Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Арманистон

Супориши Сироҷиддин Аслов ҷиҳати сафарҳои расмии Эмомалӣ Раҳмон

258
(Таҷдидшуда 15:54 22.07.2017)
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ҷаласаи ҳайъати мушовараи вазоратро баргузор карда, фаъолияти ниҳодро давоми 6 моҳ баррасӣ кард ва ба масъулин супоришҳои мушаххас дод

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik.  Чанде пеш  Ҳайати Мушовараи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Ҳайати Мушовара, Вазири умури хориҷа Сироҷидин Аслов баргузор гардид.

Дар он фаъолияти Вазорат дар шаш моҳи соли 2017 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Муовини якуми вазири умури хориҷа Низомиддин Зоҳидӣ роҷеъ ба фаъолияти вазорат дар нимсолаи аввали соли 2017 суханронӣ намуд, сипас ҳисоботи роҳбарони як қатор раёсатҳо низ шунида шуданд.

Вазири корҳои хориҷӣ ҷиҳати анҷоми корҳои лозима барои баргузории чорабиниҳои вобаста ба сафарҳои расмии дар пешистодаи раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хориҷа ва меҳмонони олиқадри кишварҳои хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои мушаххас дод.

Дар анҷом, вазири умури хориҷӣ ҷиҳати тақвият додани низоми кор ва таҳкими фаъолияти намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва дастгоҳи марказӣ  супоришҳои мушаххас дод.

258
Барчаспҳо:
супориш, ҷаласа, Сироҷиддин Аслов, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Маруф Мухаммадзода

Дигар муҳлат нест: дастури Муҳаммадзода, барои барканории раисони бемасъул

58
(Таҷдидшуда 10:19 20.10.2020)
Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд зимни баргузории ҷаласа, аз бемасъулиятии раисони маҳаллаҳо дар бораи пешгирӣ ва мубориза бо бемории COVID-19 изҳори нигаронӣ варзид

ДУШАНБЕ, 20 окт – Sputnik. Муҳаммадзода дар иҷлосияе, ки дар он фаъолияти нуҳ моҳаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Хуҷанд натиҷагирӣ карда мешуд, аз бемасъулиятии раисони маҳаллаҳо ҷиҳати пешгирии бемории коронавирус интиқод кард.

"Давлату ҳукумат ба шумо бовар карда вазифа додааст. Имрӯз вақти он аст, ки ба вазифаатон содиқ бошед, мардумро ҳимоя намоед, барои саломатии мардум чораандешӣ кунед, то мардум аз беморӣ талаф наёбад. Мутаасифона ягон чорабинӣ накардед, ягон ташаббус, ягон пешниҳод нисбати хуруҷи бемории COVID-19 аз ҷониби раисони маҳаллаҳоро надида истодаем. Дар оғоз як ду бор корҳои безарагардониро гузаронидед, дигар ҳоло аз ёди ҳама ин корҳо баромада рафт", - иброз намуд Муҳаммадзода.

Мушкили хуруҷи бемории COVID-19 ва роҳҳои пешгирии он, аз мавзӯъҳои меҳварии ҷаласаи ҳукумати шаҳри Хуҷанд ба ҳисоб мерафт. Ва бино бар таъкиди масъулини иҷлосия, шаҳри Хуҷанд яке аз шаҳрҳои осебпазир аз лиҳози хуруҷи ин беморӣ гардидааст.

Фирӯза Нуруллозода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ дод, ки аз оғози сабти пандемияи каронавирус то имрӯз дар маркази Суғд, 4 ҳазору 650 мавриди сирояти беморӣ қайд шудааст, аз ин шумор 3114 нафар дар Бемористонҳои клиникавӣ, сироятӣ ва таваллудхонаи Хуҷанд табобат гирифта ва 1536 нафар дар зери муоинаи амбулатории духтурон қарор доштанд.

Муовини раиси шаҳри Хуҷанд омори охирини сироятёбӣ ва табобати сокинонро дар ҷаласа ироа намуд.

"Айни ҳол 128 нафар бо сирояти илтиҳоби шадиди шуш дар беморхонаҳо, 64 нафар бо ҳамин гуна ташхиси беморӣ дар табобати амбулаторӣ ва 35 нафар бо аломати COVID-19 зери назорати амбулаторӣ қарор доранд. Аз тарафи духтурони оилавӣ ва кормандони МНДСЭ муоинаи эпидемиологии манбаҳои сироят гузаронида шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди пешгирии роҳҳои сироятёбӣ аз шахси бемор, аъзоёни оила ва дигарон гузаронида шудааст", -  зикр намуд, Нуруллозода.

Ҳарчанд дар ин ҷаласа иттилоъ дар бораи шумори фавт аз беморӣ гуфта нашуд, вале раиси Хуҷанд аз маргумири сокинон нигаронӣ кард ва ба муовинонаш дар барои барканор кардани раисони маҳаллаҳое, ки дар ин самт дуруст карбарӣ накардаанд дастур дод.

"Ин шухӣ нест, ҷони одам рафта истодааст. Талафот шуда истодааст. Раисони маҳалла медонед, кӣ аз кадом кӯча бо кадом сабаб фавтид. Тамом, мо дигар муҳлат дода наметонем, ки як моҳ ё ду моҳ корашро дуруст карда тавонад. Таҳлил мекунетон, ки кадом раиси маҳалла дар ҳамин самт бетарафӣ карда бошаду корро дуруст ба роҳ намондааст, барои ман гузориш медиҳетон, дигар ягон рӯз кор намекунад. Кор мекардагиш кор мекунад, кор намекардагия ба ҷояш дигар кас таъйин карда мешавад. Шахсони масъулро мондан даркор, ки дар ин масъала дуруст корбарӣ кунанд", -  гуфт раиси шаҳри Хуҷанд.

Алҳол дар шаҳри Хуҷанд 22 маҳалла мавҷуд мебошад.

Маъруф Муҳаммадзода аз масъулони шуъба ва бахшҳои кор бо ҷавонон, занон, фаъолони маҳаллаҳо, имомхатибон, омӯзгорон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даъват намуд, ки барои пешгирӣ ва мубориза бо ҳамагири каронавирус чораҳои зарурӣ андешанд.

58
Барчаспҳо:
бемасъулиятӣ, муҳлат, раис, Хуҷанд, Маъруф Муҳаммадзода
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Таджикские сомони и рубли, архивное фото

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

83
(Таҷдидшуда 09:47 20.10.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз, 20 октябр эълон кардааст

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1323 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар  муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.3373 то 10.3400 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Уфти рекордии рублу ҷаҳиши доллар: Бонки миллӣ арзиши асъори хориҷиро эълон кард

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 12.1846 то 12.4000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0.1323 то 0.1350 сомонӣ муқаррар шудааст.

Ҳамин тавр, Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 10.3373 сомонӣ, 1 евро – 12.1846 сомонӣ ва 1 рубли русӣ — 0.1323 сомонӣ.

Дурнамои асъор: иқтисоддонҳо гуфтанд, то соли 2023 бо сомонӣ чӣ хоҳад шуд

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

83
Барчаспҳо:
қурби асъор, евро, доллар, арзиш, Тоҷикистон