Рустам Эмомалӣ дар мулоқот бо намояндагони ширкати ТВЕА

Ширкати чинии ТВЕА дар шаҳри Душанбе мактаб месозад

68
(Таҷдидшуда 18:56 28.06.2017)
Шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ бо намояндаҳои ширкати чинии ТВЕА мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Имрӯз ҳайъате аз намояндаҳои ширкати чинии ТВЕА бо раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ дидору гуфтугӯ кард.

Равобити умумии шаҳрдории Душанбе хабар дода, ки дар ин мулоқот масъалаҳои рушду ҳамкории шаҳрдории Душанбе бо сохторҳои ин ширкат дар Тоҷикистон баррасӣ шудаанд.

Дар ин дидор таъкид шуда, ки саҳми ширкати ТВЕА дар таҳкиму густариши равобити Тоҷикистону Чин, бавижа дар бунёду роҳандозии созаҳои энергетикӣ назаррас аст. Чунончи, дар ҳамкорӣ бо ширкати "ТВЕА" дар Тоҷикистон занҷираи энергетикӣ бунёд гардида, интиқоли гармӣ ба маҳаллаҳои шаҳри Душанбе ба роҳ монда шудааст.

Ширкати ТВЕА дар сохтмони бунгоҳи гарморасонии барқии "Душанбе-2" ва бунёди мактаби таҳсилоти умумӣ бо 1200 ҷойи нишаст дар ноҳияи Сино сармоягузорӣ карда буд.

"Ширкат тасмим гирифт, ки дар ояндаи наздик дар пойтахти Тоҷикистон боз як муассисаи таҳсилоти умумӣ бунёд кунад", — гуфта мешавад дар хабар.

 


68
Барчаспҳо:
мулоқот, ширкати "ТВЕА", Рустам Эмомалӣ, Тоҷикистон
Таджикские мастера готовят подарок к зимней Олимпиаде в Пекине

Туҳфаи устоҳои тоҷик барои Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин

27
Ҷамшед Ҷӯраев ва Насим Негматов ду устои бомаҳорати тоҷик мебошанд, ки шӯҳрати наққошкориҳои онҳо берун аз Тоҷикистон ҳам паҳн шудааст

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Ҷамшед Ҷӯраев ва Насим Негматов ду устои машҳури тоҷик мебошанд, ки амалҳои ҷолиби наққошии онҳо иншоотҳои фарҳангӣ ва маконҳои дӯстдоштании кишварро оро медиҳанд. Ифтихори котиботи Созмони Ҳамкории Шанхай – толори рамзи қароргоҳи СҲШ – тариқи ҳамин ҳунар оро ёфтааст. 

Ҳамчунин, ороиши павилони СҲШ дар доираи Намоишгоҳи ҷаҳонии санъати боғдорӣ соли 2019 дар Пекин ба Ҷамшед ва Насим супорида шуда буд. Павилони СҲШ миёни меҳмонони намоишгоҳ машҳур шуд, хусусан ҳунари рассомон баҳои баланд гирифт.

Арчаи миллӣ бо розигии Президент: дастур барои насб пеши идораю хонаҳо - аксҳо

Кумитаи милли олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки устоҳои тоҷик омодагиро ба Бозиҳои зимистонаи олимпӣ, ки аз 4 то 20 феврали соли 2022 дар Пекин баргузор мешаванд, шуруъ карданд. Тилисми ин чорабинии бузурги варзишӣ – панда бо номи Бин-Дундун интихоб шудааст.

Зимнан, рассомони тоҷик тасмим гирифтаанд якчанд лавҳаро бо наққошии панда – ҳайвони дӯстдори миллионҳо нафар дар ҷаҳон – омода кунанд.

Дар доираи Бозиҳои олимпӣ, онҳо инчунин умед доранд, ки намоишгоҳ ташкил мекунанд ва ҳунарашонро ба пекиниҳо ва меҳмонони пойтахти Чин ошно менамоянд.

27
Барчаспҳо:
тоҷик, усто, туҳфа, Бозиҳои олимпӣ

Вазорати тандурустӣ фавти як дардманди дигар аз коронавирусро тасдиқ кард: омори нав

318
Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон боз як маризи дигари коронавирус ба ҳалокат расид. Вазорати тандурустӣ низ фавти як беморро тасдиқ карда гуфт, ки шумораи умумии қурбониён ба 62 нафар баробар шуд

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Вазорати тандурустӣ омори ҷадиди фавт, сироят ва шифоёбии шаҳрвандони Тоҷикистонро аз коронавирус нашр намуд.

Ба иттилои котиботи вазорати мазкур, шабонарӯзи гузашта боз як маризи дигар аз коронавирус ҷон бохт. Бо илова шудани ҳолати ҷадиди фавт, теъдоди умумии қурбониёни вируси COVID-19  дар кишвар ба 62 нафар баробар шуд.

Вазорат омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистонро эълон кард

Зимнан, вазорат таъйид намуд, ки дар як шабонарӯзи охир 99  нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 44 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Инчунин,  дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 40 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  7665  нафар баробар гардид.

Ҳамзамон, то санаи   6 август дар мамлакат  6443 нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфтаанд.

318
Барчаспҳо:
омор, Вазорати тандурустӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон