Чангу ғубор дар Душанбе

Ҳушдор аз резиши чангу ғубор ва омадани сел дар Тоҷикистон

96
Вазъи обу ҳаво дар минтақаҳои Тоҷикистон рӯзҳои 11-13-уми июл тағйир ёфта, эҳтимол меравад, ки дар ин муддат резиши чангу ғубор ва омадани сел ба қайд гирифта шавад
ДУШАНБЕ, 11 июли — Sputnik. Бино бар гузориши Кумитаи ҳолатҳои фақуллода ҶТ, аз 11-13 июли соли равон дар ноҳияҳои марказӣ ва ҷанубии кишвар ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шудаааст.

Эҳтимол меравад, ки дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии ҷумҳурӣ дар пайи  вазидани шамоли тунд резиши чангу ғубор ба қайд гирифта шавад.

Дар минтақаҳои кӯҳӣ хавфи омадани сел дар натиҷаи обшавии пиряхҳо аз эҳтимол дур нест. Инчунин, сатҳи оби рӯд ва ҷӯйборҳо баланд мешаванд.

КҲФ аз тамоми сокинони кишвар эҳтиромона хоҳиш мекунад, ки ин муддат эҳтиёткор ва ҳушёр бошанд. Беҳтар аст, дар ин давра аз сафар ба кӯҳу доманакӯҳ даст кашанд.

96
Барчаспҳо:
сел, чангу ғубор, КҲФ, Тоҷикистон
Посол Ирана в Таджикистане Мухаммажтаки Собири

Таслияти сафири Эрон дар Тоҷикистон аз даргузашти Гулназар Келдӣ

15
(Таҷдидшуда 14:47 15.08.2020)
Сафири Эрон дар Тоҷикистон дар паёме даргузашти Гулназар Келдӣ, нависанда, шоири шаҳир ва сарояндаи суруди миллии Тоҷикистонро таслият гуфт

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории “Парстудей”, Муҳаммадтақии Собирӣ дар ин паём изҳор дошт, ки бо даргузашти Гулназар Келдӣ, ҷомеаи илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистон яке аз шахсиятҳои худро аз даст дод.

“Ин муҳаққиқи номошнои тоҷик, даврони умри пур хайру баракаташро дар ҷиҳати эътилои забон ва адаби муштаракамон сипарӣ намуд ва осор ва ёдгорҳои арзишманди ӯ дар ҳавзаи адабиёти порсӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Эрон низ бисёр шинохташуда ва мавриди таваҷҷуҳ мебошад”, афзудааст сафири Эрон дар Тоҷикистон.

Собирӣ афзуд, инҷониб зимни арзи таслият ба бозмондагон, миллат ва кишвари дӯст ва ҳамфарҳанг ва ҳамзабони Тоҷикистон, аз Худованди бузург барои он марҳум оромиши абадӣ ва ҷаннати маконӣ ва барои бозмондагонаш сабру шикебоӣ орзу мекунам.

Гулназар Келдӣ, шоири мардумии Тоҷикистон дар сентябри 1945 дар минтақаи Айнии вилояти Суғд ба дунё омад ва 24 сол дошт, ки нахустин маҷмӯаи ашъораш бо нома «Расми сарбозӣ» интишор ёфт ва мавриди истиқболи шоирони замон воқеъ шуд.

Дастархон, Нардабон, Ағба, Паҳно, Лангар, Пайи дарё ва Ҷашми нигин аз ҷумла маҷмӯаи шеърҳои мунташиршудаи Гулназар Келдӣ ҳастанд.

Гулназар Келдӣ аз ҷумлаи саршиностарин шоирони Тоҷикистон буд, ки ашъораш ба хатти форсӣ дар Эрон ва Афғонистон ба чоп расид ва шеърҳои чандин шоири машҳури русро низ ба форсии тоҷикӣ тарҷума кард.

Гулчине аз ашъори устод Гулназар Келдӣ бо номи «Забони ошиқӣ» ба кӯшиши марҳум Қайсари Аминпур, шоири барҷастаи муосири эронӣ, дар интишороти Сурӯши Эрон ба чоп расидааст.

15
Барчаспҳо:
сафир, паём, Гулназар Келдӣ, ҳамдардӣ, таслият, Эрон, Тоҷикистон

55 парвози иловагии чартерӣ то охири моҳ: ВУХ вақту замони парвозҳоро гуфт

285
(Таҷдидшуда 14:45 15.08.2020)
Ҳавопаймоҳои "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр" то авохири моҳи ҷорӣ аз Федератсияи Русия боз 55 парвози дигари чартерӣ анҷом медиҳанд

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Сар аз 16 то 31 - уми август аз Федератсияи Русия боз 55 парвози чартерӣ ба самти Тоҷикистон анҷом мешавад, хабар медиҳад Вазорати умури хориҷии кишвар.

Ба иттилои манбаъ, парвозҳои чартерӣ аз ҷониби ҳавопаймоҳои ватанӣ, "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр" сурат гирифта, тоҷикистониёнро аз шаҳрҳои Санкт - Петербург, Екатеринбург, Новосибирс, Қазон, Краснодар ва Сургут ба ватан интиқол медиҳанд.

Гуфта мешавад, барӯихатгирии хоҳишмандони парвоз ба ватан дар сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав ва дар консулгарии генералии Русия тартиб дода мешавад.

Манбаъ меафзояд, бартарият бештар ба занони ҳомила ва кӯдакдорон, пиронсолону маризон, донишҷӯён ва кормандони давлатӣ дода мешавад.

Хушхабари Муҳриддин: ҳамарӯза 2 парвоз самти Тоҷикистону Русия сурат мегирад

ВУХ мегӯяд, хоҳишмандон метавонанд аризаи худро ба суроғаи электронии  charter-russia@mfa.tj ирсол намоянд.

Зимнан, таъкид мешавад, ки тибқи дастури Вазорати тандурустии Тоҷикистон шаҳрвандоне, ки ба ватан бармегарданд бояд маълумотнома дар мавриди мубтало набудан ба коронавирус дошта бошанд. Санаи гирифтани ин маълумотнома набояд аз 4 рӯз бештар бошад ва танҳо кӯдакони то синни 3 - сола аз доштани ин маълумотнома истисно ҳастанд.

Танҳо дар сурати пешниҳод кардани маълумотномаи тиббӣ, шаҳрвандони кишварро аз фаро гирифтан ба карантин озод мекунанд.

285
Барчаспҳо:
Русия, Тоҷикистон, парвозҳо, ВУХ ҶТ