Ҳушдори КҲФ аз гармои тоқатфарсо ва тавсияҳо барои наҷот аз гармӣ

© Sputnik / Стас ЭтвешМальчики пьют воду, архивное фото
Мальчики пьют воду, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар панҷ рӯзи оянда, ки пешбинӣ мешавад ҳаво то 43 дараҷа гарм шавад, барфу пиряхҳо об мешаванд, оби рӯдхонаҳо туғён карда, хатари фурӯ рехтани селу сангреза меафзояд.

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо такя ба додаҳои Созмони ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки аз 6-ум то 10-уми июл дар қаламрави кишвар ҳаво гарму хушк мемонад. Пешбинӣ мешавад, ки ҳаво то 43 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар паи гарм шудани ҳаво маъмулан барфу пиряхҳо низ бештар об шудан мегиранд, ки оби рӯдхонаҳоро ба туғён оварда ва дар бархе аз манотиқ муҷиби омадани сел ва сангрезиш ҳам шавад.

Как душанбинцы спасаются от палящего солнца - Sputnik Тоҷикистон
Чигуна метавон гарморо осон аз сар гузаронд?

Дар ҳамин иртибот КҲФ аз шаҳрвандон дархост мекунад, ки дар чунин рӯзҳо хеле эҳтиёткор бошанд, бахусус дар ҳолатҳои истифода аз роҳҳои кӯҳистонӣ, будубош дар соҳили рӯдхонаву обанбор ва ҳавзҳо ҳушёриро аз даст надиҳанд. 

Чӣ бояд кард то аз гармӣ наҷот ёфт?

Ҳамчунин Кумита аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад бо мақсади риояи бехатарӣ тибқи ин тавсияҳо амал кунанд: 

Талош кунед зери шуъои офтоб камтар бошед ва ҳангоми баромадан ба кӯча кулоҳ ё чатратонро фаромӯш насозед.;

Бештар об истеъмол кунед;

Дар хотир дошта бошед, ки аз ҳама зиёдтар пирон ва кӯдакон ба хатари гармо рӯ ба рӯ мешаванд;

Дар роҳҳо бодиққат бошед, чун маъмулан дар гармои шадид саломатӣ метавонад бад шавад;

Ва билохира: ҳангоми оббозӣ ва истироҳат дар соҳилҳо эҳтиёткор бошед, қоидаҳои бехатарии будубош дар назди рӯдхонаҳо, каналҳо ва обанборҳоро риоя намоед;

Лентаи хабарҳо
0