Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Дарвоз

Боздиди Расулзода аз рустоҳои Дарвоз: роҳро ширкати чинӣ бозсозӣ мекунад

411
(Таҷдидшуда 14:50 14.07.2017)
Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед ва раҳбарони Вазорати таробари ва Кумитаи умури изтирорӣ бо супориши раисҷумҳур аз рустоҳои селзадаи Дарвоз боздид карданд

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Бино ба гузориши сухангӯи раиси ВМКБ Нилуфар Асламшоева, 13 июл гурӯҳи кории ҳукумати Тоҷикистон ба роҳбарии нахуствазир Коҳир Расулзода аз рустоҳои осебдида аз селу гилшор дар ноҳияи Дарвоз боздид кард.

Ҳангоми боздиди нахуствазир ва ҳайъати ҳамроҳ аз деҳаи Ширговад, ки дар он беш аз 800 метр аз роҳи Кӯлоб — Дарвоз зери об монда, Қоҳир Расулзода ба раҳбарони Вазорати таробарӣ ва КУИ дастур дод, ки дар кӯтоҳтарин замон ҳаҷми оби ҷамъшуда дар пушти сарбанди селовардро муайян карда, ҳарчӣ зудтар онро поин оваранд.

  • Премьер министр Таджикистана Кохир Расулзада посетил Дарваз после селевого потока
    Премьер министр Таджикистана Кохир Расулзада посетил Дарваз после селевого потока
    Пресс служба председателя ГБАО
  • Премьер министр Таджикистана Кохир Расулзада посетил Дарваз после селевого потока
    Премьер министр Таджикистана Кохир Расулзада посетил Дарваз после селевого потока
    Пресс служба председателя ГБАО
  • Премьер министр Таджикистана Кохир Расулзада посетил Дарваз после селевого потока
    Премьер министр Таджикистана Кохир Расулзада посетил Дарваз после селевого потока
    Пресс служба председателя ГБАО
  • Премьер министр Таджикистана Кохир Расулзада посетил Дарваз после селевого потока
    Премьер министр Таджикистана Кохир Расулзада посетил Дарваз после селевого потока
    Пресс служба председателя ГБАО
1 / 4
Пресс служба председателя ГБАО
Премьер министр Таджикистана Кохир Расулзада посетил Дарваз после селевого потока

 

Бозсозии бахши селзадаи шоҳроҳи байналмилалии Тоҷикистон-Чин ба уҳдаи ширкати роҳсозии чинӣ вогузор шуд.

Қоҳир Расулзода дар мулоқот бо мардуми деҳаи Хостав гуфт, ки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон шахсан ба сарнавишти онҳо таваҷҷуҳи вижа дорад.

Вай ба раҳбарони ВМКБ ва ноҳияи Дарвоз, Кумитаи вилоятии умури изтирорӣ супориш дод, ки хисорот аз селро воқеъбинона баровард кунанд.

Ба гузориши Нилуфар Асламшоева, мавзеъ барои бунёди хона барои селзадагон муъайян карда шуда, ҳар хонаводае бар асоси қонунҳои ҷории Тоҷикистон замин хоҳад гирифт.

Раҳбари Бунгоҳи захираҳои моддии Тоҷикистон дастур гирифт ки масолеҳи сохтмониро ба хонаводаҳои селзада сари вақт дастрас кунад.

Нахуствазир ҳамчунин ба Шодихон Ҷамшед дастур дод корҳои сохтусозро зери назорати қатъӣ гирифта, барои то фасли сармо дар хонаҳои нав ҷо ба ҷо кардани селзадагон тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ намояд.

Ҳамчунин барои бозсозии хаттҳои интиқоли нерӯи барқ, бунгоҳҳои омӯзишӣ ва дармонӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

411
Барчаспҳо:
бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқуллода, офати табиӣ, Қоҳир Расулзода, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Сел дар Дарвоз (13)
Мавзуъ
Низомиёни Русия пайомадҳои селу гилшорро дар Дарвоз бартараф мекунанд
Пайомадҳои сел дар Дарвоз: 14 куштаву 20 захмӣ дар Афғонистон
Селе дигар дар Дарвоз рустоҳоро вайрон кард
Девушки в защитных масках идут по улице в городе Душанбе

Дамои ҳаво: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

32
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабри бебориш шуда, ҳарорат дар шаҳри Душанбе рӯзона ба 18+20 дараҷа мерасад.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ кишвар, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво  камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6-11  дараҷа хунук ва рӯзона ҳаво 0-5 дараҷа  хунук мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  22-27 ва рӯзона 15-20 дараҷа  хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш шуда,  туман мефарояд.  Ҳаво  дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук  то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5-10 дараҷа хунук  ва рӯзона  6+11 дараҷа гарм  мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.  Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то  2 дараҷа гарм ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво  дар водиҳо  шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2  дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм  ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешбинӣ шудааст.  Ҳарорати ҳаво шабона  аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона   18+20 дараҷа гарм  мешавад.

