Намози Иди Фитр дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Мусулмонони Тоҷикистон бомдоди имрӯз намози иди Фитрро адо карданд

104
(Таҷдидшуда 12:32 26.06.2017)
Мусулмонони Тоҷикистон бомдоди рӯзи 26 июн дар масоҷиди ҷомеъи кишвар намози иди Рамазонро хонданд

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Намози иди Фитр дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе бо амри маъруф ва суханони табрикии Саидмукаррам Абдулқодирзода — раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон баргузор шуд.

Иди Фитр яке аз ду иди бузурги мусулмонон аст, ки он ҳамасола дар рӯзи аввали моҳи шаввол, пас аз поёни моҳи рамазон баргузор мешавад. Дар Тоҷикистон ин рӯз таътили умумӣ эълом шудааст.

Ин ҷашни муборак пас аз анҷом ёфтани моҳи шарифи Рамазон таҷлил мегардад. Дар ин рӯз мардум либосҳои тоза ба бар намуда, ба ҳамдигар тӯҳфаҳо тақдим мекунанд. Мардуми Тоҷикистон мувофиқи қонун "Дар бораи рӯзҳои истироҳатӣ" дар ин рӯз истироҳат мекунанд. Тамоми мусулмонони ҷаҳон дар ин рӯз ба хонаҳои ҳамдигар ба меҳмонӣ рафта ба якдигар сулҳу салоҳ таманно мекунанд.

Иди Рамазон дар кишварҳои мусулмоннишин аз як то се рӯз қайд карда мешавад. Дар рӯзи аввал мардум бо либоси тоза ба масҷидҳо рафта намози ид мегузоранд. Дар рӯзҳои баъдӣ бошад дастархони идона ороста ба хонаҳои ҳамдигар ба меҳмонӣ мераванд.

Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пештар шаҳрвандони Тоҷикистонро ҳангоми оростани хони ҷашнӣ ба сарфакорӣ даъват кард.

104
Барчаспҳо:
намоз, ид, Рамазон, Саидмукаррам Абдулқодирзода, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Моҳи мубораки Рамазон - 2017 (25)
Мавзуъ
Моҳи Рамазон: милисаҳо тарбузро ройгону гуштро 20-сомонӣ хариданд
Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз сарфакорӣ дар Иди Рамазон ёдрас кард
Иди Рамазон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ: 4 рӯзи истироҳатӣ дар Тоҷикистон
Маъруфджон ва Солехахон Мансуровы

Беҳтар шуда буданд: даргузашти пайи ҳами зану шавҳар Маъруфҷон ва Солеҳахон аз коронавирус

137
(Таҷдидшуда 14:31 28.01.2021)
Манзили хонаводаи Мансуровҳо дар Конибодом чанд рӯз пайи ҳам ба мотамхона табдил ёфт - падару модари хонавода Маъруфҷон ва Солеҳахон якбора дар пайи сироятёбӣ аз коронавирус ҷон ба Ҷонофарид супурданд

ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Зану шавҳаре аз Тоҷикистон қурбони бемории ҳамагири коронавирус шуданд. 

Маъруфҷони 72-сола ва Солеҳахони 68-сола, зодагони шаҳри Конибодом нобаҳангом зимни сафар ба Русия ба бемории КОВИД-19 гирифтор шудаву мутаассифона, табибон натавонистанд онҳоро наҷот диҳанд.

Хабари даргузашти нобаҳангоми зану шавҳар шоми дирӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид, аммо далели даргузашти онҳоро касе шарҳ надод.

Ба Sputnik Тоҷикистон муяссар шуд, ки баъзе ҷузъиёти марги мармузи волидони хонаводаро ошкор кунад.

Ба қавли яке аз наздикони хонавода, Маъруфҷон ва Солеҳахон дар пайи сироятёбӣ аз коронавирус дар Русия даргузаштаву тобути онҳо ба Тоҷикистон интиқол ёфт ва дар Конибодом зану шавҳарро пайи ҳам ба қабр гузоштанд.

Онҳо ҳамагӣ ду моҳ пеш барои хабаргирии фарзандон ва таҷлили якҷояи соли нав ба Маскав сафар карда буданд.

Ба қавли манбаи Sputnik Тоҷикистон, охирҳои моҳи декабр Солеҳахон Мансурова зодрӯз дошт. Чанд рӯз пас аз ҷашни мавлуд маълум шудааст, ки зан ба коронавирус гирифтор шудааст.

"Ба ҷашни зодрӯз маъракаи ороста буданд. Шояд, маҳз дар ҳамон маърака бошад ба коронавирус сироят ёфтаанд, аллакай 27-уми декабр ташхиси коронавирус мусбат баромадааст", - гуфт вай.

