Презентация книги «Основы дипломатической службы»

Духтари Эмомалӣ Раҳмон дар бораи дипломатияи тоҷик китоб навишт

358
(Таҷдидшуда 17:42 07.06.2017)
Имрӯз дар вазорати корҳои хориҷа маросими рӯнамоии китоби Рухшона Раҳмонова "Асосҳои хизмати дипломатӣ", баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ВКХ ҶТ дар маросими рӯнамоии китоб кормандони вазорат, собиқадорони хидмати дипломатӣ, олимон ва мутахассисони соҳаи сиёсати хориҷӣ ширкаткарданд.

Китоби "Асосҳои хизмати дипломатӣ" асаре аст, ки оид ба мафҳуми дипломатия, заминаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии коркард ва татбиқи сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва ҳадафҳои стратегии кишвар, ҳамкорӣ бо СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилаливу минтақавӣ маълумот медиҳад.

Манбаъ меафзояд, ки китоб дар бораи таърихи мухтасари дипломатияи тоҷик, намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа маълумот медиҳад.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки китоб фарҳанги мухтасари истилоҳоти дипломатӣ ва санадҳои ҳуқуқиву меъёрии танзимкунандаи хидмати дипломатӣ ва робитаҳои хориҷӣ замима шудаанд.

Ин китоб сарсухани дипломати собиқадори тоҷик, академик Талбак Назаров ба шурӯъ мешавад.

Ба сифати дастурамали касбӣ фарогири маҷмӯи иттилооти зарурӣ буда, масири амалкарди кормандони касбии хидмати дипломатиро дар мавридҳои мухталифи хизматӣ равшан менамояд.

Он, бегумон, роҳнамоест барои дипломатҳои ҷавони тоҷик, кормандони ташкилотҳои байналмилалӣ, ҳамчунин донишҷӯёне, ки дипломатия ва муносибатҳои байналмилалиро меомӯзанд.

358
День 10 июля

Ҷашнҳои рӯзи 10 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

27
(Таҷдидшуда 03:32 10.07.2020)
Рӯзи даҳуми июл дар Русия аз Рӯзи қувваҳои ҳарбӣ таҷлил мешавад. Ҳамчунин дар ин рӯз дар Муғулистон Рӯзи парчами давлатӣ ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 10 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1847 аввалин маротиба 35 муҳоҷири кории Чин ба Амрико рафтанд.

День 9 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1925 Агентии Телеграфии Иттиҳоди Шӯравӣ (ТАСС) таъсис дода шуд.

Соли 1962 ширкати америкоии "American Telephone and Telegraph" ба воситаи алоқаи моҳвораи «"elstar" миёни ИМА, Англия ва Фаронса аввалин санҷиши алоқаи телефониро ба роҳ монд.

Соли 2007 аввалин маротиба давоми навад сол дар пойтахти Аргентина боридани барф ба қайд гирифта шуд.

Соли 1878 дар Англия аввалин маротиба довари бозии футбол ҳуштак истифода бурд. То он вақт доварони футбол бо овози баланд фарёд мекарданд.

Ҷашнҳои рӯзи 8 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1913 дар иёлати Калифорнияи ИМА ҳарорати баландтарини ҳаво – 57 дараҷа гармӣ ба қайд гирифта шуд.

Рӯзи 10 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2008 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои дохилии вақти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Зарораҳмад Муқбил масоили ҳамкории байни сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ гардиданд.

День 7 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Сли 2010 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон корхонаи муштараки истеҳсолии Тоҷикистону Юнон "Олимпия" ба кор дароварда шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 6 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2012 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Роғун ташриф оварда, бо ҷараёни корҳои барқарорсозӣ дар Неругоҳи барқи обии "Роғун" шинос шуда, бо фаъолони шаҳр мулоқот анҷом доданд.

Соли 2012 ширкати хавопаймоии  "Тоҷик Эйр" аввалин парвози худро ба самти Душанбе-Боку-Душанбе анҷом дод.

 

Самолет авиакомпании Таджик Эйр, архивное фото
© Пресс-служба авиакомпании "Tajik Air"
Самолет авиакомпании "Таджик Эйр", архивное фото

 

Соли 2014 ҷавони тоҷик Шаҳром Сулаймонов  беҳтарин футболбози Русия интихоб гардид.