32
Муин Гафуров. Архивное фото

Набарди дидании "Тоҷик": пирӯзии Муин Ғафуров бар Уолтери Коста-Рикӣ-видео

110
(Таҷдидшуда 09:41 16.01.2021)
Муин Ғафуров бо тахаллуси "Тоҷик" пас аз чанд муддати дур будан аз майдон бо бозгашташ намояндаи Коста-Рика Уолтер Замораро мағлуб кард

ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik. Муҳорибаи ахири “Тоҷик”шоми гузашта  соати 19:00 бо вақти Душанбе дар шаҳри Абу-Даби Илоёти Мутаҳидаи Араб дар Ҷиу Ҷитсу арена доир гашт.

Вазишкори тоҷик дар ин муҳориба пешсаф буд ва аз худ маҳорати баланд нишон дод. Бо ҳамалоти пай дар пайи ва шадид то охири бозӣ инони рақобатро дар даст дошт ва холҳои бештарро соҳиб шуд.

Дар охир бо қарори доварон Муин Ғафуров ғолиб дониста шуд.

Муин Ғафуров варзишгари ҷавон ва серҷоизатарин миёни варзишкорони кишвар дар ин намуди вазриш мебошад.

Ӯ ҳамагӣ 25 сол дорад, аммо дар ин синну сол ба чандин мукофоту ҷоизаҳо сарфароз гардида, рақобатҳои сатҳи ҷаҳониро ба нафъи худ анҷом додааст.

Муин қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи самбои ҳарбӣ (WCSF), қаҳрамон ҷаҳон оид ба  грепплинг (FILA), қаҳрамони ҷаҳон аз рӯи MMA (WKA) мебошад.

Вай ҳамчунин барандаи унвони Устоди варзиши самбои ҳарбӣ низ ҳаст.

Ғафуров тайи солҳои ахир талош дорад, ки ба бузургтарин майдони рақобатҳои UFC шомил шавад, аммо то кунун бенатиҷа буданд.

110
Вакцина против новой коронавирусной инфекции

Бразилия истифодаи фаврии ваксинаи Sputnik V -ро талаб кардааст

13
(Таҷдидшуда 10:43 16.01.2021)
Бразилия эълом дошт, ки бинобар пандемияи коронавирусӣ ба истифодаи ваксини русии Sputnik V рӯй овардан зарур аст

Агентии миллии беҳдошти Бразилия аз як ширкати дорусозии маҳаллӣ Uniao Quimica ва Фонди сармоягузории мустақими Русия дар бораи тасдиқи ваксинаи коронавируси Sputnik V барои истифодаи фавқулодда дархост гирифт.

Сухан дар бораи истифодаи 10 миллион вояи доруи Русия меравад, ки эҳтимолан дар семоҳаи аввали соли 2021 дастрас аст.

"Uniao Quimica ва Фонди сармоягузории мустақими Русия дар Anvisa дархости истифодаи муваққатии фавқулоддаи 10 миллион вояи ваксинаи Sputnik V-ро дар Бразилияро ба қайд гирифтанд",- гуфт хадамоти матбуотии ширкат.

Истеҳсолкунандаи дорусозӣ таъкид кард, ки авҷ гирифтани пандемияи коронавирус дар Бразилия ва дар саросари ҷаҳон аҳамияти истифодаи тамоми кӯшишҳоро барои мубориза бо он нишон медиҳад.

Корбурди чораҳои дорои хусусияти фавқулодда ва истисноӣ муҳим аст, ки мувофики гуфти Униао Квимика зарурати таъчилй пайдо шудааст.

"Спутник V" дар Африқо: чаро боварӣ ба ваксинаи сохти русӣ афзуд? - навор

Тибқи созишномаҳои байни Фонди сармоягузории мустақими Русия ва União Quimica, соли 2021 Русия ба Бразилия 150 миллион воя ваксинаи Sputnik V медиҳад.

"Sputnik V"

Ваксинаи коронавируси Sputnik V-и Русияро Маркази Миллии Эпидемиология ва Микробиологияи Гамалея дар ҳамкорӣ бо Фонди сармоягузории мустақими Русия таҳия кардааст.

Афзалиятҳои ваксинаи Русия бехатарӣ, самаранокӣ ва набудани оқибатҳои манфии дарозмуддат мебошанд.

Bloomberg самаранокии ваксинаи русии "Спутник V" -ро тасдиқ кард

Мувофиқи натиҷаҳои таҳлили маълумот натиҷаи ниҳоии таҳқиқои пас аз бақайдгирӣ, Sputnik V самаранокии 91,4% ва барои ҳолатҳои вазнин 100% нишон дод.

13