Билети ҳарбӣ, акс аз бойгонӣ

Корманди Комиссариати ҳарбӣ ба иттиҳоми ришваситонӣ боздошт шуд

80
(Таҷдидшуда 13:14 21.07.2017)
Исматулло Ғайратов, сардори зершуъбаи дувуми Комиссариати низомии ноҳияи Ҳамадонӣ ба иттиҳоми ришваситонӣ боздошт шуд

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Бино бар гузориши Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон, дар ноҳияи Ҳамадонӣ корманди Комиссариати низомӣ Исматулло Ғайратов ба иттиҳоми ришваситонӣ боздошт шудааст.

Тавре дар гузориш қайд мешавад, аз ӯ ба ожонс шикоят расидааст.

Марде аз корманди калонтарии низомӣ шикоят бурдааст, ки вай барои омода кардани билети низомӣ 1 600 сомонӣ гирифта, гуфтааст 2800 сомонии дигар диҳад.

Тавре оҷонсӣ қайд мекунад, дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ Исматулло Ғайратов ҳангоми гирифтани 2 800 сомнӣ дастгир шуда, нисбати вай тибқи моддаи моддаи 247 қисми 2 бандҳои "в,г" КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст ва тафтишот идома дорад. 

80
Барчаспҳо:
ришваситонӣ, корманди ҳарбӣ, Тоҷикистон
Мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Чон Се Гюн

Аз муҳоҷирати корӣ то тиҷорат: сарвазири Корея ба вазири тоҷик чӣ ваъда дод?

5
(Таҷдидшуда 10:41 27.11.2020)
Ахиран дар ҳошияи сафари расмӣ вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Чон Се Гюн баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои вазорати хориҷаи Тоҷикистон, зимни мулоқот Сироҷиддин Муҳриддин таъкид доштааст, ки ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Корея, аз ҷумла дар чорчӯби Форуми ҳамкории “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея” ва дигар абзорҳои ҳамкории минтақавӣ барои Тоҷикистон аҳамияти вижа дорад.

“Тоҷикистон Форумро ҳамчун як василаи муҳими рушд ва таҳкими шарокат байни кишварҳои узви он арзёбӣ мекунад”, - зикр кардааст вазир.

Гуфта шудааст, ки дар идомаи суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи тавофуқоти дар доираи сафарҳои сатҳи олӣ бадастомада, танзими чорабиниҳои муштарак дар сиғаҳои гуногун, имзои санадҳои нави дуҷониба, густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва илмию техникии ду кишвар, тавсеаи муносибатҳои байнипарлумонӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноату энергетика, фарҳангу гардишгарӣ ва муҳоҷирати кориро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Вазорати хориҷа таъкид кардааст, ки инчунин зимни мулоқот, дигар масъалаҳои марбут ба тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея дар чорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва ҳамкории ду кишвар дар соҳаи мубориза бо ҳамагирии Ковид-19 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон дар ҳошияи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо раиси Кумитаи робитаҳои байналмилалии Парлумони Корея Сонг Ёнг Гил дидору мулоқот кард. 

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо тақвияти ҳамкории байнипарлумонӣ, ҳамзамон тиҷоратию иқтисодӣ, саноат, гидроэнергетика, маъдан ва фарҳангу гуманитариро муҳим арзёбӣ намуданд.

5
Барчаспҳо:
сафар, вохӯрӣ, мулоқот, дидор, Корея, Тоҷикистон

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

113
(Таҷдидшуда 10:32 27.11.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз, 27 ноябр эълон кардааст

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1487  сомонӣ нишон дода шудааст.

Уфти рекордии рублу ҷаҳиши доллар: Бонки миллӣ арзиши асъори хориҷиро эълон кард

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3000 то 11.3300  сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 13.4425 то 13.6000  сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0.1487 то 0.1510  сомонӣ муқаррар шудааст.

Ҳамин тавр, Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 11.3000 сомонӣ, 1 евро – 13.4425сомонӣ, 1 рубли русӣ — 0.1487 сомонӣ.

Пешгӯии коршиносон: қурби доллар ва рубл дар ноябр чанд хоҳад буд?

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

113
Барчаспҳо:
доллар, сомонӣ, рубл, қурби асъор, Тоҷикистон