Ба қавли наздики хонавода, сипас ташхиси падари хонавода низ мусбӣ баромад ва ҳарду пайи ҳам ба бемористон интиқол ёфтанд.

"Онҳо қариб тамоми моҳи январ дар шӯъбаи эҳёи бемористон буданд. Аммо мутаассифона ҳарду ҳам даргузаштанд", - гуфт бо изҳори таассуф ӯ.

Ба қавли манбаи Sputnik Тоҷикистон Солеҳахон Мансурова чанд рӯз пеш аз марг пас аз кома (беҳушӣ) ба худ омадаву худро беҳтар ҳис кардааст, аммо нобаҳангом даргузаштааст.

Мотам дар Донишгоҳи Хуҷанд: Масаид Шерматов, ихтироъкори маъруфи кишвар аз олам даргузашт

"Фарзандон чанд рӯз тобути модарро дар Маскав нигоҳ доштанд, то баъди каме беҳтар шудани падар ба Конибодом раванд".

Ба гуфтаи вай, вақте падари хонавода низ ба ҳуш омадаву каме худро беҳтар ҳис мекунад, фарзандон тобути модарро ба Конибодом мебаранд, аммо ҳамагӣ пас аз як рӯзи рафтанашон, мард ҳам якбора вазнин шуда, табибон натавонистаанд ӯро наҷот диҳанд.

Тоҷирони тоҷик тобути Маъруфҷон Мансуровро ба Конибодом бурдаву рӯзи гузашта пас аз ҳудудан се рӯзи ҷанозаи ҳамсараш, ӯ низ ба хок супурда шудааст.

"Шояд тақдир ва нону насиб гӯянд, ҳарду ҳам ба беҳтарин бемористонҳои Маскав хобонида шуда буданд ва духтурони маъруфи Русия табобати онҳоро ба дӯш гирифта буданду ба онҳо даст надод, ки наҷоташон диҳанд", - гуфт вай бо таассуф.

Маъракаи ҷаноза бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ доир гардидааст.

Хонаводаи Мансуровҳоро дар шаҳри Конибодом яке аз оилаҳои намунавӣ арзёбӣ мекунанд. Sputnik Тоҷикистон охири моҳи ноябр дар бораи даргузашти Мансурҷон Қосимови 103-сола, куҳансарбози Ҷанги бузурги Ватанӣ аз Конибодом ва падари марҳум Маъруфҷон Мансуров гузориш дода буд.

Ёдрас мешавем, ин даргузашти ду тоҷикистонӣ аз коронавирус дар ҳолест, ки тибқи омори Вазорати тандурустӣ ҳафтаи дувум аст, ки омори коронавирус дар кишвар ба сифр баробар аст. Новобаста аз ин, вазорат аз сокинон даъват меорад, ки барои пешгирии бемории ҳамагир чораҳои беҳдоштиро риоя кунанд.

137
Барчаспҳо:
вируси корона, Русия, Тоҷикистон, даргузашт
Арест и штраф гадалки

Бо пиёзу қуфл ва шамъу испанд ҷоду мекард: фолбини 49 - сола боздошт шуд - навор

162
(Таҷдидшуда 14:27 28.01.2021)
Пулиси шаҳри Душанбе як нафар зани 49 - соларо боздошт намуданд, ки дар сеҳру ҷоду ва фиреби мардум муттаҳам дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Зуҳро Абдуллоева сокини кӯчаи Ҳувайдуллоеви пойтахт дар сеҳру ҷоду ва фолбинӣ кардан муттаҳам дониста мешавад, хабар медиҳад Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе.

Ба иттилои манбаъ, номбурда худро ҳамчун табиби халқӣ муаррифӣ намуда, ба фиреб машғул мешудаст.

"Ӯ бо истифода аз ҳар гуна ашё ва ҷисмҳои карахт, гӯиё ба дарди шаҳрвандон даво мебахшида бошад, шаҳрвандонро дар манзили истиқоматии худ сеҳру ҷоду мекард", - таъкид мешавад дар хабар.

Манбаъ меафзояд, аз манзили Абдуллоева як қатор ашёҳои барои сеҳру ҷоду истифодашаванда ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира карда шуданд.

РВУД дар шаҳри Душанбе мегӯяд, нисбати Абдуллоева Зуҳро барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ бо моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ карда шуд.

Нигаронии ВУД аз авҷи бозори фолбинҳо: мақомот гунаҳкоронро гуфтанд – видео

"Ҳамзамон барои минбаъда ба ин амал марбумфиребона машғул нашудан ба таври қатъӣ огоҳонида шуд", - илова мешавад дар хабари манбаъ.

162
Барчаспҳо:
навор, боздошт, фолбинӣ, Душанбе