Марҳамат акс гиред: дар пойтахти Тоҷикистон лавҳаи "I love Dushanbe" пайдо шуд

© Фото : Аз бойгонии Беҳрӯз ЗеваровЛавҳаи "Душанбе дӯстат дорам"
Лавҳаи Душанбе дӯстат дорам - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар бештари шаҳрҳои ҷаҳон чунин лавҳа макони аксбардории гардишгарону меҳмонон ва шаҳриён аст

ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Дар пойтахти Тоҷикистон лавҳаи "I love Dushanbe" (Ман Душанберо дӯст медорам) пайдо шуд.

Ин лавҳа таҷассумгари муҳаббати инсонҳо ба шаҳри Душанбе мебошад. Интизор меравад, ки лавҳа ба макони аксбардорӣ чун хотирае аз пойтахти Тоҷҷикистон барои гардишгарон ва макони сайру гашт барои бошандагони пойтахт хоҳад шуд.

Маросими ифтитоҳи ин лавҳа шоми 24 июл баргузор шуд. Ин макони зебо дар майдони назди Маҷмааи "Диёри Душанбе" дар иҳотаи фаввораҳои рангин ҷойгир шудааст.

 

Лавҳа бо ҳуруфи сафеди инглисӣ ва дили сурх оро дода шудааст.

Интизор меравад, ки ин макон яке аз ҷойҳои маъруф ва дӯстдоштаи сокинон ва сайёҳону ҷавонон гардад.

Лавҳаи "I love Dushanbe" аз ҷониби ширкати "Қатар-Диёр-Тоҷикистон" омода шудааст.

Лентаи хабарҳо
0