Рустам Эмомали дар ҷаласа. Акс аз бойгонӣ

Рустам Эмомалӣ вакилони Маҷлиси шаҳрро ба иҷлосияи ёздаҳум даъват кард

41
(Таҷдидшуда 11:48 13.07.2017)
Иҷлосия 24 июл соати 9:00 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимитяи давлатии шаҳри Душанбе баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии шаҳрдорӣ, тибқи қарори навбатии раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъват карда мешавад.

Ба иттилоъи манбаъ, иҷлосия  24 июл соати 9:00 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Дар ин росто, вакилони Маҷлиси шаҳрӣ вазифадор шудаанд, ки то 21 июл дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор карда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи ёздаҳум, даъвати панҷум, пешниҳодҳои мушаххасро манзур намоянд.

Интизор меравад, ки дар иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум масъалаҳои ҷараёни татбиқи барномаҳо, нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соҳаи маориф ва навгониҳо дар ин самт, натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар нимсолаи якуми соли 2017 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм ва тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳокима шаванд.

Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе Саидзода, вогузор шудааст.

41
Барчаспҳо:
иҷлосияи 11-ум, даъвати панҷум, Рустам Эмомалӣ, Тоҷикистон
Мавзуъ
Иҷлосияи нуҳум бо қарори Рустам: ваколати Маҳмадсаид Убайдуллоев қатъ шуд
Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар иҷлосияи 70-уми СММ ба Ню-Йорк рафт