Женщины Таджикистана, архивное фото

Занони тоҷик барои 80 лоиҳаи худ аз раисҷумҳур грант гирифтанд

111
(Таҷдидшуда 17:24 04.07.2017)
Шурӯъ аз соли 2006 инҷониб ҳамасола барои занони соҳибкор гранти Президентӣ ҷудо мешавад

ДУШАНБЕ, 4 июл - Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии Кумитаи занони Тоҷикистон, бонувони соҳибкор имсол то 2 милюн сомонӣ грант ба даст оварданд.

Аз 15 март то 15 апрели соли 2017 миёни занони соҳибкор барои дарёфти гранти раисҷумҳур озмун баргузор шуда буд.

Дар заминаи корофаринӣ ва коркушоӣ 80 тарҳ беҳтарин шинохта шуда ва барандаи озмуни гранти расиҷумҳур шуданд.

Манбаъ меафзояд, ки ҳайъати доварони озмун аз хонумҳои корофарин ва кадбонувон куллан 415 тарҳ дарёфт карда аст. 

Рӯзи 29 июн дар толори Кумитаи умури занону хонавода барандагони ин озмун дипломи "Ғолиби озмуни гранти Президентӣ-2017"-ро дарёфт карданд.

Грантҳои раисҷумҳури Тоҷикистон аз соли 2006 то кунун барои дастгирии соҳибкории хурду миёна ҷудо мегарданд.

Занони Тоҷикистон: роҳи пурзаҳмат ба сӯи муваффақият
© Sputnik Victoria Lyubavina
Занони Тоҷикистон: роҳи пурзаҳмат ба сӯи муваффақият
111
Барчаспҳо:
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ, Тоҷикистон
Мавзуъ
Сафи занони вазифадор меафзояд: тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
“Ин аст иззату эҳтироми шумо ба расму оини миллӣ” : Раҳмон аз пӯшоки занон ситоиш кард
Коршиносони СММ: эътиёд дар миёни занон рӯ ба афзоиш ниҳода аст
Раисҷумҳури Тоҷикистон: 22 дарсад аз коргузорони давлатиро занон ташкил медиҳанд