Фесливали палав ва гулҳо дар Хуҷанд, акс аз бойгонӣ

Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои таърихии ИДМ дохил шуд

159
(Таҷдидшуда 16:27 07.06.2017)
Радабандӣ бар пояи таҳлилу пажӯҳишҳои маркази гардишгарӣ тартиб дода шудаст

ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Бунгоҳи пажӯҳишҳои гардишгарии ТурСтат шаҳрҳои қадима ва торихии Иттиҳодияи кишварҳои ҳамсудро муайян кард, ки ба далели осори торихӣ ва фарҳангияшон дар миёни ҷаҳонгардон номдор гаштаанд.

Ин даҳгона шаҳрҳои Туркистон ва Тароз дар Қазоқистон, Самарқанд ва Бухоро дар Узбакистон, Ганҷа дар Озарбойҷон, Витебск дар Белорус, Гюмри дар Арманистон,  Хуҷанд дар Тоҷикистон ва Марв дар Туркманистонро дар бар мегирад.

Радабандӣ дар асоси таҳлили маркази гардишгарӣ тартиб дода шудаст.

Бино бар додаҳои ТурСтат, Туркистон беш аз 1500 сол пешина дорад, ҳамасола аз ин шаҳр 1 милюн гардишгар боздид мекунанд.

Шаҳрҳои Самарқанд ва Бухоро беш аз 2500 сол пешина дошта, ҳамасола беш аз 1 милюн ҷаҳонгардро мепазиранд, гуфта мешавад дар гузориш.

Шаҳри Тароз солона камобеш 500 ҳазор гардишгарро меҳмон мекунад.

Ожонси пажӯҳишӣ торихи шаҳри  Ганҷаро беш аз 4000 сол гуфта, муайян намудааст, ки солиёна 400 ҳазор гардишгар аз он дидан мекунанд.

159
Барчаспҳо:
радабандӣ, тадқиқот, таърих, шаҳри Хуҷанд, Тоҷикистон
Ссора, архивное фото

Давоми шаш моҳ дар Тоҷикистон 5486 оила вайрон шудааст: аз ҳама зиёд дар Суғд

92
(Таҷдидшуда 10:54 13.07.2020)
Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, омори вайроншавии оилаҳо дар шашмоҳаи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфтааст.

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Саодатбибӣ Сироҷзода, сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ Вазорати адлия гфт тайи шаш моҳи соли равон дар кишвар 5486 оила аз ҳам пошидааст.

Номбурда ин нуктаро имрӯз зимн нишасти хабарии вазорат иттилоъ дода гуфт, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 570 адад кам мебошад.

Ба иттилои манбаъ аз ин теъдод 3 974 оила бо қарори додгоҳҳои шаҳру навоҳӣ  ва бо аризаи якяҷоя 1490 оила аз ҳам чудо шудаанд.

Манбаъ мегӯяд, дар пайи ин азҳампошии оилаҳо 5356 кӯдакон ба тарбияи яке аз волидон гузаштанд

Номбурда гуфт,  бештари ҷудошавии оилаҳо дар вилояти суғд ба қайд гирифта шудааст, ки он ба 1922 мерасад.

Хатлон 1930

Омори ҷудошавии оилаҳо дар ВМКБ 80,  дар чор навоҳии пойтат 930 ва дар ноҳияҳои теби марказ ба 1323 мерасад, гуфт, Саодатбибӣ Сироҷзода.

Гуфта мешавад, камшавии оилавайроншавӣ танҳо тайи се моҳи охир ба назар мерасад.

Ёдовар мешавем,  бар асоси оморҳои расмӣ давоми як соли гузашта  12 ҳазору 482 оила аз ҳам пошидааст. Ин рақам дар қиёс ба ду соли гузашта 1 ҳазору 469 ҳолат зиёд будааст.

 

92
Хаким Фузайлов. Архивное фото

Ҳаким Фузайлов сармураббии нави "Хуҷанд" таъйин шуд

67
(Таҷдидшуда 10:31 13.07.2020)
Ҳаким Фузайлов, собиқ футбобози машҳур ва мураббии шинохтаи кишвар, сармураббии тими “Хуҷанд”-и Хуҷанд таъйин гардид

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии бошгоҳ, Ҳаким Фузайлов, собиқ сармураббии тими миллии Тоҷикистон  то охири мавсим “Хуҷанд”-ро тамрин хоҳад дод.

Ба иттилои манбаъ, Никол Лазаревич, ки дар аввали сол сармураббии даста таъйин шуда буд, бинобар бастани сарҳадҳои байни кишварҳо бар асари пандемияи ҷаҳонии коронавирус, ба даста кӯмак карда наметавонад.

Манбаъ мегӯяд, Ҳоло Лазаревич дар зодгоҳаш Сербия қарор дорад.

“Мо маҷбур шудем, ки бо сабаби вазъияти ҷаҳонӣ ва алахусус дар тим баамаломада, сари мизи гуфтушунид нишинем. Дар натиҷаи гуфтушунидҳои пурсамар бо ҳайати мураббиёни кунунӣ ва роҳбарияти клуб, ҷонибҳо ба хулосае омаданд, ки даста сармураббии ниёз дорад. Мутаассифона, Никола Лазаревич дар Сербистон аст ва имкони ҳамроҳ шудан ба дастаро бо сабабҳои, ба ҳама маълум, надорад. Мо бо Ҳаким Каюмович ба мувофиқа расидем, ки ӯ дастаро ба мусобиқаҳои дар пешистодаи ватанӣ ва байналмилалӣ омода мекунад ва мӯҳлати шартнома то охири сол эътибор дорад”-гуфт Муроҷон Умаров, директори иҷроияи Хуҷанд.

Фаъолияти мураббигии Фузайлов охири солҳои 90-ум аз роҳбарии бошгоҳи “Бухоро” ва “Динамо”-и Самарқанд оғоз кардааст. Аз соли 2005 то декабри соли 2011 дар “Ростов” ва “Локомотив”-и Маскав мураббии селексионер буд.

Моҳи январи соли 2012 вай ноиби президенти “Локомотив”  Тошканд оид ба масъалаҳои тарбияи бозигарон таъйин карда шуд. Моҳи майи он сол ба ҳайати мураббиён дохил шуд ва баъдан сармураббии даста шуд.

Ӯ ҳамчунин тими миллииТоҷикистон, дасҳои “Истиқлол”, “Куктош” –ро тамрин дода ахиран  аввали моҳи июл ӯ вазифаи сармураббии бошгоҳт “Каганат”-и Қирғизистонро тарк кард.

67