Соли 2017 дар чемпионати XXII Осиё оид ба варзиши сабук, ки дар шаҳри Бҳубанешвари Ҳиндустон баргузор гардид, варзишгари маъруфи тоҷик, чемпиони Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро-2016 Дилшод Назаров дар намуди гурзандозӣ маротибаи чаҳорум чемпиони Осиё шуд.

 

Дилшод Назаров на летних Азиатских играх 2018 в Джакарте
© AP / Lee Jin-man
Дилшод Назаров на летних Азиатских играх 2018 в Джакарте

Соли 2017 Телевизиони Ӯзбекистон филми мустанади "Ӯзбекистон-Тоҷикистон: дӯстие, ки аз санҷиши замон гузаштааст"-ро, ки онро шабакаи телевизиони "O‘zbekiston" таҳия кардааст, намоиш дод.

 

Ҷашнҳои рӯзи 10 июл

Дар Мавритания — Рӯзи армия.

Дар Муғулистон – Рӯзи Парчами давлатӣ.

Дар Русия – Рӯзи қувваҳои ҳарбӣ.

Рӯзи 10 июл дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Солҳои (1913-1982) – ходими давлатӣ Ҷаббор Расулов.

Солҳои (1914-1995) – академик Муҳаммадқул Нарзиқулов.

Солҳои (1926-2000)  – Ҳофизи миллии Тоҷикистон Иброҳим Кобулиев.

Соли 1959 – адабиётшинос Аъзами Яздонӣ.

27
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон
Юсуф Зиёев, маҳкумшуда барои таҷовуз ба номуси духтарчаи сесола

Эълони ҷазои Зиёев барои таҷовузи духтарчаи сесола - акс

7990
(Таҷдидшуда 23:53 09.07.2020)
Додгоҳи шаҳри Душанбе Зиёев Юсуфро дар таҷовуз ба номуси духтарчаи сесола гунаҳкор дониста, барои як умр равонаи зиндон кард

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии додгоҳи пойтахт, ҳукми зиндони Зиёев Юсуф имрӯз, 9 июли соли 2020 дар мурофиаи пӯшидаи судӣ эълон гардид.

  • Юсуф Зиёев, маҳкумшуда барои таҷовуз ба номуси духтарчаи сесола
    Юсуф Зиёев, маҳкумшуда барои таҷовуз ба номуси духтарчаи сесола
    дафтари матбуоти додгоҳи Душанбе
  • Судя ҳукми Юсуф Зиёев, маҳкумшуда барои таҷовуз ба номуси духтарчаи сесоларо мехонад
    Судя ҳукми Юсуф Зиёев, маҳкумшуда барои таҷовуз ба номуси духтарчаи сесоларо мехонад
    дафтари матбуоти додгоҳи Душанбе
  • Юсуф Зиёев, маҳкумшуда барои таҷовуз ба номуси духтарчаи сесола
    Юсуф Зиёев, маҳкумшуда барои таҷовуз ба номуси духтарчаи сесола
    дафтари матбуоти додгоҳи Душанбе
1 / 3
дафтари матбуоти додгоҳи Душанбе
Юсуф Зиёев, маҳкумшуда барои таҷовуз ба номуси духтарчаи сесола

Ба иттилои манбаъ,  бо ҳукми суди шаҳри Душанбе, Зиёев Юсуф Раҷабалиевич бо моддаҳои 138 қисми 3 банди “а”, 139 қисми 4 банди “а”  ва  127 қисми 1  КҶ  Ҷумҳурии  Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ ҷазоҳои зерин таъйин кардааст.

"Бо моддаи 138 қисми 3 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди якумра аз озодӣ маҳрум сохтан, бо моддаи 139 қисми 4 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 20 (бист) сол ва бо моддаи 127 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ ба муҳлати 2 (ду) сол таъин карда шуд"-афзуд манбаъ.

Ҳамин тавр, додгоҳи пойтахт мутобиқи қисми 4-и моддаи 67 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Зиёев Юсуф Раҷабалиевич ҷазои ниҳоӣ дар намуди ҳабси якумра дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми махсус таъйин кардаааст.

Феълан назари маҳкумшуда ва ҷониби ҳимояаш дар бораи қазия ва ҳукми додгоҳ маълум нест.

7990