шамъ

Георгий Кошлаков- олими машҳури тоҷикистонӣ аз олам даргузашт

39
(Таҷдидшуда 16:30 08.07.2017)
Георгий Кошлаков- замоне раиси Раёсати геологии Тоҷикистон ва нахустмуовини Раиси Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон буд

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Олими машуҳри тоҷикистонӣ Георгий Кошлаков ин ҷаҳонро падруд гуфт.

Кошлаков- собиқ устоди донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Русия, муҳандиси кӯҳӣ, аъзои Фарҳангистони байналмилалии муҳандисӣ, муҳандиси хидматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатии ҶТ дар соҳаи илм ва техника ба номи Абӯалӣ ибни Сино мебошад.

Илова бар ин вай на танҳо ба ҳайси роҳбари Раёсати геологии Тоҷикистон, балки ҳамчун нахустмуовини раиси Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон низ фаъолият бурдааст.

"Агар дар Тоиҷикистон садҳо конҳои тилло, металҳои қимматбаҳо, ва нуқра кашф шуда бошанд, ин ҳама аз хизматҳои назарраси Георгий Кошлаков аст. Чанд сол инҷониб ман бо вай шахсан ошно будам ва дар даврони шӯравӣ дар якчанд лоиҳа мо якҷоя корҳам  кардаем ва нисбати вай эҳтироми зиёд доштам. Ҳар сол, ки ба Тоҷикистон мерафтам, ба кафедораи вай дар Донишгоҳи славянӣ медаромадам ва доим бо Георгий сӯҳбат мекардем",- нақл мекунад Андрей Захватов.

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар соли 2015  ин олимро бо нишони "Дӯстӣ" сарфароз гардонида буд.

Георгий Кошлаков баробари касби муҳандисӣ дар ҳаёти сиёсии кишвар дар даврони шӯаравӣ фаъолона ширкат меварзид, се маротиба вакили Шӯрои Олӣ низ интихоб гардида буд.

 

39
Барчаспҳо:
даргузашт, Георгий Кошлаков, Тоҷикистон