Рустам Эмомалӣ ба бунёди мактабҳои нав заминагузорӣ кард

© Фото : Сайт / DushanbeРустам Эмомали на строительстве новой школы
Рустам Эмомали на строительстве новой школы - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дирӯз шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ ба бунёди як силсила иншооти нав заминагузорӣ кард
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Тавре шаҳрдории Душанбе иттилоъ медиҳад, рӯзи гузашта раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ дар пойтахт ба  бунёд ва ифтитоҳи як силсила иншооти нав заминагузорӣ кард. 
Тибқи иттилои манбаъ, раиси шаҳрдар пойтахт якбора барои бунёди биноҳо дар се мактаби шаҳри Душанбе асос гузоштааст.   Сараввал дар муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумии № 6 —и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои сохтмони бинои иловагии таълимӣ барои 1200  ҷойи нишаст санги асос гузошт. Айни ҳол мактаб дорои 740 ҷойи нишаст буда, дар он дар ду баст 1241 нафар хонанда таҳсил мекардаанд.

Илова бар ин, имрӯз  ба бунёди мактаби нав — Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №102, 11 дар кӯчаи "Дӯстии халқҳо"-и ноҳияи Шоҳмансур ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ  замина гузошта шуд. 

Зимни боздид аз маҳалли сохтмон ва суҳбату мулоқот бо сохтмончиён Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи бинокоронро ба баланд бардоштани сифату самараи корҳои бунёдӣ бо истифода аз масолеҳи хушсифат ва боз ҳам беҳтару хубтар  муҳайё кардани шароити арзанда барои сокинон равона сохтанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи гузашта  раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ дар пойтахт маркази истироҳатии "Обшорон" — калонтарин боғи обӣ дар мамлакатро ба баҳрабардорӣ расонда буд.

Лентаи хабарҳо
0