Кормандони дармонгоҳ дар Хуҷанд, акс аз бойгонӣ

Ҳушдор аз КҲФ: ҳаво дар Суғд 41 дараҷа ва дар Хатлон 44 дараҷа гарм мешавад

155
(Таҷдидшуда 18:34 19.07.2017)
Кумитаи авзоъи фавқулода бар пояи додаҳои Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон аз бисёр гарм шудани ҳаво дар кишвар дар 10 рӯзи оянда ҳушдор медиҳад

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Бино бар гузориши Шаҳзода Буттаева, корманди Ситоди авзоъи фавқулодда дар вилояти Суғд, аз 20-ум то 31-уми июл дар бештари қаламрави кишвар ҳаво бисёр гарм хоҳад шуд.

Бино бар додаҳои Созмони ҳавошиносии кишвар, дар ин рӯзҳо ҳаво дар вилояти Суғд 36 — 41 дараҷа ва дар вилояти Хатлон то 44 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Чуноне, ки САФ вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, бо таваҷҷуҳ ба гарм шудани ҳаво дар кӯҳдоманҳо, кӯҳсорон ва кӯҳистонҳои кишвар хатари фурӯ рехтани селу гилшор ва туғёни рӯдҳо дар паи об шудани пиряхҳо пешбинӣ мешавад.

Бино бар ин КАФ мардум ва меҳмонони кишварро ҳушдор медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз сафар дар роҳҳои кӯҳистонӣ, чаронидани чорво дар кӯҳдоманҳо, гаштугузор зери офтоб, шино дар рӯду дарёчаҳо худдорӣ кунанд.

Дар сурати рӯй додани авзоъи фавқулода мардум метавонанд бо шумораҳои (8-34-22)-5-15-55, 93-880-28-57 бо САФ вилояти Суғд тамос бигиранд.

155
Барчаспҳо:
дужомадҳои нобаюсида, ҳавои гарм, ҳушдор, КҲФ, сокинон, Тоҷикистон
Дождь в Душанбе, архивное фото

Ҳушдори ҳавосанҷон аз якбора сард шудани ҳаво дар Тоҷикистон: шамолу тӯфон ва борони сахт

0
(Таҷдидшуда 17:49 26.09.2020)
Сар аз 28 то 30 - юми сентябр ҳаво дар Тоҷикистон ноустувор мешавад. Дар қисмати ҷанубии кишвар тӯфони пурчанг мешавад ва ҳамзамон шамоли сахт ва боронгарии зиёд хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз бад шудани ҳавои Тоҷикистон дар ҳафтаи оянда ҳушдор медиҳад.

Кумитаи мазкур бо такя ба маълумоти Агентии обуҳавошиносони кишвар хабар медиҳад, ки аз 28 то 30-уми сентябри соли равон коҳиши ногаҳонии дамои ҳаво пешбинӣ мешавад.

Дар минтақҳои ҷудогона боронҳои кутоҳмуддат ва дар баъзе ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ боришоти пуршиддат дар назар дошта шудааст. Дамои ҳаво рӯзона 6-8 дараҷа коҳиш меёбад, шамоли сахт (то 12-17 м/с) мевазад, дар қисмати ҷанубии кишвар тӯфони пурчанг пешбинӣ мешавад.

Обу ҳаво: эҳтимоли омадани сел дар Ишкошим, Шуғнон ва Ванҷ

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз аҳолии кишвар хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳо дар роҳандозии корҳои саҳро эҳтиёткор бошанд.

КҲФ ба ронандаҳо ва алоқамандони кӯҳгардӣ, сайёҳони кӯҳгард ёдовар мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ҷиддан қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро риоя кунанд, ҳамчунин риояи масофа як шарти аслии ҳаракат дар роҳҳои кӯҳист, ки хавфу хатарҳоро кам мекунад.

0
Барчаспҳо:
тӯфон, шамоли сахт, борон, Тоҷикистон
Ҳунармандм мардумии Тоҷикистон Сурайё Қосимова

"Интихоби дуруст:" Талабшо Муқимов дар бораи издивоҷи Сурайё Қосимова

82
(Таҷдидшуда 17:34 26.09.2020)
Рӯзноманигори машҳури тоҷики муқими Амрико Талабшо Муқимов издивоҷи примаддонаи саҳнаи тоҷик Сурайё Қосимоваро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 26 сен - Sputnik. Талабшо Муқимов рӯзноманигори шинохтаи тоҷики муқими Амрико мегӯяд, мардуми сайёра ба космос сафар мекунанд, вале вазифаи бархеҳо ғайбату киноя аст.

Ӯ издивоҷи примаддонаи саҳнаи тоҷик Сурайё Қосимоваро бо Пӯлод Шаропов шарҳ дода, навиштааст, ки Сурайё Қосимова ҳамеша интихоби дуруст дорад.

"Касе метавонад, ки худро хушбахтару ободтар кунад Ошаш шавад! Агар 200 сола бошиву бо сини 20 никохи халол басти бозхам ош шавад! Ишқ сарҳад надорад! Вазифаи дустдоштаи баъзе нафарон ғайбат, бахилӣ ва хандаҳои бемазмун аст... Мардуми дунё ба Космос сафар доранд ва дар дигар сайёрҳо зиндагӣ ва корҳои илмӣ пеш мебаранд. Мо устои пеши пеши "Комментария". Пеш аз мухокимаи нафаре ҳар акас аз худ аввал пурсад, ки акалан қутии гургирд "спичка" сохта метавонад ё не?. Сурайё Қосимова - Ҳунарманди нотакрор, зани бисёр зебо ва инсони беҳад нексиришт аст! Ҳамеша ақли комил ва интихоби дуруст дорад!", - навиштааст талабшо зери акси якҷоя бо хонум Сурайё Қосимова.

Ёдрас мешавем, ки никоҳи ин бонуи ҳунар бо Пӯлод Шаропов, ки аз ҷиҳати синну сол аз ҳам фарқияти зиёд доранд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсу мунозираҳои зиёдеро барангехт. 

Нафаре аз доираҳои наздики Шабнами Сурайё, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҷавон чанд сол ошиқи ҳунарманд буд.

"Дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, ки гӯё ҷавон барои пулу моли хонум Сурайё ӯро ба занӣ гирифтааст. Дурӯғи маҳз аст! Ҳаминро метавонам гӯям, ки ӯ солҳо боз ошиқи Сурайё Қосимова буд ва худаш ҳам марди доро аст", - изҳор дошт манбаъ.

Издивоҷи Сурайё Қосимова бо ҷавони 32-сола - навори никоҳ корбаронро "шӯронид"

Аммо нафароне низ пайдо шудаанд, ки дахолати дигаронро ба ҳаёти шахсии ҳунарманд танқид карда, ба навхонадорон хушбахтӣ тамано кардаанд.

82
Барчаспҳо:
интихоб, Сурайё Қосим, издивоҷ