Садама дар роҳҳои Тоҷикистон: се рухдод ва се талафоти ҷонӣ

© Sputnik / Амир ИсаевДорога Душанбе-Худжанд. Архивное фото
Дорога Душанбе-Худжанд. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Танҳо рӯзи гузашта дар ҳудуди кишвар ду садамаи нақлиётӣ рух додааст, ки дар он се шаҳрвандони Тоҷикистон ҷон бохтаанд

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз садамаҳои нақлиётии рӯзҳои гузашта гузориш дод.

Бино бар итилои манбаъ, 07.07.с.2017, тахминан соати 00:00-дақиқа, дар роҳи мошингарди шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ, дар ҳудуди вилояти Хатлон, ронандаи автомашинаи тамғаи "Камаз-53213", марди 54-солаи сокини н.Қубодиён, ҳангоми ҳаракат аз самти ш.Душанбе ба самти ш. Кӯлоб, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қисми қафои автомашинаи тамғаи "Хово", таҳти идораи марди 43-солаи сокини ноҳияи Ш.Шоҳин бархурдааст.

Бо рух додани чунин ҳодисаи нохуши нақлиётӣ ронандаи автомашинаи тамғаи "Камаз" бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 
06.07.с.2017, тахминан соати 23:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс", ҷавони 24-солаи сокини пойтахт, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди шаҳри Душанбе, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди шахсияташ номаълум, ҷинсаш мард, тахминан 45-50-соларо пахш намудааст. 
Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. 
Ҳамчунин, 07.07.с.2017, тахминан соати 06:25-дақиқа, ронандаи тамғаи "Мерседес-Бенс", марди 40-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ш.Гулистон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро чаппа кардааст. 
Дар натиҷаи рух додани чунин ҳодисаи нохуши нақлиётӣ худи ронанда бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба ҳалокат расидааст.
Таҳқиқи ин далелҳо давом дорад.

Лентаи хабарҳо
0