард.

Муҳаммадато Султонов сухангӯи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфт, дар мулоқот ду тараф дурнмои ҳамкориҳои байни парлумонии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баҳс ва баррасӣ шуд. 

Вай афзуд, дар ин мулоқот таъкид шуд, ки Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба тавсеа ва густариши муносибот бо Ҳинд таваҷҷӯҳи  вижа кунад. 

Бояд қайд кард, ки мақомоти Тоҷикистон ва Ҳиндустон аз соли 1991 то кунун 70 тавофуқнома барои ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф бо якдигар имзо карданд.

Ҳудуди 80 ширкати ҳиндӣ дар Тоҷикстон фаъолият мекунанд.

26
Барчаспҳо:
Душанбе, маҷлис, парлумон, ҳамкорӣ, Ҳинд, Тоҷикистон