Ҳабс, акс аз бойгонӣ

Додгоҳи ноҳияи Исмоил Сомонӣ як салафиро 13 сол зиндонӣ кард

61
(Таҷдидшуда 16:52 13.07.2017)
Додгоҳи ноҳияи Исмоил Сомонӣ як шаҳрванди Тоҷикистонро ба ҷурми узвият дар ҷунбиши ифротгарои "Салафия" барои 13 сол аз озодӣ маҳрум кард

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Ба гузориши хабаргузории ТоҷикТА, Додгоҳи ноҳияи Исмоъил Сомонӣ як шаҳванди Тоҷикистонро муттаҳам ба узвият дар ҷунбиши ифротгарои "Салафия" дониста аст.

Бино бар ин гузориш, додгоҳ шаҳрванд Муъминовро, ки мехоста ба сафи теруристон дар Сурия бипайвандад, маҳкум ба 13 сол зиндон кард.

Бино ба иттилоъи Додситонии кулли Тоҷикистон, Муъминов дар шаҳри Қазон бо Шарипов ном узви фаъоли ҷунбиши "Салафия" ва созмони теруристии "Ҷабҳат-ун-нусра" ошно шуда ва пас аз чанде бар асари таъсири таблиғоти Шарипов ақидаҳои ҷунбиши ифротгароии салафияро пазируфтааст.

Сипас Муъминов ба Туркия рафта, дар яке аз мадрасаҳои он кишвар таълим мегирад ва пас аз он мақсад доштааст, ки ба теруристони Сурия бипайвандад. Вале дар соли 2017 боздошт шуда ва аз тариқи Русия ба Тоҷикистон баргардонда шудааст.

61
Барчаспҳо:
маҳрумият аз озодӣ, "Салафия", Тоҷикистон