Бозори Панҷшанбе дар Хуҷанд, акс аз бойгонӣ

"Холаҳо"-и савдогарро шаҳрдории Душанбе аз пардохти чек озод кард

182
(Таҷдидшуда 11:48 26.07.2017)
Майдафурушоне, ки назди бозорҳо ба тиҷорат машғул мешаванд, аз пардохти чекпулӣ озод шудаанд

ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Дастфурӯшоне, ки назди бозорҳои пойтахт ба савдо машғул мешаванд, аз пардохти чек озод шудаанд. Дар ин бора ноиби якуми раиси шаҳри Душанбе, Маҳмадсаид Зувайзода дар рафти нишасти расонаӣ ба рӯзноманигорон хабар додааст.

Ба гуфтаи ноиби аввал, ин иқдом ба наздикӣ роҳандозӣ шуда, дар ин бора роҳбарияти шаҳрдории Душанбе ба масъулин супориш додааст.

Вай афзудааст, холаҳои майдафурушро борҳо хоҳиш кардаанд, ки бидуни пардохти чек дар дохили бозор савдо кунанд, аммо онҳо то ҳол дар берун тиҷорат мекунанд.

Зувайзода илова намудааст, ки мақсад доранд дар сари роҳ савдо кардани фурушандаҳоро аз байн баранд, аммо дар ин корӣ намехоҳанд ба зӯрӣ даст занад.

"Намешавад, ки мо тамоми корамонро партоему ҳамон ду холаро пеш кунем. Мо тавсия дода истодаем, оҳиста-оҳиста ин мушкил ҳал мешавад. Набояд дар ин масъала аз зӯр кор бигирем",- гуфтааст вай.

182
Барчаспҳо:
майдафурӯшӣ, тиҷорат, бозор, Тоҷикистон
Сотрудники ФСБ РФ во время задержания гражданина одной из Центрально-азиатских республик

Боздошти ҷавони 22 сола дар пойтахт барои ташкили фоҳишахона

11
(Таҷдидшуда 11:43 25.01.2021)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ҷавони 22 сола дар пойтахт барои ташкили фоҳишахона хабар дод

ДУШАНБЕ, 25 янв— Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон,  ҷавони мазкур дар хонаи иҷорагирифтааш фоҳишахона ташкил карда, аз марду зане, ки ба хонаи ӯ барои алоқаи ҷинсӣ меомаданд 150 сомонӣ мукофотпулӣ мегирифтааст. 

Тибқи иттилои манбаъ зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.

Гуфта шудааст, ки номбурда, дар хонаи иҷорагирифтааш, воқеъ дар кӯчаи Сино ба ҷавони 24 ва зани 35-соли сокинони шаҳрҳои Турсунзода ва Душанбе барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит муҳайё намуда, аз онҳо 150 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

Дар ҳоли ҳозир, аз рӯи ҳодиса мазкур тафтишот идома дорад.

Ёдрас мешавем, ки тибқи қонуни нави Тоҷикистон шахсоне, ки ба ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, инчунин даллагӣ машғул мебошанд, аз ҳуқуқи падарӣ ва модарӣ маҳрум мегарданд.

11
Барчаспҳо:
ҷавон, Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, боздошт, фоҳишахона, Тоҷикистон
Первый вице-премьер Таджикистана Давлатали Саид, архивное фото

Норасоиҳоро бартараф кунед: супориши Давлаталӣ Саид ба роҳбарони МОИ

96
(Таҷдидшуда 11:54 25.01.2021)
Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон таъкид доштааст, ки мақсади асосӣ аз таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ - ин зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда мебошад

ДУШАНБЕ, 25 янв— Sputnik.  Ахиран дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, ки ҳамзамон раиси Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон мебошад, ҷаласаи навбатии Шӯрои мазкур бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбута баргузор гардид.

Ба нақл аз АМИТ “Ховар” дар ҷаласа ҳисоботи котиби масъули Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ — муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо вобаста ба иҷрои қарорҳои ҷаласаҳои пештараи Шӯрои нозирон ва роҳбарони МОИ-и “Суғд”, “Данғара”, “Панҷ”, “Ишкошим” ва “Кӯлоб” шунида шуд.

Давлаталӣ Саид, муовини якуми Сарвазир дар ин ҷаласа таъкид доштааст, ки мақсади асосӣ аз таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ- ин зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда мебошад.

Давлаталӣ Саид ба ҳар камбудиву норасоиҳои ҷойдоштаи дар ҳар  як минтақаи озоди иқтисодӣ таъкид карда, ба роҳбарони минтақаҳои озоди иқтисодӣ вобаста ба бартараф намудани норасоиҳо, тақвият додани фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, ҷалби сармоя, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунӣ ва содирот намудани онҳо ба хориҷи мамлакат супоришҳои қатъӣ дод.

Гуфта шудааст, ки аз натиҷаи ҷаласа қарорҳои Шӯрои нозирон бо санади дахлдор қабул гардиданд.

96
Барчаспҳо:
Давлаталӣ Саид, содирот, истеҳсол, таъсис, Минтақаҳои озоди иқтисодӣ, Тоҷикистон