Супориши Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Иди саиди Фитр

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мардуми шарифи Тоҷикистон дастурхони хоксорона ороста, ба исрофкорӣ ва зоҳирпарастиву зиёдаравӣ роҳ надиҳанд

ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, имрӯз раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар бастагӣ бо Иди Фитр ва идгардак расман супориш додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, "мардуми шарифи Тоҷикистон дастурхони хоксорона ороста, ба исрофкорӣ ва зоҳирпарастиву зиёдаравӣ роҳ надиҳанд".

"Дар арафаи иди саиди Фитр  раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки ҳангоми оростани дастархони идона мардуми шарифи Тоҷикистон дастурхони хоксорона ороста, ба исрофкорӣ ва зоҳирпарастиву зиёдаравӣ роҳ надиҳанд, сарфаю сариштакор ва босабру таҳаммул бошанд ва ба ҷойи дастурхони серхарҷ хони маънавӣ ороянд",- омадааст дар гузориш.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз Шӯрои уламои Тоҷикистон Иди Фитрро дар кишвар эълон кард. Иди Рамазон дар Тоҷикистон рӯзи 26-уми июн ҷашн гирифта мешавад  ва намоизи ид 06:00 субҳ хонда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0