Шабнам дар Кӯлоб ҳунарнамоӣ карда, даромадашро ба ятимон хоҳад дод

© Фото : FacebookПевица Шабнам Сурайё
Певица Шабнам Сурайё - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шабнам Сурайё - овозхони попи тоҷик гуфтааст, даромад аз консертеро, ки қарор аст дар Кӯлоб баргузор кунад, ба ятимхонаҳо хоҳад дод
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Шабнам Сурайё- ҳунарманди номдори тоҷик ба зудӣ дар шаҳри Кӯлоб барномаи ҳунарӣ иҷро хоҳад кард.
Чуноне ки яке аз баргузоркунандагони барномаҳои ҳунарии Шабнам — Хусрав Раҷабов ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод, Шабнам Сурайё ният кардааст, ки даромад аз ин консертро ба ятимхонаҳои шаҳр тақдим кунад.

Вай афзуд, консерт 22-уми июл дар амфитеатри Кӯлоб баргузор мешавад.

Шабнами Сурайё - Sputnik Тоҷикистон
Беэҳтиромии Шабнам Сурайё ё шоми эҷодии Аслишо Акимбеков дар Маскав

Ба гуфтаи Хусрав Раҷабов, ҳоло нархи билетҳо муқаррар нашуда, аммо рӯзи баргузории консерт дақиқ аст.

Қарор аст, ки бахше аз даромад аз ин консерт ба Бунёди бошгоҳи футболи "Равшан" вогузор шавад.

Ёдовар мешавем, моҳе пеш Шабнам Сурайё дар шаҳри Маскав ҳунарнамоӣ карда буд.

Лентаи хабарҳо
0