Саидмукаррам Абдулқодирзода

Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон "манъи" ҳиҷобпӯширо дар Тоҷикистон шарҳ дод

1133
(Таҷдидшуда 11:44 12.07.2017)
"Миллати тоҷик тайи 1400 сол пайрави дини Ислом буданд ва дар ин муддат бо пӯшидани либоси миллӣ меъёрҳои шариатро риоя мекарданд",- посух додааст ба хабарнигорон раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Ҳини нишасти матбуотӣ хабарнигорон аз раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ва раиси Кумитаи дин аз эҳтимоли мамнӯъ гаштани пӯшидани ҳиҷоб дар Тоҷикистон пурсон шуданд.

Саидмукаррам Абдулқодирзода- раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон дар посух ба саволи хабарнигорон гуфтааст, тоҷикон тайи 1400 сол, ки пайрави Ислом буданд, либоси миллӣ ба бар мекарданд ва меъёрҳои шариатро риоя мекарданд.

"Миллати тоҷик зиёда аз 1400 сол пайравӣ аз Ислом дорад ва тайи ин муддат либосҳои миллӣ ба бар дошт ва то ба ҳол риоя мекарданд. Ҳамчуноне ки риоя мекарданд, ҳамон хел либоси миллиро бо меъёрҳои шариат мепӯшанд",- изҳор доштааст ҷанолби Абдулқодирзода.

Раиси кумитаи дин Сулаймон Давлатзода бошад, изҳор доштаст, ки "пӯшидани либоси динӣ дар қонунгузорӣ муайяну маҳдуд нашудааст". Дар идораҳо роҳбарият сару либоси кормандонашро танзим мекунад".

Масъулини Кумита  гуфтаанд, маҳдудият ба хотири таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амният роҳандозӣ мешаванд ва  инро Конститутсияи кишвар иҷозат додааст.

Тайи чанд соли охир дар Тоҷикистон ташвиқот бурда мешавад, ки занон аз "пайрави ба фарҳанги бегона- пӯшидани либоси бегона (ҳиҷоб)" даст кашанд ва рӯ ба фарҳанги миллӣ оранд. Шурӯъ аз 4-уми июл дар шаҳри Хуҷанд 21 гурӯҳи корӣ ба фаъолият оғоз кард. Мақсади гурӯҳ "пешгирии ҳолатҳои гаравидани занон ба фарҳанги бегона будааст."

1133
Барчаспҳо:
ҳиҷоб, Саидмукаррам Абдулқодирзода, Тоҷикистон
Задержание, архивное фото

Боздошти марди 33-сола барои дуздии 22 ҳазор доллар аз хонаи ҳамдеҳааш

83
(Таҷдидшуда 12:25 26.05.2020)
Кормандони милитсияи Тоҷикистон марди 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи мазкурро дастгир карданд, ки дар дуздии 22 ҳазор долларро муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik.  Бино бар иттилои вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ахиран ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ марди 59-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи мазкур шикоят овардааст.

Дар шикояти ин мард гуфта шудааст, ки санаи 25-уми майи соли равон, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз дохили ҷевон 22 ҳазор доллари амрикоӣ ва 26 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 

ВУД таъкид доштааст, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чортеппаи ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори дуздӣ дастгир карда шуд.

Дар ҳоли ҳозир, гумонбаршаванда дар боздоштгоҳ қарор дошта, нисбати ин ҳодиса тафтишот аз ҷониби кормандони милитсия идома дорад.

83
Барчаспҳо:
боздошт, дуздӣ, дастгир, милитсия, Тоҷикистон
Самолет авиакомпании Уральские авиалинии, архивное фото

Парвози махсуси ҳавопаймои ширкати русӣ: 162 муҳоҷир ба Ватан баргашт

207
(Таҷдидшуда 12:05 26.05.2020)
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар дод, ки субҳи имрӯз бо парвози махсуси ҳавопаймои ширкати “Уральские авиалинии” 162 муҳоҷири тоҷик аз Русия ба кишвар баргардонида шуд

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, субҳи 26 май дар ҳамкорӣ бо ҷониби Русия 162 нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ки тайи чанд моҳи охир дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Русия қарор доштанд, бо парвози махсуси ҳавопаймои ширкати “Уральские авиалинии” аз Екатеринбург ба Душанбе баргардонида шуданд.

 Манбаъ қайд кардааст, ки бо ин ҳавопаймо инчунин ду ҷасади муҳоҷири тоҷик барои хоксупорӣ баТоҷикистон интиқол дода шудааст.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дод, ки аз ин кишвар дар марҳилаи аввал шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии (МНМШХ) Русия тайи се моҳи охир қарор доранд, ба Ватан баргардонида мешаванд.

Дар ин росто, тайи рӯзҳои охир ва давоми ҳафтаи ҷорӣ дар мувофиқа бо мақомоти Русия ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар марказҳои нигоҳдории муваққатӣ мондаанд, ба Ватан баргардонида мешаванд.

207
Барчаспҳо:
Русия, муҳоҷир, ҳавопаймо, парвоз, вазорати умури хориҷа, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Разработка экспресс-тестов на коронавирус учеными из центра Сколково

Молекулаи зидди уфунӣ: Олимҷон Юсупов роҳи "куштан"-и коронавирусро ёфт

0
Ихтироъкори номии ӯзбек таҷҳизотеро исохтааст, ки коронавирус, микробҳо ва бактерияҳои ҳаво ва болои ашёҳоро безарар мегардонад

ДУШАНБЕ, 26 мая — Sputnik. Ихтироъкори номии ӯзбек Олимҷон Юсупов таҷҳизотеро барои безараргардонии коронавирус ва дигар уфунатҳои дохили бино ихтироъ кардааст, гузориш медиҳанд расонаҳои Ӯзбекистон.

 Юсупов "генератори молекулаҳо"-ро барои безарар гардонидани ҳамагуна бактерия, микроб ва вирусҳо истифода мебурдааст, ки худ сохтааст.

Ин таҷҳизоти олими ӯзбек на танҳо коронавирус, балки микроорганизмҳои сироятиро нобуд сохта, барои саломатӣ бехатар аст.

Дар Ӯзбекистон нақша доранд, и рӯзҳои наздик ин таҷҳизотро дар истеҳсолот татбиқ намоянд.

"Асосӣ ин технологияи замонавӣ дар молекулаҳост. Онҳо вирус ва бактерияҳоро дар ҳаво ва дохили бино ё дар ҳудуди муайян ва ё дар ашё ва дохили онҳо, ҳатто бадани одамон безарар мегардонад", - мегӯяд Олимҷон.

 

Ҳамин тавр, ба гуфтаи муаллифи таҷҳизот ин молекулаҳо қодиранд, ки вируси дохили роҳҳои нафаскаширо ҳам безарар гардонанд.

Асосаш таҷҳизот тезкор аст. Он бинои андозааш 30 метри квадратиро дар 15 дақиқа дезинфексия мекунад.

Олимони рус як шарти пирӯзӣ бар коронавирусро гуфтанд

 

Олимҷон Юсупов бо ихтирооти кардааш дар Ӯзбекистон машҳур аст. Пештар ӯ технологияи борони сунъиро ихтироъ карда, гута буд, мақсадаш барқарор кардани баҳри Арал аст.

Лоиҳаҳояшро Академияи улуми Ӯзбекистон тасдиқ кардааст.

0