Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба таътили тобистона меравад

© Sputnik / Григорий СысоевШукурджон Зухуров. Архивное фото
Шукурджон Зухуров. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ аз 1-уми июл ба таътили тобистона мераванд

ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Тавре хабаргузории Тоҷик ТА бо истинод ба Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, имрӯз ҷаласаи поёнии севумин давраи панҷумин фарохонии ин маҷлис баргузор хоҳад шуд.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, дар ҷаласа аз корҳои анҷомёфта суханронӣ мекунад.

Таътили вакилони мардумӣ то 15-уми август тул мекашад.  Аз 16 август то 30 сентябр намояндаҳо дар кумитаҳо ва комисиюнҳои тахассусӣ кор хоҳанд кард.
Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, дар сурати зарурӣ ҳангоми таътили тобистонӣ ҷаласаи фавқуллодаи парлумони кишварро фаро хонад.

Лентаи хабарҳо
0