Борони сахт дар Владивасток

Ҳушдор аз омадани сел ва баландшавии сатҳи оби дарёҳо дар Тоҷикистон

113
(Таҷдидшуда 11:47 08.07.2017)
Рӯзҳои наздик дар пайи гармии ҳаво дар доманакӯҳҳо пиряхҳо об шуда омадани сел ва баландшавии сатҳи оби дарёҳо дар назар аст
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Рӯзҳои наздик дар вилояти Суғд ҳарорати ҳаво рӯзона аз 38 то 43 дараҷа ва дар вилояти Хатлон 40-45 дараҷа гарм мешавад. Чунин гармшавии якбораи ҳарорати ҳаворо дар тамоми қаламрави Тоҷикистон пай бурдан мумкин аст.

Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад, ки гармшавии бесобиқа рӯзҳои 6-10 июл пешгӯӣ карда мешавад.

Гуфта мешавад, ки дар пайи гармии ҳаво дар доманакӯҳҳо пиряхҳо об шуда омадани сел ва баландшавии сатҳи оби дарёҳо дар назар аст.

Пештар хабар дода будем, ки чӣ гуна метавон ҳавои гарм худро муҳофизат кард.

113
Барчаспҳо:
ҳушдор, ҚҲФ, Тоҷикистон