Ниҳолшинонии Рустами Эмомалӣ ва Эмомалӣ Раҳмон

Иҷрои супориши Рустам Эмомалӣ: донишҷӯён кӯчаи Гагаринро побел карданд

106
(Таҷдидшуда 11:22 06.06.2017)
Омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва кормандони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва гардишгарӣ кӯчаи Гагарини Душанберо побел карданд

ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии Кумитаи ҷаонон, варзиш ва гардишгарӣ рӯзҳои 3 ва 4 июн бо ибтикори ин ниҳод ҳашар барпо шуд.

Дар ҳашар раиси кумита Аҳтам Абдуллозода кормандони ҳамин ниҳод, омӯзгорону донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, Коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ ва ризокорон ширкат карданд.

Манбаъ меафзояд, ки ҳашар ҷиҳати саҳм гузоштан дар татбиқи қарори раиси шаҳри Душанбе "Дар бораи эълон намудани 150 рӯзи ободонию созандагӣ, ниҳолшинонию кабудизоркунӣ" гузаронида шуд.

Дар ҳашар замини бекорхобидаи назди таваққуфгоҳи нақлиёт воқеъ дар кӯчаи Гагарини ба тартиб дароварда шуд.

Саҳни ин минтақаро аз сангу шағал, ашёҳои фарсудашуда тоза карда заминашро нарм карданд.

  • Ҳашар дар кӯчаи Гагарини шаҳри Душанбе
    Ҳашар дар кӯчаи Гагарини шаҳри Душанбе
    © Фото : Аз равобити умуммии Кумитаи ҷавонон....
  • Ҳашар дар кӯчаи Гагарини шаҳри Душанбе
    Ҳашар дар кӯчаи Гагарини шаҳри Душанбе
    © Фото : Аз равобити умумии Кумитаи ҷавонон
  • Нарм кардани бехи ниҳолҳо
    Нарм кардани бехи ниҳолҳо
    © Фото : Аз равобити умумии КУмитаи ҷавонон
1 / 3
© Фото : Аз равобити умуммии Кумитаи ҷавонон....
Ҳашар дар кӯчаи Гагарини шаҳри Душанбе

Ба гуфтаи масъулин, дар назар аст, ки ин маконро барои истироҳати сокинони пойтахт ба гулгашт табдил диҳанд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ дар пойтахт 150 рӯзи ободонӣ эълон намуд. Иқдоми мири шаҳр дар бораи эълон намудани 150 рӯзи ободонӣ ва ниҳолшинониву кабудизоркунӣ дар пойтахт таҳти унвони "Хуррамгардонии Душанбешаҳр — рисолати сокинони пойтахт!" гузаронида мешавад.

106
Барчаспҳо:
Кумитаи ҷавонон, Душанбе, Тоҷикистон
Мавзуъ
Рустам ҷавонони Душанберо вазифадор кард, дар маъракаи 150 рӯзи ободонӣ иштирок кунанд
Эмомалӣ Раҳмон аз рафти корҳои ободонӣ дар Кӯлоб қаноатманд гашт
На аз кисаи волидон: Рустам Эмомалӣ таъмири мактабро бар дӯши раисони ноҳия вогузошт
Рустам Эмомалӣ бо маводи мухаддир дар Душанбе мубориза мебарад
Аз тоҷикон то хориҷиён: Рустам Эмомалӣ барои сохтусози Душанбе меъмор меҷӯяд