БДА дар роҳ. Акс аз бойгонӣ

Роҳбандӣ: пас аз ду рӯз ҳаракат дар роҳи Душанбе-Чанок маҳдуд мешавад

366
(Таҷдидшуда 12:16 04.07.2017)
Рӯзи 6 июл рафту омади ҳар гуна нақлиёт дар роҳи Душанбе - Чанок аз маҳаллаи "Варзоб ГЭС" дар шаҳри Душанбе то мавзеъи "Такфон" дар ноҳияи Айнӣ қатъ мешавад

ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Дар ин бора Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон хабар дода, далели роҳбандиро "таъмини амнияти ҳаракат дар роҳ ҳангоми баргузории "чорабиниҳои лоиҳаи "CASA-1000" гуфтааст.

Бино ба иттилоъи равобити умумии ВКД, 6 июл рафту омади ҳаргуна нақлиёт дар роҳи Душанбе — Чанок ба муддати 13 соат — аз соати 06:00 то 18:00 маҳдуд мешавад.

БДА аз ронандагон ва шаҳрвандон хоҳиш кардааст, дар ин рӯз аз сафар худдорӣ намоянд.

Ёдоварӣ мешавад, ки дар он рӯз Душанбе мизбони ҳамоиши сарони кишварҳои "Чаҳоргонаи "CASA-1000" — Покистон, Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон хоҳад шуд.

Бино ба хабари Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 6 июл ба манзури ширкат дар ин ҳамоиш раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ, нахуствазири Қирғизистон Сооронбой Жэенбеков ва нахуствазири Покистон Навоз Шариф ба Тоҷикистон хоҳанд омад. Дар ин нишаст мавзуъи интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистону Узбакистон ба Афғонистону Покистон низ матраҳ хоҳад шуд.

366
Барчаспҳо:
роҳбандӣ, 13 соат, БДА, Тоҷикистон
Мавзуъ
Раисҷумҳур ба шаҳри Ваҳдат меравад: 14 соати роҳбандӣ ва ҷашни Ваҳдат
Площадь Сомони в Душанбе

Обу ҳаво: имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимоли бориши борон дар назар аст

4
(Таҷдидшуда 10:20 28.10.2020)
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст, хабар додааст Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст, менависад АМИТ "Ховар".

Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15  дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбанда шуда, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳида борони суст  меборад. Дар баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор  метр барфи суст дар назар аст. 

Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бо шиддатнокии то 13+18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  аз 2 дараҷа  хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Шамол аз самти шимолу-шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.

Дар ноҳияҳои ҷанубӣ чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 4+9 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйиёбанда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар ааст. Танҳо дар нимаи дуюми рӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони суст (дар баландиҳои зиёда аз 3000метр барф) меборад. Шамол аз самти шимолу-шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония  мевазад. 

Раъду барқу борон: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Ҳаво  дар водиҳо  шабона 1+6 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм  ва рӯзона 10+15 дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ шимолу-шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 2+4 ва  рӯзона 16+18 дараҷа  гарм мешавад.

4
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото

Сабаб номаълум: парвозҳо миёни Душанбе ва Тошканд дубора ба таъхир афтоданд

30
(Таҷдидшуда 10:08 28.10.2020)
Парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз рўз 20 марти соли ҷорӣ ба далели густариши вируси корона қатъ шуд ва марзҳои заминии ин ду кишвар низ баста боқӣ мемонад.

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik.  Азсаргирии парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки қарор буд аз рӯзи 28 октябр оғоз гардад, дубора ба таъхир афтодааст.

Ба гузориши "Парс тудэй" дар истинод ба сомонаи Ахбори осиёи Марказӣ, мақомоти ин ду кишвар тавофуқ карда буданд, ки парвозҳои муназзам миёни Душанбе ва Тошканд рӯзҳои панҷшанбеи ҳар ҳафта анҷом шавад, ки акнун ин барнома ба таъхир афтодааст.

"Дар сомонаи ширкати ҳавопаймоии Ӯзбекистон фурӯши билет ба мақсади Душанбе ба баъд аз рӯзи 2 декабри соли ҷорӣ эълом шудааст", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Беш аз сад парвоз то охири моҳ: ҷадвали нави парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон

Бо ин ҳол, дар бораи иллати таъхири дубораи азсаргирии парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тавзеҳе ироа нашудааст.

Парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон аз рўз 20 марти соли ҷорӣ ба далели густариши вируси корона қатъ шуд ва марзҳои заминии ин ду кишвар низ баста боқӣ мемонад.

 

30