Сомонӣ, акс аз бойгонӣ

Ду корманди идораи замин бо ҷурми ришваситонӣ дастгир шуданд

153
(Таҷдидшуда 11:27 15.07.2017)
Ду нафар корманди Кумитаи идораи замини вилояти Суғд бо ҷурми содир кардани ҷиноят аз сафи ин ниҳод ба пуррагӣ тоза карда шудаанд.

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Ҷамшед Умарзода, сардори ин ниҳод дар нишасти хабарӣ гуфт, ки онҳо кормандони Идораи замини ноҳияҳои Спитамен ва Шаҳристон мебошанд, ки бо моддаҳои 319 ва 247-и Кодекси ҷиноятии ҶТ айбдор мешаванд.

Ин ду нафар бо ҷурми қаллобӣ ва гирифтани пора боздошт шудаанд. "Ба Агентии назорати давлатии молия ва мубориза бо коррупсия ду нафар кормандони идораи замини шаҳру ноҳияҳои вилоят оид ба даст задан ба ҳолатҳои ҷинояти коррупсионӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб шудаанд".

Ҷамшед Умарзода инчуинн гуфт, соли ҷорӣ дар вилояти Суғд 71 ҳолати ғайриқонунӣ тақсим намудани замин ва ё худсарони ишғол кардани он ошкор шудааст.

153
Барчаспҳо:
ришваситонӣ, кормандони идора, Тоҷикистон
Цистерна с нефтью, архивное фото

Маълум шуд саҳми воридоти сӯзишворӣ, гандум ва орд ба Тоҷикистон чиқадар аст

13
(Таҷдидшуда 01:50 27.11.2020)
17 дарсад аз воридоти Тоҷикистон аз январ то поёни октябри соли 2020 ба сӯзишворӣ, гандум ва орди Тоҷикистон ихтисос доштааст

ДУШАНБЕ, 27 ноя – Sputnik. Ба нақл аз сомонаи хабарии Авесто, Тоҷикистон дар 10 моҳи соли равон ба маблағи 436 миллион доллар сӯзишворӣ, орду гандум ворид карда аст, ки баробар бо 17,2 дарсад аз воридоти 2,5 миллиард долларии ин кишвар дар ин муддат мебошад.

Ҳаҷми сӯзишвории воридоти тайи ин муддат аз хориҷ ба Тоҷикистон наздик ба 489 ҳазор тон эълом шуда, ки ба ин манзур 232 миллион доллар ҳазина кардаанд.

Ин шохис дар муқоиса бо давраи монанди сол қабл афзоиши наздик ба 16 дарсадиро нишон медиҳад.

Ҳамчнин дар 10 моҳи гузашта аз хориҷ ба Тоҷикистон беш аз 761 ҳазор тон гандум ба арзиши молии 165 миллиону 500 ҳазор доллар ворид шудааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл бо коҳиши беш аз 7 дарсади рӯбарӯ аст.

Мизони орди воридоти ба Тоҷикистон дар ин муддат низ беш аз 73 ҳазор тон ба арзиши молии 18 миллиону 700 ҳазор доллар эълом шудааст.

Тоҷикистон ҳамасола бахши умдаи сӯзишворӣ, орду гандуми мавриди ниёзи худро аз Русия ва Қазоқистон ворид мекунад.

13
Барчаспҳо:
гандум, воридот, орд, сӯзишворӣ, Тоҷикистон
День 27 ноября

Ҷашнҳои рӯзи 27 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

52
(Таҷдидшуда 19:24 26.11.2020)
Рӯзи бисту ҳафтуми ноябр, дар Русия Рӯзи қушунҳои баҳрӣ ва дар Куба Рӯзи бузургдошти донишҷӯёне, ки аз дасти Ҳукумати Испания ҳалок шуданд, таҷлил мешавад

Рӯзи 27 ноябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1898 дар натиҷаи тундбоди барфӣ дар Ню-Йорк зиёда аз 450 нафар ба ҳалокат расиданд.

 

Сильный снегопад в Петропавловске-Камчатском. Архивное фото
© Sputnik / Виктор Гуменюк
Сильный снегопад в Петропавловске-Камчатском. Архивное фото

Соли 1895 Алфред Нобел васиятномаи худро имзо кард ва дороии = ба фонди ыоизаи Нобел ворид шуд.

 

Соли 1950 ҳайати ҳукумати коммунистии Чин дар СММ ба ҳайси назоратчӣ иштирок намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 26 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1966 дар таърихи футболи касбии америкоиҳо калонтарин ҳисоби бозӣ ба қайд гирифта шуда буд, ки дастаи "Вашингтон" дастаи  "Ню-Йорк"-ро бо ҳисоби 72:41 мағлуб кард.

Соли 1998  силсилаи бозиҳои компютерии "ФИФА" ба фурӯш бароварда шуд.

Рӯзи 27 ноябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1940  Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Бӯстон (Чкаловск) – и вилояти Суғд таъсис ёфт.

 

Кукольный театр, архивное фото
© Sputnik / Владимир Федоренко
Кукольный театр, архивное фото

 

Соли 2013 дар шаҳри Исфара Форуми сармоягузории рушди шаҳри Исфара доир гашт.

День 25 ноября
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли  2013 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии "Хизматрасониҳои давлатӣ: дастрас ва босифат" баргузор гардид.

Соли 2015 дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 тасдиқ гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 23 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2016 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар кори Саммити оби Будапешт ба Венгрия сафар карданд.

Соли  2017 миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон Созишномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2016-2017 ба имзо расид.

Ҷашнҳои рӯзи 27 ноябр

Дар Россия – Рӯзи қӯшунҳои баҳрӣ.
Дар Куба- рӯзи  таърихӣ- Рӯзи бузургдошти донишҷӯёне, ки аз дасти Ҳукумати Испания ҳалок шудаанд.

Рӯзи 27 ноябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Солҳои (1915-1945) – қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Исмат Шарифов.

52
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон