Вохӯрии Рустам Эмомалӣ бо сафири Фаронса

Аз "Ашан" то фурудгоҳ: мулоқоти Р.Эмомалӣ бо сафири Фаронса

210
(Таҷдидшуда 09:26 29.06.2017)
Раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ бо cафири Фаронса дар Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии шаҳрдорӣ ҳангоми дидор ҷонибҳо дурнамои муносиботи ҳамкорӣ миёни мақомоти шаҳри Душанбе ва Фаронсаро баррасӣ карданд.

Тарафҳо ба рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ аҳамияти хоса дода, гуфтаанд, ки Фаронса ва Тоҷикистон дорои имконият ва захираҳои фаровони ҳамкориҳои гуногунҷанба аст.

Ҳамкориҳои Тоҷикистону Фаронса дар мисоли сохтмон ва азнавсозии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе назаррас буда, бо мусоидати ширкатҳои Фаронса ояндаи наздик корҳои васлу танзими таҷҳизоти бунгоҳи дистпечириву назоратии фурудгоҳ анҷом дода мешавад.

Бунёди маркази савдои "Ашан" дар Душанбе аз ҳамкориҳои дигари мутақобилан судманди ҷонибҳо маънидод гардидааст.

Сафири Фаронса хабар додааст, ки ояндаи наздик дар Душанбе сохтмони Институти модару кӯдакро ба нақша гирифтааст.

Тавре гуфта шуд, соли 2019 дар Фаронса баргузории нахустин намоишгоҳи Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ки он дастовардҳои кишварро аз асри биринҷ то имрӯз фаро хоҳад гирифт.

210
Барчаспҳо:
дидор, вохӯрӣ, Рустам Эмомалӣ, Тоҷикистон
Мавзуъ
Пас аз 25 соли равобит Аслов омода аст ҳамкориро бо Фаронса таҳким бахшад
Донишҷӯёни тоҷикро дар Фаронса муттаҳид мекунанд
Наврӯз дар Фаронса: ҳунармандони тоҷик дар Порис ҳунарнамоӣ хоҳанд кард
Президенти Фаронса Эмомалӣ Раҳмонро муборакбод намуд
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Тағйироти кадрӣ бо 7 фармони Раҳмон: аз мақоми нави Давлаталӣ Назрӣ то сардори разведка

241
(Таҷдидшуда 21:03 28.09.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз бо имзои 7 фармону як қарор дар сохтори Вазорати умури хориҷӣ ва Гвардияи миллии ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Бо фармони раисиҷумҳур, полковник Сатторов Ҳасан Мирзоевич сардори Раёсати разведкаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур бо фармони раисиҷумҳур аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон озод гардида, бо қарори Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмиллалии наҷоти Арал таъйин шуд.

Бобокалонзода Луқмон сафири нави Тоҷикистон дар Ҳиндустон таъйин гардид.

Холбобоев Файзулло Самадович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Украина озод гардида, ба ҷои ӯ Назризода Давлаталӣ Ҳайдар, сафири Тоҷикистон дар Украина таъйин шуд.

Имом Шарофиддин Зуҳуриддинзода бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон озод карда шуд. Шарифӣ Саъдӣ сафири нави Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таъйин гардид.

241
Тонущий человек, архивное фото

Корманди БДА дар Суғд донишҷӯдухтарро аз худкушӣ наҷот дод

316
Раҳматзода Даврон, муовини сардори Бозрасии давлатии автомобилии Суғд ҳамин чанд лаҳза пеш бо иҷрои як амали фаврии худ, аз худкушии як донишҷӯдухтар дар Сирдарёи Хуҷанд пешгирӣ кард

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Чанд нафар аз шоҳидони ҳодиса ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳудуди як соат пеш як донишҷӯдухтари тақрибан 18 - сола ба қасди худкушӣ худро аз болои пул ба дарё сарозер намудааст.

Раҳматзода, ки ин ҳангом барои иҷрои вазифаҳои хидматӣ аз болои купрук мегузашт, манзари ғарқшавиро дида, фавран бо қаиқ ба маҳалли ҳодиса шитофта, донишҷӯдухтарро, ки дар ҳоли фурӯрафтан ба коми дарё буд, ҳамроҳ бо кормандони ситоди ҳолатҳои фавқулода аз об зинда берун кашидаанд.

Фахриддини Аваззод, корманди БДА Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ба маҳзи кӯшиши ҳамкораш Раҳматзода ва кормандони КҲФ дар Суғд, он духтарча аз вартаи худкушӣ раҳо шудааст.

"Агар Раҳматзода ва кормандони КҲФ фавран ба қаҳри дарё намерасиданд, шояд ин донишҷӯдухтар ба ҳалокат мерасид. Худоро шукр, ки зинда монд ва аз ғарқшавӣ наҷот дода шуд”, - иброз намуд, Аваззод.

Ба иттилои манбаъ, зимнан донишҷӯдухтарро ба Бемористони шаҳрии № 1 Хуҷанд интиқол додаанд ва баъди пурра ба худ омадан аз вай сабаби даст ба чунин амал заданашро пурсон мекунанд. Дафъаҳои охир хабарҳо дар бораи даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон дар руду обанборҳо зиёд ба нашр мерасад.

"Кӯмак кунед, кӯмак кунед": як ҷавони тоҷик дар Русия ғарқ шудааст

Субҳи имрӯз, дафтари матбуоти КҲФ Тоҷикистон аз дарёфти ду ҷасад аз дарёи Вахш хабар дод. Бар пояи эълони КҲФ зани 31 - солаи сокини ноҳияи Ёвон рӯзи 27 сентябр ҳамроҳ бо духтарчаи 9 - солааш дар дарёи Вахш ғарқ шуд.

316
Барчаспҳо:
донишҷӯдухтар, ғарқ, Суғд